Сурурд - сози мусиқии қадимае, ки дар тамоми кишварҳои исломӣ маъмул гашта буд ва онро бо мизроб менавохтанд. Қабл аз асрҳои VII-VIII бо унвони «Барбат» машҳур буда, «Уд» шакли арабикунонидаи он аст. Бино ба маълумоти маъхазҳои истилоҳи «Уд» аз истилоҳи «Барбат» дида, баъдтар пайдо шудааст. Яъне уд ҳамон сози барбати мардуми форситабор аст, ки дар асрҳои VI-VII комилан аз чӯби яклухт сохта шуда, дасташ кӯтоҳ будааст ва бо фосилаи квартал ҷӯр мешудааст. Ин тарзи ҷӯри уд дар қарнҳои баъдина низ нигоҳ дошта шудааст. Барбат ҳанӯз дар асри VII дар Сурия, Миср, Хитой маъмул гардида буд. Пас аз истилои араб паҳн ва бо унвони «Уд» машҳӯр гардид. Уд-и классикӣ дар асрҳои IX-XII чанде такмил ёфта, баъдан бидуни тағйироти ҷузъӣ то имрӯз дастраси мо гаштааст, шабеҳи ҳамон барбати суғдӣ буда, панҷ тори абрешим дорад, ки номи онҳо (аз боло ба поён) зер,мусано,мусаллас,бам, ҳад мебошад. Дар охирҳои асри VIII аввали асри IX дар торҳои поён (зер) –и он ба ҷои торҳои абрешими сими филиззӣ истифода шуд. Уд дар нимаи дуюми асри XX дар устохонаи илмӣ- таҷрибавии назди Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент аз нав такмил ёфт, ки ба он тори шашум илова карда шуд. торҳои ин шакли уд синтетикӣ буда, бо фосилаи кварта ҷӯр мешаванд: тори якум ре-и октаваи дуюм, тори дуюм ля-и октаваи якум, тори сеюми ми-и октаваи якум, тори чорум ре-и октаваи якум, тори панҷум ля-и октаваи хурд ва тори шашум ми-и октаваи хурд. Диапазони (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст аз ҳама боло) он аз нотаи ми-и октаваи хурд то нотаи ля-и октаваи дуюмро дар бар мегирад. Нотааш дар калиди скрипка сабт мешавад ва аз навишташ як октава паст садо медиҳад. Ҳаҷми овозии уд регистри мобайн ва пастро фаро гирифта, ҳамчун сози якканавозӣ ва ансамблӣ истифода мешавад. Ду хели сози уд: бепарда ва пардадор (пардаҳо филиззӣ буда, дар даста насб шудаанд) мавҷуд аст. Ҳоло уд асосан дар Арманистон, Эрон, мамлакатҳои араб маъмул аст. Соли 1987 дар Тоҷикистон усто Давлат аз рӯи тасвирҳои қадими сози уд-ро комилан аз нав сохт, ки шаклан аз сохти уд-и тошкандӣ фарқ мекунад, ва ҳоло дар истифодаи ансамбли мақомхонони кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ аст. Яке аз аввалин уднавозони имрӯзаи тоҷик Абдувалӣ Абдурашидов ва Насриддин Алиев мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ч.З.\\ ЭМТ Душанбе 2004с;
  • Вызго Т.С музыкальне инструменты средней Азии \\ Исторические очерки. – М, «Музыка» 1980г; Петросянц А.И. Инструментоведение \\ Узбекские народные инструменты. – Тошкент,1980г.

Адабиёт

вироиш