Абдувалӣ Абдурашидов
Абдувалӣ Абдурашидов – мутриб (танбӯр, сато, рубоб), номзади илмҳои санъатшиносӣ (1992), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001).
Абдувалӣ Абдумаҷидович Абдурашидов | |
Таърихи таваллуд | 1959 |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | = Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСоли 1981 А. Абдурашидов шуъбаи мусиқии шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафиро бо ихтисоси рубоб хатм намудааст. Солҳои 1981-1987 омӯзгори кафедраи мусиқии шарқ ва солҳои 1987–1992 дар кафедраи мусиқии анъанавии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Дар Консерваторияи давлатии Озарбойҷон ба номи У. Гаҷибеков (1985) савияи касбиашро такмил додааст. А. Абдурашидов лауреати озмунҳои Шашмақом дар (Душанбе, (1989) ва Тошканд, (1991) буда, фаъолияти навозандагиашро пайваста инкишоф медиҳад. Соли 1991 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Танбӯр ва истифодаи он дар омӯзиши системаи Шашмақом» бомуваффақият дифоъ намуд. Солҳои 1993 – 1995 ба ҳайси ноиби президенти Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд), Баъди табдил додани ин Академия ба факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, дар ин Донишгоҳ вазифаи омӯзгор ва мудири кафедраи факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров адо мекунад. 1996 – 2002 – мудири шуъбаи санъати Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҷараёни фаъолият маҳорати касбиашро дар Донишгоҳи Миллии Теҳрон (1999) такмил медиҳад. Солҳои 2002–2004 – роҳбари бадеии Ансамбли давлатии шашмақомсароёни ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон ҳамчун дотсенти кафедраи навозандагии суннатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият мекард.
Эҷодиёт
вироишҲамаи фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгории Абдувалӣ Абдурашидов ба омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи санъати классикии Шашмақом марбут аст. Ӯ муассис ва директори Академияи мақом дар Тоҷикистон (2002) мебошад.
Дар ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб оид ба нигаҳдориву рушди минбаъдаи ин мероси гаронбаҳои миллати тоҷик, аз ҷумла эҳёву нумӯи санъати Шашмақом саҳми арзанда дорад. Солҳои 2002–2011 Абдувалӣ Абдурашидов бо дастаи шогирдони худ аз Академияи мақом дар бештари ҷашнвораҳои байналмилалӣ, аз ҷумла давлатҳои Хитой, Германия, Франсия, Белгия, Норвегия, Шветсия, Англия, Италия, Испания, ИМА, Юнон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Сурия, Марокаш ва чандин кишварҳои дигар санъати Шашмақоми тоҷикро сарбаландона муаррифӣ ва тарғиб намуда, сазовори ҷоизаҳову дипломҳои сатҳи байналхалқӣ гардидааст. Абдурашидов иштирокчии чандин симпозиум ва ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқишиносон (Самарқанд, Тошканд, Эрон, Исроил) ва узви ҳакамон дар чандин озмунҳои мусиқӣ низ буд. Ӯ ширкаткунандаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия (2005), ЮНЕСКО (Париж, 2005), ҷашнвораҳои мусиқӣ дар Аврупо, ИМА мебошад.
Абдувалӣ Абдурашидов мураттиб ва яке аз муаллифони маҷмӯаи «Фурӯғи меҳр» (шеъру суруд барои кӯдакон) (2004), муаллифи асари «Омӯзиши авзони шеър ва мусиқӣ» («Арӯз ва мусиқӣ») (нашри якум – 2001, нашри дуюм – 2002) ва як қатор мақолаҳои илмӣ, аз зумраи «Танбӯр ва вазифаи он дар омӯзиши асосҳои Шашмақом», «Уд ва танбӯр – нигоҳдорандаи ду системаи мақом», «Шашмақом, асри XXI: инкишофи санъати мусиқии классикӣ дар замони ҳозира», «Ташаккули авзони рубоӣ дар матни адвори зарбии мусиқӣ» мебошад. ӯ яке аз чаҳор муаллифи нахустнашрияи «Энсиклопедияи Шашмақом» (1999) аст. Ӯ китоберо бо номи «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом». - Душанбе, Адиб, 2013 дар ҳаҷми 399 саҳ. навиштааст.
Абдувалӣ Абдурашидов навозандаи маъруфи мусиқии суннатии тоҷик дар созҳои танбӯр, сато, рубоб ва уд мебошад. Дар мавзӯи «Танбӯр ва моҳияти он дар омӯзиши ташакулли пардаҳои мусиқии «Шашмақом» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст (1991). Аз 6 мақоми «Шашмақом», ки дар маҷмӯъ аз 252 навою тарона иборат мебошанд («Мушкилот» иборат аз 48 наво), Абдурашидов кулли онҳоро моҳирона менавозад ва қисме аз онҳоро сабт кардааст ва ӯ мусиқии «Шашмақом»-ро пурра азёд медонад. Абдурашидов дар эҳёи анъанаҳои асили мусиқии «Шашмақом» - силсиласароӣ, «устод ва шогирд» ва тарбияи насли нави навозандагони ҳирфаии мусиқии суннатӣ низ саҳмгузор аст. С. 2007 ба ифтихори бузургдошти «Шашмақом» дастаи ҳунарии Академияи мақоми ҶТ, бори аввал дар таърихи шашмақомсароӣ зери сарварии ӯ силсилаҳои қисми овозии «Наср»-и мусиқии «Наср»-и мусиқии «Шашмақом»-ро паиҳам дар давоми 6 рӯз иҷро кард.[1]
Ҷоизаҳо
вироишБарои хидматҳои арзандааш дар рушди санъати мусиқии классикӣ ӯро Президенти кишвар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001) сарфароз гардонд. А. Абдурашидов инчунин бо ордени "Командор" дар ҷодаи риторика ва санъат (Фаронса, 2005) ва ордени «Дӯстӣ» (2005) қадрдонӣ шудааст.[2]
Адабиёт
вироиш- Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 10- 11
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 9-10. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2
- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 14 ISBN 978-99947-49-13-3