Ноҳияи Сӯх

(Тағйири масир аз Сух)

Ноҳияи Сӯх (ӯзбекӣ: So‘x tumani) — ноҳия, воҳиди маъмурӣ дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Маркази маъмурӣ — шаҳраки Равон. Номи «Сӯх» аз калимаи форсӣ-тоҷикии «сӯх-тан» [سوختن] баромадааст.

Ноҳияи Сӯх
Кишвар  Узбакистон
Маркази маъмурӣ Равон (Ӯзбекистон)
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1942
Масоҳат
  • 352 км²
Баландӣ
1 085 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 80 600[2] нафар (1 январи 2022)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Ноҳияи Сӯх дар харита
Ноҳияи Сӯх дар харита

Ноҳияи Сӯх — воҳиди мустаъқили маъмурест дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар дохили ҳудуди Қирғизистон ҷойгир шудааст. (анклави Қирғизистон).

Ҷуғрофия

вироиш

Аҳолӣ

вироиш

Ноҳияи Сӯх аз 19 ҷамоатҳои маҳаллӣ иборат аст ва шумораи аҳолиаш беш аз — 80 ҳаз. наф., Ҳайати миллӣ: 99,8 % тоҷикон, 0,1 % қирғизҳо, 0,1 % ӯзбекҳо ва диг.[3].

Вазъи забони маҳал

вироиш

Аҳолии тоҷикзабони Сӯх ба лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ сухан меронанд, ва аз рӯи таснифот ба гурӯҳи «ҷанубӣ-фарғонагӣ» дохил шуда ба 2 гурӯҳ: якум — ниёкони водӣ, ки ба туркикунонӣ ва ассимилятсияи қабилаҳои туркзабон гирифтор нашудаанд: дуюм — ниёкони муҳоҷирони ноҳияҳои кӯҳистонӣ, аз Қаротегин ва ба миқдори кам, аз дигар минтақаҳо: Самарқанд, Сомғар, Хуҷанд, мебошанд, ки дар ҳудуди ҷанубу ғарбии водии Сӯх истиқомат мекунанд.

Аксарияти сокинон бо 1 забон сухан мегӯянд (тоҷикӣ). ВАО-и ноҳия, рӯзномаҳои «Садои Сӯх» ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар Сӯх 30 мактаб ва 4 коллеҷи ҷойгир аст. Аз он 4 коллеҷ, 29 то мактаб ба забони тоҷикӣ, ва 1-то ба забони узбекӣ таҳсил мегиранд. Баъди пош хӯрдани ИҶШС муносибатҳои фарҳангии ноҳияи Сӯх бо аҳолии тоҷикони Тоҷикистон хотима ёфтааст. Лекин базеъҳо этиқод доранд, ки инҳо аз форс ташкил шудаанд.[4].

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш