Тиру камон (форсӣ: رنگين کمان‎ — рангинкамон, камони Рустам, қавси кузаҳ) — камони ҳафтранге, ки аз таҷзияи нури Офтоб дар қатраҳои оби борон ва фаввораи об падид меояд[1].

Ранигнкамон аз ғубори шарашара Такаккау, Канада
Рангинкамон дар саросари шаҳри Гродно, Белоруссия

Физика ва тиру камон

вироиш

Тиру камон як ҳодисаи оптикиест, ки дар гунбади осмон дар намуди камони ҳарранга намоён мешавад. Он дар мавриди пардаи борониро (ки дар муқобили Офтоб воқеъ аст) равшан кардани Офтоб ба аммал меояд. Маркази тиру камон дар тарафи хати росте мехобад, ки он аз маркази қурси Офтоб ва чашми мушоҳид мегузарад (яъне дар нуқтаи муқобили Офтоб воқеъ аст)[2]..

Қавси тиру камон қисми доираеро мемонад, ки дар атрофи ин нуқта бо радиуси 42° кашида шудааст, тартиби рангҳои спектри Офтоб як хел аст ва одатан, аз берун сурх ва аз дарун бунафш аст.

Баъзан аз тарафи канори дохилӣ камонҳои дуюмини ранга намоён мешаванд, ки онҳо ба тиру камони асосӣ ҳамҳудуданд. Қисми намоёнӣ тиру камон ба мавқеи Офтоб вобаста аст; агар Офтоб дар уфуқ воқеъ бошад, тиру камон шакли нимдоираеро мемонад ва баробари баландшавии Офтоб қисми намоёни камон хурд шуда, ҳангоми ба 42° расидани баландии Офтоб (нисбат ба уфуқ) ҳодисаи тиру камон ба охир мерасад. Ҳодисаи монанди тиру камонро дар назди фаввора ва шаршараҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Он дар натиҷаи таъсири рӯшноии Моҳ ва манбаъҳои сунъии рӯшноӣ низ ба амал омаданаш мумкин аст.

Таърихи пажуҳишот

вироиш
 
Рангинкамон дар Аляска

Астрономи форс Қутбуддини Шерозӣ (12361311), эҳтимолан, шогирди ӯ Камолуддини Форсӣ(англ.) (12601320), зоҳиран аввалин нафар буд, ки ин зуҳуротро хеле дақиқ баён карда буд[3]. Дар худи ҳамон замон пешниҳоди мушобеҳе дар мавриди тиру камон олими олмонӣ Дитер Фрейбургский(англ.) пешниҳод кард.

Баъдан назарияи тиру камонро Рене Декард(рус.) соли 1637 баён кард. Назарияи бештар саҳеҳи тиру камонро соли 1836 астрономи англис Ҷ. Эрӣ пешниҳод ва онро охири садаи XIX геофизики австриягӣ Ч. М. Пернтер инкишоф дод. Ин назария ба ҳодисаҳои дифраксия ва интерференсияи нури Офтоб дар панҷараи қатраҳои борон асос ёфтааст.

Ибороти ҳифзӣ

вироиш

Рангҳо дар рангинкамон ба тартиби пайдарпайи рангҳои спектри Офтоб ҷойгиранд. Дар забони тоҷикӣ ва чунин ибораи мнемоникӣ барои дар хотир доштани ин пайдарпайӣ вуҷуд дорад:

  • Сайёд нияти задани сад оҳу карда буд.

Дар ин ибора ҳарфи аввали ҳар калима ба ҳарфи аввали номи ранги муайян мувофиқ омадааст.

  • Сайёд — сурх
  • Нияти — норинҷӣ
  • Задани — зард
  • Сад — сабз
  • Оҳу — осмонӣ
  • Карда — кабуд
  • Буд — бунафш

Нигаред низ

вироиш
Видеодарс: ҳафт ранги тирукамон
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 О – Я./ Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе 2008, - c. 147
  2. Энсиклопедияи советии тоҷик, Ҷилди 7. САҚОФӢ-ХОВАЛИНГ – Душанбе: Сарредацияи илмии Энциклопедияи Советии Тоҷик, 1987, - с.372
  3. Al-Farisi biography. 21 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 июли 2017.

Адабиёт

вироиш

Ба забони русӣ

вироиш

Ба забони англисӣ

вироиш
  • Robert Greenler, Rainbows, Halos, and Glories, (1980) ISBN 0-521-38865-1
  • Raymond L. Lee and Alastair B. Fraser, The Rainbow Bridge: Rainbows in Art, Myth and Science, (2001) Penn. State University Press and SPIE Press ISBN 0-271-01977-8
  • David K. Lynch & William Livingston, «Color and Light in Nature», 2nd edition (2001) ISBN 0-521-77504-3
  • M.G.J. Minnaert, «Light and Color in the Outdoors», 1995 ISBN 0-387-97935-2
  • M. Minnaert, «The Nature of Light and Color in the Open Air», 1973 ISBN 0-486-20196-1
  • Naylor, John, «Out of the Blue», 2002, ISBN 0-521-80925-8
  • Bleicher, Steven (2004) Contemporary Color: Theory & Use p6. Delmar. ISBN 1-4018-3740-9: «However, most people can only discern six of these hues; they have trouble telling the difference between indigo and violet.»

Пайвандҳо

вироиш

Ба забони русӣ

вироиш

Ба забони ангилисӣ

вироиш

Сарчашма

вироиш