Сти́вен Уи́лям Ҳо́кинг (англ. Stephen William Hawking, 8 январи 1942, Оксфорд, Британияи Кабир — 14 марти 2018, Кембриҷ, Британияи Кабир) — физикдони назарӣ, кайҳоншиноси англис ва мураввиҷи илми оммаписанд. Мудири таҳқиқоти Маркази кайҳоншиносии назарӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ[18][19], ки корҳои илмиаш собиқаи беш аз чиҳил сол дорад. Китобҳо ва ҳамоишҳояш, ӯро ба як чеҳраи маҳбуб табдил кардааст. Ӯ узви Ҷомеаи салтанати ҳунар ва узви собити Ҷомеаи усқуфони донишманд аст.

Стивен Уилям Ҳокинг
Stephen William Hawking
Стивен Хокинг дар НАСА, солҳои 1980
Стивен Хокинг дар НАСА, солҳои 1980
Таърихи таваллуд 8 январ 1942(1942-01-08)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 март 2018(2018-03-14)[4][5][6][…] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ нисбияти ом, гарониши квонтумӣ[d], физики назарӣ[d][10], кайҳоншиносӣ, applied mathematics[d][10], Коинот[10] ва вартаи сиёҳ[10]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: коршиноси ҳунар[d] (1962) ва докторӣ[d] (1 март 1966)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Dennis W. Sciama[d]
Ҷоизаҳо
Order of the British Empire Commander of the Order of the British Empire Order of the Companions of Honour Presidential Medal of Freedom

Albert Einstein Medal[d] (1979)

Wolf Prize in Physics[d] (1988)

Copley Medal

Special Breakthrough Prize in Fundamental Physics[d] (2013)

Companion of Honour

Eddington Medal[d] (1975)

Медали тилои Анҷумани салотини ахатршиносон

Naylor Prize and Lectureship[d] (1999)

Oskar Klein Medal[d] (2003)

Hughes Medal[d] (1976)

Royal Society Science Books Prize[d] (2002)

Albert Medal[d] (1999)

Michelson–Morley Award[d] (2003)

Fonseca Prize[d] (2008)

Pius XI Medal[d] (17 апрел 1975)

Maxwell Medal and Prize[d] (1976)

IOP Dirac Medal[d] (1987)

Adams Prize[d] (1966)

Andrew Gemant Award[d] (1998)

The James Smithson Bicentennial Medal[d] (2005)

NSS Robert A. Heinlein Memorial Award[d] (2012)

Princess of Asturias Award for Concord

доктори фахрии Донишгоҳи Ҳарвард[d] (1990)

доктори фахрии Донишгоҳи Оксфорд[d] (1978)

Marcel Grossmann Award[d] (июни 1991)

Franklin Medal[d] (1981)

BBVA Foundation Frontiers of Knowledge Award[d] (2015)

Bodley Medal[d] (2015)

Gold medal of the Spanish National Research Council[d] (1989)

Albert Einstein Award[d] (1978)

Fellow of the Royal Society of Arts[d]

доктори фахрии Донишгоҳи Принстон[d]

доктори фахрии Донишгоҳи Кембриҷ[d] (1989)

Dannie Heineman Prize for Mathematical Physics[d] (1976, 1976)

Lilienfeld Prize[d] (1999, 1999)

Princess of Asturias Awards

Breakthrough Prize in Fundamental Physics[d]

ҳамкори Анҷумани салатанатӣ[d] (1974)

Member of the National Academy of Sciences of the United States[d] (1992)

Вебгоҳ hawking.org.uk(англ.)
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Стивен Ҳокинг 8 январи 1942 дар шаҳри Оксфорд дар хонаводаи Френк ва Изобел Ҳокинг ба дунё омадааст[20][21][22]. Стивен дар рӯзҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум ба дунё омад. Хонаи волидайни вай дар Ҳоигият дар шимоли Лондон воқеъ буд. Френк ва Изобел Ҳокинг барои итминон ёфтан аз таваллуди бидуни хатар ва солими нахустин фарзандшон тасмим гирифтанд, ки пеш аз ба дунё омадани ӯ муваққатан ба Оксфорд бираванд. Изобел дар Оксфорд писарашро ба саломат ба дунё овард.

Стивен аз ҳамонзамон ба илми риёзиёт алоқа дошт ва орзуи донишманд шуданро дар сар мепарварид, аммо дар мадраса як шогирд худсар ва ба хусус бадхат шинохта мешуд.

Ӯ ҳаргиз худро дар маҳдудаи китобҳои дарсӣ побанд намекард, балки чун бо мутолиоти озод сатҳи маълумоташ аз синфи болотар буд ҳамеша саъй дошт дар китобҳои дарсӣ иштибоҳотеро ёфта ва бо муаллимон ба ҷарру баҳс бипардозад. Падар ва модараш аз табақаи мутавассит буданд ва зиндагии сода дар хонае номуназзам ва фарсуда, аммо пур аз китоб, одат ба мутолиаро дар фарзандонашон тақвият мекард. Фаронк падари хонавода пизишки мутахассис дар бемориҳои манотиқи гармсерӣ буд ва ба ҳамин ҷиҳат ниме аз солро ба сафарҳои пажӯҳишӣ дар минтақаҳои Африқо мегузаронд. Ин набуданҳои бардавом барои бачаҳо чунон одӣ шуда буд, ки тасаввур мекарданд ҳама падарҳо чунин вазъе доранд. Дар айни ҳол набуданҳои падар навъе истиқлоли амал ва эътимод ба нафс дар бачаҳо эҷод мекард[23].

Дар синни ҳаштсолагӣ, Ҳоукинг ва хонаводааш ба шаҳри Сент-Олбанс, шаҳре дар 32 километрии шимоли Лондон рафтанд. Стивен дар онҷо ба беҳтарин мадрасаи маҳаллӣ рафт ва аз ҳамон оғоз, нубуғи худро нишон дод[24].

Стивен ба улуми табиӣ алоқаманд шуд ва ҳатто як озмоишгоҳи илми дар хона доир кард. Истеъдоди пинҳони вай ба як такон ва зарба ниёз дошт то худро ошкор кунад. Ин иттифоқ дар шонздаҳсолагии ӯ афтод, ки дарҳол омода шудан барои имтиҳоноти Эй-левел (A-Level) буд.

Беморӣ

вироиш

Стивен Ҳокинг дар соли 1963 ба бемории «склерози ҷонибии амиотрофӣ» ё хоби андом мубтало шуд ва тавоноии ҳаракат додани андомҳои худ ва ҳатто сухан гуфтанро аз даст дод.

Идомаи зиндагии вай аз дидгоҳи пизишкон як шигифте ба ҳисоб меомад, зеро афроди мубтало ба ин бемории хос маъмулан пас аз муддати кӯтоҳе фавт мекунанд. Ин беморӣ рафта рафта тамоми бадани ӯро дар бар гирифт. Бо ин ҳоли маълулияти шадид вай монеъе барои талош ва кӯшиш дар ростои фарогирӣ ва пешбурди илм набуд. Алорағми маълулияти шадид, вай муваффақ ба касби ҷоизаҳои илмии мухталифе шуд.

Даргузашт

вироиш

Стивен Ҳокинг субҳи рӯзи 14 марти 2018 дар синни 76 солагӣ дар манзилаш воқеъ дар Кембриҷ даргузашт. Фарзандонаш ҷиҳати бузургдошти ӯ баёнияе мунташир карданд[25].

Китобшиносӣ

вироиш
(ба забони русӣ)

Филмшиносӣ

вироиш
  1. Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  2. Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  3. Stephen Hawking dies aged 76 (ингл.)BBC, 2018.
  4. Stephen Hawking dies aged 76 (ингл.брит)BBC, 2018.
  5. Stephen Hawking, modern cosmology's brightest star, dies aged 76 (ингл.брит)The Guardian, 2018. — ISSN 0261-3077
  6. ಕಪ್ಪು ಕುಳಿಗಳ ರಹಸ್ಯ ಬೇಧಿಸಿದ್ದ ವಿಜ್ಞಾನಿ ಸ್ಟೀಫನ್ ಹಾಕಿಂಗ್ ಇನ್ನಿಲ್ಲ (каннада)
  7. 7.0 7.1 7.2 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
  8. editor I. S. S. Stephen Hawking, modern cosmology's brightest star, dies aged 76 (ингл.брит)The Guardian, 2018. — ISSN 0261-3077
  9. Stephen Hawking op jeugdliteratuur.org — 2017.
  10. 10.0 10.1 10.2 10.3 Чешская национальная авторитетная база данных
  11. 11.0 11.1 Professor Stephen HawkingДонишгоҳи Кембриҷ.
  12. Physicist Stephen Hawking accepts post at Waterloo instituteToronto Star, 2008.
  13. Hawking gives up academic title (ингл.брит) — 2009.
  14. People | Department of Applied Mathematics and Theoretical Physics
  15. Montenegro A. ORCID Public Data File 2023 — 2023. — doi:10.23640/07243.24204912.V1
  16. Hawking S. Properties of expanding universes (ингл.) — 1966. — 117 p. — doi:10.17863/CAM.11283
  17. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  18. Centre for Theoretical Cosmology: Outreach Stephen Hawking. Ctc.cam.ac.uk. 23 июни 2013 санҷида шуд.
  19. About Stephen – Stephen Hawking. Stephen Hawking Official Website. 23 июни 2013 санҷида шуд.
  20. Mind over matter Stephen Hawking. Herald Scotland.
  21. Larsen, 2005, pp. xiii, 2.
  22. Ferguson, 2011, p. 21.
  23. Ирфон Акбарӣ. Зиндагиномаи Стивен Ҳокинг (Эйнштейни дуввум)(форсӣ). www.webcitation.org. WebCite query result. 14 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 октябри 2018.
  24. Зиндагиномаи Ствен Ҳокинг(форсӣ). Донишномаи Рушд. Шабакаи миллии мадорис. 14 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 сентябри 2019.
  25. Stephen Hawking dies aged 76(англ.), BBC News (14 March 2018). Проверено 14 марти 2018.

Пайвандҳо

вироиш