Султоналии Қоинӣ (? — 1508) — хаттот ва шоири форс-тоҷик, аз котибони Ҳусайни Бойқаро ва шогирди Азҳари Табрезӣ.

Султоналии Қоинӣ
Таърихи даргузашт: 1508[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Аввал дар Табрез зиста, вазифаи котибии дарбори Султон Яъқуби Оққуюнлуро ба ӯҳда дошт. Пас аз марги Яъқуб хизмати дарбори Рустами Оққуюнлуро адо кардааст. Аз Табрез муддате ба Ҳиҷоз меравад ва аз он ҷо ба Ҳирот сафар карда, ба дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро роҳ меёбад ва баъзе аз китобати худро «Султони» имзо мекунад. Султоналии Қоинӣ бештар осори Абдурраҳмони Ҷомиро китобат мекард. Дар навиштани хати настаълиқ, насх ва риқоъ моҳир буд. Ин анвои хатро ба услуби Азҳари Табрезӣ менавишт. Султоналии Қоинӣ шеър низ мегуфт, намунаҳои ашъораш бо хати худи ӯ боқӣ мондаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Султоналии Қоинӣ / И. Калонов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).