ТВ Сафина
ТВ «Сафина́» (Телевизиони «Сафина») — яке аз шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон.
ТВ «Сафина» (ТВС) | |
---|---|
Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» | |
Минтақаи пахш |
Тоҷикистон Замин |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Забон | асосан тоҷикӣ ва боз русӣ |
Маркази идоракунӣ | Душанбе Тоҷикистон |
Оғоз | 3 сентябри 2005 |
Ҷойгузиншуда | Шабакаи 2 |
Бинандагон | тақрибан 20 млн аз тамоми ҷаҳон |
Асосгузор | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Молик | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Телевизиони Тоҷикистон |
Каналҳои хоҳар |
ТВ Тоҷикистон ТВ Ҷаҳоннамо ТВ Баҳористон Варзиш ТВ ТВ Синамо |
Сайт | safinа tj |
Таъсис
вироишМуассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №308 аз 22 августи соли 2005 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси расмии он маҳсуб меёбад. Пахши барномаҳои ТВ Сафина аз 3 сентябри соли 2005 оғоз ёфт
Самти асосии фаъолият
вироишМуассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аз оғоз фаъолияти худро дар асоси талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Самти асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба инъикосу тарғиби сиёсати пешгирифтаи созандаю бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионии суръатбахшандаи раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии Тоҷикистон, ҷараёни демократикунонии ҷомеъа ва таҳкими муносибатҳои дўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона гардидааст.
Маъмурият
вироишБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси варзида Пиров Маҳмадсаид Шоҳиддинович аввалин директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъйин карда шуд. «Телевизиони Сафина» зери роҳбарию дастгирии собиқ директори он Лутфулло Давлатзода бо пешниҳоди барномаву намоишҳои рангини гуногунжанри телевизионӣ миёни тамошобинон маҳбубияти хоса пайдо кард.[1] Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» — Давлатзода Зевар Маҳмудӣ (аз июни соли 2015 то 15-уми марти 2017) буд.[2] Саидов Носир Озотович аз 15-уми марти 2017 то ҳоло вазифаи директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро ба уҳда дорад.
Идораҳои барномаҳои Телевизиони Сафина
вироишДар МД «Телевизиони Сафина» идора ва шўъбаҳои зерин фаъолият доранд:
- Идораи тиҷорат ва реклама;
- Идораи барномаҳои иттилоотӣ–таҳлилӣ;
- Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ;
- Идораи барномаҳои ҷавонӣ ва варзиш;
- Идораи барномаҳои таълифии «Эҷод»;
- Идораи таҳия ва дубляжи филмҳо;
Намояндагиҳои МД «Телевизиони Сафина» дар шаҳрҳои Қурғонтеппаву Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳри Исфараву маркази вилояти Суғд, Рашт ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ифтитоҳ шуда, бо беҳтарин дастгоҳу таҷҳизоти рақамӣ ва дигар воситаҳои корбарӣ, аз қабили танзимгоҳи рақамӣ, дастгоҳи наворбардории рақамӣ (камера), танзимгоҳи ороишӣ - дизайнерӣ ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Online-tv
вироишOnline-tv дар сомонаи teleradiocom.tj Бойгонӣ шудааст 10 май 2017 сол.
Нигаред
вироишПайвандҳо
вироиш- ↑ Таъиноти кадрӣ/Сомонаи Президенти ҶТ
- ↑ Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина». 6 май 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 май 2013.