Султон Умаров
Умаров Султон Умарович (24 августи 1908, Хуҷанд — 6 майи 1964, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — физикдон, номзади илмҳои физикаву математика (1936), доктори илмҳои физика ва математика (1948), профессор (1949). Академики Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон (1943), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1957, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон(1957—1964).
Умаров Султон Умарович | |
Таърихи таваллуд | 24 август 1908 |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 6 май 1964 (55 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физик |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, Институти омӯзгории Тошкент, Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, Шӯрои Вазирони ҶШС ӯзбекистон, Шуъбаи физикаи назариявӣ, Институти физикаву техникаи АИ ҶШС Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва АИ ҶШС Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | академики АИҶТ |
Алма-матер | Академияи омӯзгории Самарқанд |
Ҷоизаҳо |
медалҳои «Барои меҳнати шоиста», «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», |
Зиндагинома
вироишАкадемияи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст (1930), ихтисос — «физика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физикаи релетивистии статистикӣ ва назарияи кинетики газҳо, назарияи нисбат, электроникаи физикӣ ва физикаи нимноқилҳо, физикаи амалӣ.
- дотсенти Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (1936—1941),
- муовини директор, директори Институти омӯзгории Тошкент (1941—1942),
- ректори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1942; 1945—1950),
- муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС ӯзбекистон (1942—1945).
- мудири Шуъбаи физикаи назариявӣ (1950—1956),
- директори Институти физикаву техникаи АИ ҶШС Ӯзбекистон (1956—1957).
- мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва мудири Шуъбаи физика ва математика ва Президенти АИ ҶШС Тоҷикистон(1957—1964).
Фаъолияти илмӣ
вироишАз ташкилотчиёни намоёни илм дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вале қабл аз ҳама донишманди барҷастаи физика мебошад. Оид ба физикаи ядро, электроникаи физикӣ, механикаи статистикӣ, назарияи асбобҳои нимноқилӣ, инчунин фалсафаи табиатшиносӣ таҳқиқоти судманд анҷом бахшидааст. Назарияаш мавриди қонуниятҳои нам-кашии пахта ва таъсири оби фурӯбурдашуда ба хосияти электрикгузаронии нахҳои он аҳамияти калони илмию амалӣ касб карда, бар асоси он асбоби ҳассоси намисанҷ сохта шуд. Бо заҳматаш назарияи робитаи нимноқил-металл барои дараҷаи ҳархелаи иониизоникии атомҳои бегона (ба истилоҳ омехтаҳо) мавриди ҷамъбандӣ қарор гирифта, аз он хулосаҳои нави илмӣ бароварда шудаанд. Таҳти сарвариаш дар лаборатория назарияи феноменологии гармию электргузаронии нимноқилҳо барои ҳолати «тафсиш»-и гази электронӣ таҳия гардид, ки дар чаҳорчӯби назария мазмуну маънии нав пайдо шуд. Пажӯҳишаш бобати масоили мухталифи электроникаи физикӣ ва назарияи асбобҳои нимноқилӣ низ қобили қайд аст. Онҳо корҳои ҳаммазмуни қаблан анҷомдодаи дигар олимони соҳаро пурратар ва мукаммалтар гардонданд. Ковишаш оид ба фалсафаи табиатшиносӣ ва таърихи илм (хоса осори Ибни Сино) шоистаи таҳсин аст.
Осор
вироиш- Узбекистонда олий билим. — Ташкент, 1949;
- Атом энергияси ва унинг аҳамияти. — Ташкент, 1955;
- Атом ядро энергияси. — Ташкент, 1955;
- Дӯстии абадӣ. Ба халқи кабири Хитой. — Сталинобод, 1957;
- Дӯстии абадӣ. — Сталинобод, 1958;
- Инкишофи илм дар Тоҷикистон. — Сталинобод, 1958;
- Ленин и развитие современной физики. — Д., 1960;
- Расцвет науки в Таджикистане. — Сталинабад, 1960;
- Развитие науки в республиках Средней Азии и Казахстане. — Д., 1962;
- Наука в экономике и быте таджиков. — Женева, 1963 (русӣ, англисӣ, фаронсавӣ);
- Атом ядро энергияси. — Тошканд, 1965;
- Избранные труды. — Ташкент, 1978.
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо ордени Ленин,
- ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- медалҳои «Барои меҳнати шоиста»,
- «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» тақдир шудааст.[1]
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Султон Умарович Умаров. Библиография. — Д., 1965;
- Турсунов А. Марди некфарҷом. — Д., 1967;
- Султон Умарович Умаров (воспоминания соратников, учеников и друзей). — Д., 1996;
- Ғаффоров У. Академик Султон Умаров. — Х., 2015.