Шумон

(Тағйири масир аз Сумана)

Шумон (форсӣ: شومان‎), Сумон (форсӣ: سومان‎) — яке аз қадимтарин шаҳр ва вилояти таърихию мадание, ки дар ҳудуди ҳозираи водии Ҳисори Тоҷикистон воқеъ буд.

Маҳалли аҳолинишин
Шумон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Таърих вироиш

Одамон дар Шумон ҳанӯз дар давраи асри санг маскун будаанд Бостоншиносон нишонаҳои онро дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои Ҳайгула, Чимқӯрғон ва Тухма ошкор кардаанд. Шумон асрҳои IV—II то м. дар ҳайати давлати юнонии Бохтар, асрҳои I то м. — IV м. дар ҳайати давлати Кушониён буд. Дар давраи Кушониён маркази Шумон шаҳри Ҳамоварон буд, ки масоҳати он тақрибан 350 га-ро ташкил медод. Дар Шумони давраи атиқа меъморӣ хеле тараққӣ карда буд. Биноҳои сангини пурнақшу нигор бар санъати баланди меъморони Шумон далолат мекунанд. То ҳуҷуми арабҳо ба Мовароуннаҳр дини асосии шумониён зардуштия буд. Дар вил. Шумон баробари зардуштия буддоия низ нуфуз дошт. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ дар ҳудуди водии Ҳисор буддоия кашф гардид Мардуми Шумон ба забони бохтарӣ гап мезаданд. Вале ҳудуди онро то ҳол аниқ накардаанд. Тахмин меравад, ки ҳавзаи дарёҳои Хонақоҳ ва Варзоб ба Шумон дохил буда, дарёи Кофарниҳон сарҳади шарқии онро ташкил мекардааст. Соҳили рости дарёи Кофарниҳон (аз Эсанбой то Симиганҷ) ба Шумон дохил мешуд. Ибтидои асри VIII Шумонро арабҳо истило карданд. Дар асрҳои IX—X Шумон дар ҳайати давлати Сомониён буд. умон, Ҳамоварон, Аҳорун, Регар (Регдашт), Зинур ва Сиём шаҳрҳои асосии вилояти Шумон буданд.

Вожаи Шумон ё Саман вироиш

Кӯҳи қисмати шимолии Кумедро «Суман» ё «Сумана» мегуфтаанд. Маънои номи кӯҳи Суман ё Суманаро дар асарҳои санскритӣ зебо, нозанин, дилрабо, ёсуман (номи гул), ҳусн, доно, болидарӯҳ, хурсанд, некӯ, шодмон, зебочеҳра, хушбахт, некӣ, шинохташаванда, пиндори нек ва ғайра маънидод кардаанд. Аз ин ҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки вожаи Шумон ва ё Шуман дар натиҷаи таҳавуллоти андаки овозӣ аз номи кӯҳи мулкро иҳотакарда пайдо шудааст ва дар давраҳои баъд, дар вақти пайдо гаштани дини зардуштӣ ба китоби муқаддаси аҷдодонамон "Авесто"дохил шудааст. Дар қисмати «Занд-позанд»-и «Авесто» Шумон ҳамчун мулк зикр шудааст.

Ин вожа дар сафарномаи сайёҳи Чин Сюан Тсзан, ки дар асри VII милодӣ дар ин ҷо будааст, шакли «Суман» (бо шакли талаффузи чинӣ ва чуноне ки дидем айнан) омадааст. Ӯ масоҳати мулки Шумонро аз ғарб то шарқ чоррӯза ва аз ҷануб то шимол якрӯза роҳи сафар донистааст. Дар пойтахти мулк будани ду дайри буддоиро низ ӯ қайд кардааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ калимаи «Сумон» дарҷ шудааст. Муаллифи номаълуми «Ҳудуд–ул–олам» дар асри X Шумонро чунин тасвир кардааст: «Шумон шаҳрест устувор ва ба барокӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург ва аз вай заъфарон хезад бисёр». Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки дар асри X ҳанӯз ин мулкро бо номи Шумон мешинохтаанд. Пайдоиши вожаи «Ҳисор» ва минбаъд ба номи мулку мулкдорӣ ва дар давраи муайяне ба мамлакатдорӣ табдил гаштани он ба вожаи қадимаи «Шумон» бевосита алоқаманд аст. Ба андешаи мо калимаи «Ҳисор» тарҷумаи айнии вожаи «Шумон» ба забони арабӣ буда, маънояш қалъа, иҳоташуда, ҷойи мустаҳкам, девори даври қалъа мебошад. Таърихи номи арабии Ҳисор гирифтани Шумон чунин аст: Арабҳои бодиянишин овозаи сарсабзу хуррам будан ва аз чор қисматаш ҷорӣ шудани чор рӯдхонаи мусаффоро шунида, орзу мекунанд, ки то зудтар ин мавзеъро забт намоянд. Вақте ки дар авали асри У111 диёри Шумонро забт менамоянд, дар ҳақиқат мебинанд, ки ин сарзамин макони биҳиштосо ва аз чор тарафаш дар ҳисор (яъне дар иҳотаи кӯҳҳо) аст, фарёд мекашанд: — Мо ба Ҳисор расидем! Аз ҳамин давра номи паҳлавии Шумон ба номи арабии Ҳисор табдил меёбад.[1] Набояд аз назар дур кунем, ки атрофи водии Ҳисорро кӯҳҳо гирд иҳота кардаанд ва ин ҳам то андозае маънои калимаро пурра мекунад. Дар адабиёти адабӣ, илмӣ ва таърихӣ ин калима ба маънои номи мулк аз асрҳои XI маълум мебошад. Хулосаи муҳим он аст, ки дар забони форсии қадим маскунгоҳҳои офтобрас ё баландиҳои доимо аз нури хуршед равшани тарафи шарқро Ҳисор мегуфтаанд. Ғайр аз ин, калимаи «Ҳисор» яқин тарҷумаи калимаи «Шумон» аст. Шумон дар забони авастоӣ маънои баландӣ, баландии пешониро доштааст. Ҷойгиршавии қалъаи Ҳисор дар баландӣ ва дар иҳотаи кӯҳҳои девормонанди ин мулк боиси пайдо гаштани ин калима шудааст.[2]

Бисёр мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва давлатҳо аз мавқеи ҷой гирифтаашон ном пайдо кардаанд ва Шумону Ҳисор ҳам аз ин истисно нест. Беҳуда нест, ки вожаи Ҳисор бо маънои таърихӣ, табиӣ сукунатгоҳи дар самти офтобрас ва атрофашро кӯҳҳо иҳота кардаю дар баландӣ ҷой гирифта дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар Афғонистону Эрон, дар Македонияву Булғория ва дар кишвари Осетияи ҷанубӣ, хулоса дар 50 мавзеи олам мавҷуд аст. Ҳатто киштии ҳарбие дар Камчаткаи Русия номи Ҳисор (Гиссар)-ро дорад. Гарчи вожаи «Шумон» баъди истилои араб ба лафзи арабӣ тарҷума шуда, шакли «Ҳисор»-ро мегирад, аммо калимаи Шумон барҳам нахӯрда, бо тағйири андаки овозҳо ба шакли Ҳисори Шодмон ва баъдтар (аз асри XI дар адабиёти бадеӣ ва аз асри ХУ дар таърихнигорӣ) танҳо шакли Ҳисор мавзеи ҷуғрофии водӣ, мамлакати алоҳида ё вассали ҳокимиятҳои марказии минтақа ва сипас қисмати Бухорои Шарқӣ ва ниҳоят номи ноҳияро ифода кардааст. Муаррихони Юнони қадим, аз ҷумла Страбон Шумон ва умуман водии Ҳисорро бо номи Парайтекин дар асарҳояшон дарҷ кардаанд. Хулоса, вожаи «Шумон» имрӯз бо шакли эҳтиромию ифтихорӣ дар номи Ҳисори Шодмон ба маънои мулки шодию хурсандӣ (аҷаб таҷдиди овозӣ, ки Шумони маънои қалъа, баландӣ, дунгӣ дошта маънои нав касб кардааст!) ва Ҳисори зарнисор ба маънои макони файзовар, серу пур хеле маълуму маъмулу машҳур ва мавзеъ яке аз ноҳияҳои калону пурбаракати тобеи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.[2]

Порчаҳо аз сарчашмаҳо вироиш

Шаҳри Ҳисор дар садаҳои миёна Шумон ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва торихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр»[3].

Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Вашгирд)) воқеъ буд ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи Ҳисори Шодмон (حصار شادمان) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар Ҳисор (حصار) ё Ҳисорак (حصارک) навишта ва имрӯз ҳам Ҳисор маъруф аст[4].

Дар ин давра кишоварзию ҳунармандӣ ба дараҷаи баланди тараққиёт расиданд. Ғаллакорӣ, боғдорӣ, токдорӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфта буданд. Ҳунармандӣ (хусусан кулолӣ), оҳангарӣ, шишагарӣ равнақ доштанд. Дини ислом дини асосии мардуми Шумон гардид. Шумон дар давраи истилои муғул хароб шуд ва аз асри XV Ҳисор ном гирифт. [5]

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 559
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 8 — 9
  3. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ — 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Китобхонаи Таҳурӣ. «Ширкати офсети Гулшан». — Теҳрон. 1983. — саҳ. 110
  4. Лестренж Ги. Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ. Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. — Теҳрон. 1336 ҳиҷрии шамсӣ — 1958 мелодӣ — саҳ. 468
  5. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 727