Теленовелла

жанри телевизионии Амрикои Лотинӣ

Теленовелла як намуд силсилафилм буда, аввалин маротиба солҳои 1950-ум дар Амрикои Лотинӣ рӯи навор баромадааст[1]. Маънои луғавии калимаи "теленовела" аз калимаҳои tele (television, телевизион) ва "novela" (достон) мебошад. Жанрҳои шабеҳ дар ҷаҳон бо номҳои гуногун вуҷуд доранд: телесерйе (Филиппин), дорама (Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон), телероман (Канада) ва драмаи одӣ (як қисми Осиё).

Таърих

вироиш

Бразилия аввалин мамлакате мебошад, ки жанри теленовеларо ба рӯи навор овардааст. Аввалин теленовела соли 1951 Sua vida me pertence ("Ҳаёти ту ба ман тааллуқ дорад"), ба навор гирифта шудааст. Баъдан соли 1952 Куба теленовелаҳои Senderos de amor ("Пайроҳаи ишқ") ва Мексика Ángeles de la calle ("Фариштаҳои куча")-ро ба намоиш гузоштанд. Дар байни солҳои 1957 ва 1958, Мексика аввалин силсилафилми худро Senda prohibida дар формати теленовелаи замонавӣ ба рӯи навор оворд, ки аз рӯзҳои душанбе бо ҷумъа ба намоиш гузошта шудааст. Аввалин теленовелаи ҷаҳони бошад, Los ricos también lloran ("Сарватмандон ҳам мегирянд"), ба маҳсули Мексика буда, соли 1979  рӯи навор баромадааст ва дар мамлакатҳои Русия, Чин, ИМА ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудааст.

Маросимҳои ҷоизасупорӣ

вироиш

Муҳимтарин намоишҳои ҷоизавии Теленовела ин маросими мексикии TVyNovelas Awards мебошад, ки аз ҷониби роҳбари маҷаллаи TVyNovelas баргузор мешавад ва ин ҷоиза аз ҷониби Contigo-и Бразилия пешниҳод шудааст. TVyNovelas инчунин дар Колумбия, Чили, Пуэрто Рико ва Иёлоти Муттаҳида нашр мешавад, Contigo дар Чили низ гузаронида мешавад. Соли 2008 International Academy of Television Arts and Sciences (IATAS) категорияи нави ҷоизаи байналмилалии Эммиро барои теленовеллаҳо таҳия ва аввал дар хориҷ аз Иёлоти Муттаҳида пахш намуд.

  1. The Power of the Telenovela. PBS NewsHour (January 25, 2012). 28 ноябри 2017 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш