Тахти Сангин
Тахти Сангин (форсӣ: تختِ سنگین) — бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Вилояти Хатлон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Санагузорӣ
вироишМаскани Тахти сангин ба асрҳои IV то мелод — III мелодӣ мансуб аст.
Таърихи «Хазинаи Амударё»
вироишМаскани Тахти сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин (1300 номгӯй) маълум аст, ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар ноҳияи Қабодиён (собиқ Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли Осорхонаи миллии Британиё, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Номи «Хазинаи Амударё» -ро ба бозёфтҳои маскани Тахти сангин муҳаққиқи инглис О. М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ӯ, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин аст. Коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои «Маъбади Окс» (Окс — номи қадимаи Амударё) аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин ганҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти эллинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, «Маъбади Окс» муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.[1]
«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар Осорхонаи миллии Бритониё ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.
Ҳафриёт
вироишКофтукови ҳафриёт аз ҷониби бостоншиносони рус И. Р. Пичикян ва Б. А. Литвинский солҳои 1976—1991 гузаронида шудаанд.[2] Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкӯҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51 ба 51) фаро гирифтааст.
2500-солагии Тахти Сангин ба рӯзҳои муҳими ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 ворид шуд
вироишПешниҳоди Тоҷикистон ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангин ба Рӯйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, ворид шудааст. Ҳамзамон ба ин рӯйхат 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ворид шуд.[3] Ин мавзуъро се кишвар - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон пешниҳод кардаанд. Ёдгориҳои бостонӣ дар ҷаласаи 41 Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Рӯйхат дохил карда шуданд.
Экспонатҳои Хазинаи Амударё
вироиш(Коллексияи экспонатҳо дар осорхонаи Бритониё) маҳфузанд.
- Браслет(рус.).
- Золотая голова(рус.).
- Золотой кувшин(рус.).
- Лев-грифон(рус.).
- Золотая пластина(рус.).
- Золотые ножны(рус.).
- Серебряная статуэтка(рус.).
- Серебряная статуэтка(рус.).
Эзоҳ
вироиш- ↑ История таджикского народа. Том I. — Душанбе, 1998, с. 277
- ↑ Городище Тахти-Сангин и храм Окса(тоҷ.). www.ancient.ivran.ru. 16 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Пешниҳоди 2500-солагии шаҳраки Тахти Сангин ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд(тоҷ.). www.sputnik-tj.com. 2021-12-11. 8 июли 2022 санҷида шуд.