Ноҳияи Носири Хусрав

(Тағйири масир аз Ноҳияи Қабодиён)
Ноҳияи Носири Хусрав
Ноҳияи Носири Хусрав дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Хатлон
Марказ: Қубодиён
Замони таъсис : 27 октябри 1939
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 800 км²
Шумораи шаҳракҳо :
Шумораи ҷамоатҳо : 3
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 45,1 ҳаз. кас[1]
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KA
Код ISO : TJ.KТ.KA
Пешшумора : +992 3551
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Носири Хусрав (форсӣ: ناحیۀ قبادیان‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[2] ва дар солҳои 19301970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд[3]. Маркази ин ноҳия деҳаи Бешкент аст.

Ҷойгоҳ

вироиш

Ноҳияи Носири Хусрав бо сарзамине 800 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Дӯстӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳритус аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Қалъаи Зол аз ноҳияҳои Вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

Таърих

вироиш

Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[4]. Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои форсӣ: «قبادیان»‎, форсӣ: «قوادیان»‎ ва форсӣ: «قباذیان‎» омада ва дар он замон сарзамини миёни рӯдҳои Сурхондарё ва Вахшро меномиданд. Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи форсӣ: «قبادیان»‎ дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст[5].

Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз бахшҳои Хутталон[6], ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — бахше аз вилояти Чағониён[7] будааст. Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «ноҳияе ободон» аз бахшҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст, ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд[8].

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қубодиён бахше аз вилояти Қурғонтеппа гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Қурғонтеппа дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Қурғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

Мардум

вироиш

Мардуми ноҳия ба забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Носири Хусрав 29,6 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[9].

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
44,2 45,1

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Носири Хусрав 3 ҷамоат[10]. дорад:

Ҷамоати Носири Хусрав [11]
Ҷамоат Деҳа (шумора)
Фирӯза 19
Наврӯз 6
Истиқлол 8

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Носири Хусрав Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Қубодиён Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Қубодиён барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисодиёт

вироиш

Омӯзишу парвариш

вироиш

Ниҳодҳои фарҳангӣ

вироиш

Беҳдошту беҳзистӣ

вироиш


  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.
  3. Введенский Б.А. Большая советская энциклопедия, Том 27 — Большая Советская Энциклопедия Второе издание. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2015.
  4. Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л., — с. 252; 292
  5. Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  6. Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967. — P. 1—230. — с. 93
  7. Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p. — с. 49, 284
  8. Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв.
  9. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  10. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
  11. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.114