Абдулло Табарӣ
(Тағйири масир аз Табарӣ Абдулло Ҳабибулло)
Табарӣ Абдулло Ҳабибулло — олим, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Абдулло Ҳабибулло Табарӣ | |
Таърихи таваллуд: | 11 феврал 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 1985 |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишТабарӣ Абдулло Ҳабибулло 11 феврали соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1985 Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣро хатм кардааст. Ихтисос математик-физик. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор. Бо ҷоизаи баноми Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (соли 1998) мукофотонида шудааст
- 1980—1985 — донишҷӯи Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- 1985—1987 — Хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳри Горький
- 1988—1989 — Коромӯзи Институти математикаи Академияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв
- 1989—1992 — Аспиранти Институти математикаи Аакадемияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв
- 1993—1995 — Муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
- 1996—1999 — Докторанти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- 1999—2002 — Сардори Идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён вахонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- 2002—2006 — Мудири кафедраи математика ва информатикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, ш. Душанбе
- 2006—2010 — Дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- 2010—2011 — Мудири шуъбаи математикаи Институтиилмҳои таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- 2011—2012 — Мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- 2012—2020 — Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Табарӣ Абдулло Ҳабибулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2020.