Темур
Темури Ланг (Темур, амир Темур) — лашкаркаш ва асосгузори давлати Темуриён (1370—1500) дар соли 1370.
تيمور لنگ | |
Таърихи таваллуд | 1336 |
Зодгоҳ | Кеш Шаҳрисабз, Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 1405 дар шаҳри Ӯтрор |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | силаҳшӯр |
Падар | Taraghai[d] |
Модар | Tekina Khatun[d] |
Ҳамсар | Saray Malik Katun[d], Uljay-Turkan aga[d], Cholpan-Mulk Aga[d] ва Dilshad aga[d] |
Фарзанд | Шоҳрух[d], Miran Shah[d], Jahangir Mirza ibn Timur[d], Umar Shaikh[d] ва Aka Begi[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишТемур соли 1336 дар деҳаи Хӯҷа Илғор, ки қарибии шаҳри Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира) воқеъ гардидааст, таваллуд шудааст. Падари ӯ Тарағай аз айёми қабилаи барлос буд. Аслу насаби Темур аз қабилаи муғулии барлос буд. Ин қабила дар Мовароуннаҳр аз оғози асри XIV маскун шуда буд. Барлосҳо монанди қабилаҳои дигари муғулӣ бо қабилаҳои туркӣ омезиш ёфта, забон ва урфу одатҳои худро гум карда буданд. Темур соли 1360 сар карда 10 сол гоҳ ба ҷониби як феодали ҳукумрон ва гоҳ ба ҷониби ҳокими дигар гузашта бо дастаи низомиаш меҷангид. Соли 1361 Темур аллакай ҳамчун фармондеҳи номии дастаи калони мусаллаҳи аз ҷумлаи аъзоёни қабилаҳои барлосҳо ва қабилаҳои дигар ташкилкарда маълум буд. Темур ба хидмати хони Муғулистон Туғлуқ-Темур дохил шуда, ба ӯ дар ишғоли Самарқанд ёрӣ расонд. Хдмчун мукофот барои хидматаш Туғлуқ-Темур ӯро ҳокими шаҳри Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира) таъйин намуд. Вале Темур ба ин вазифа қаноат накарда, ба хидмати амири Балх — Ҳусейн рафт. Ҳусейн душмани хони Муғулистон Туғлуқ-Темур буд. Ҳусейн ва Темур қувваҳои низомиашонро якҷоя намуда, бар зидди Туғлук-Темур ҷанг карданд, вале шикаст хӯрданд. Баъди тайёрии ҳаматарафа ба Темур ва Ҳусейн муяссар шуд, ки Мовароуннаҳрро аз дасти Туғлуқ-Темур кашида гиранд. Вале соли оянда аз муғулҳо боз ҳам шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки ба Балх фирор кунанд. Ҳамон сол дар яке аз муҳорибаҳо Темур аз пояш тир хӯрд. Аз ҳамин вақт сар карда, ӯ номи «Темурланг»-ро мегирад.[1].
Ба ҳокимият соҳиб шудани Темур
вироишҲусейн ва Темур бо роҳи фиребу найранг аз Балх ба Самарқанд меоянд. Ҳамин тавр бо фиреб роҳбарони шӯриши Сарбадоронро дастгир ва қатл карданд. Онҳо танҳо Мавлонозодаро зинда дар зиндон нигоҳ медоштанд. Темур ва Ҳусейн дар сарзамини Мовароуннаҳр ҳукмрон шуданд, вале амир Ҳусейн дар мақоми аввал буд. Ба чунин мартаба Темур розӣ шуда наметавонист. Барои ҳамин ӯ лаҳзаи мувофиқ мекофт, то ки ҳокими ягонаи Мовароуннаҳр шавад. Дере нагузашта барои ҳокимият дар байни онҳо зиддият ба амал омад ва он ба задухӯрди мусаллаҳона мубаддал гардид. Соли 1370 Темур дар яке аз задухӯрдҳо аскарони Ҳусейнро торумор карда, худи ӯро асир гирифт ва баъд ӯро ба қатл расонда, худро амири Мовароуннаҳр эълон кард. Ҳамин тавр, давлати Темур ба вуҷуд омад.
Забткориҳои Темур
вироишТемур ба ҳукмронии танҳо Самарқанд қаноат намекард, аввал ҳокимияти худро дар Мовароуннаҳр мустаҳкам кард ва баъд соли 1372 ба поёноби дарёҳои Аму ва Сир — ба Хоразм лашкар кашид. Пас аз лашкаркашии 5-ӯми соли 1388 ӯ Хоразм ва пойтахти он шаҳри Урганҷро, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ маркази калонтарини тиҷоратӣ буд, фатҳ намуда, ба хок яксон кард. Темур аҳолии ин шаҳрро бо зӯрӣ ба Самарқанд кӯчонда, фармуд, ки шаҳри Урганҷро вайрону хароб ва баъд шудгор карда, ҷав коранд. Баъди ба даст овардани Хоразм Темур дар тӯли чандин соли дигар бар зидди Тӯхтамиш мубориза бурд. Тӯхтамиш аввал хони Урдаи Сафед ва баъд хони Урдаи Тилоӣ буд. Дар натиҷаи се лашкаркашӣ (солҳои 1389, 1391 ва 1395) Темур ниҳоят Урдаи Тиллоиро торумор кард. Дар рафти ин лашкаркашиҳо шаҳрҳои калони Урдаи Тилоӣ — Сарой Берке ва Ахитархонро оташ зад. Тобистони соли 1395 аз ҷануб ба сарзамини Рус ҳам зада даромада, то шаҳри Елетс расида, ба шаҳри Маскав таҳдид кард. Вале ӯро аз раъйаш танҳо хабари нооромии Осиёи Марказӣ гардонд.
Дар солҳои 80 ва 90-уми асри XIV Темур ба Эрон, Байнаннаҳрайн ва давлатҳои дигар ҳам лашкар кашид. Ӯ тавонист, ки аввал Хуросон, Афғонистон ва Қафқозро забт намуда, баъд Ҳиндустонро ишғол намояд. Дар рафти ин лашкаркашӣ Темур шаҳри Деҳлиро ғорат кард. Дар оғози асри XV Байнаннаҳрайн ҳам ба Темур таслим шуд. Пас аз ин лашкаркашии худро дар самти Сурияю Осиёи Хурд давом дода, соли 1402 артиши яке аз лашкаркашони бузургтарнни замон — султони Турк Боязидро торумор карда, худи ӯро асир гирифт. Баъди лашкаркашии бомуваффақияти бисёрсолаи худ Темур бо ғанимати бузург ва шаъну шарафи беандоза баланд ба Самарқанд баргашт. Ӯ ба ин забткориҳои худ ҳам конеъ нашуд. Баъди тайёрии начандон зиёд Темур ба Чин лашкар кашид. Вале соли 1405 ногаҳон дар Утрор вафот кард.
Золимии Темур
вироишТемур дар таърих яке аз шахсиятҳои золимтарин маҳсуб мешавад. Чанд мисол меорем. Ҳангоми лашкаркашӣ ба Эрон бо фармони Темур сари 70 ҳазор одами осоишта аз тан ҷудо карда шуда ва аз сари онҳо манора сохта шудааст. Соли 1398 Темур дар Ҳиндустон фармуд, ки 100 ҳазор асир қатл карда шавад. Сабаби асосин ин амр он буд, ки ба ҷои дур бурдани асирон мушкил будааст. Дар шаҳри Бағдод танҳо дар як рӯз 90 ҳазор кас қатл карда шудааст. Ҳангоми зуҳур ёфтани кӯшиши камтарини муқовимат Темур мефармуд, ки чунин одамон зинда гӯронда шаванд. Мардуми шаҳри Сабзавори ки пойтахти Давлати Сарбадорони Хуросонбуд, низ ҳамин тавр ҷазо дод. Фармуд, ки аз одамони зинда девор созанд. Бо фармони Темур баъди чанде дар ин шаҳр аз ҷасади одамон ва хишт девори васеъ ва баланд сохтанд. Ин далелҳо дар бораи бераҳмию золимии Темур шаҳодат медиҳад.[2].