Тошмуҳаммад Ниёзович Қорӣ-Ниёзӣ
Тошмуҳаммад Ниёзович Қорӣ-Ниёзӣ (2 сентябр 1897, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон — 17 март 1970, Тошканд) — риёзидон, омӯзгор, арбоби ҷамъиятӣ. Ходими хизматнишондодаи илми Ӯзбекистон (1939). Академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон (1943), доктори илмҳои физика-математика (1939), профессор (1931). Президенти аввалини Академияи илмҳои Ӯзбекистон (1943—47). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967).
ӯзбекӣ: Toshmuhammad Niyozovich Qori-Niyoziy ӯзбекӣ: Тошмуҳаммад Ниёзович Қори-Ниёзий | |
Таърихи таваллуд | 2 сентябр 1897 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 март 1970 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таҳлили риёзӣ[d], Геометрияи таҳлилӣ, риёзиёт ва риёзидон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишТошмуҳаммад Қорӣ-Ниёзӣ хатмкунандаи Донишгоҳи Осиёи Миёна (1929), ректори ҳамин Донишгоҳ (1931—1933), Дар шаҳри Фарғона якумин мактаби типи навро ташкил кардааст(1917), соли 1920 ин мактаб бо курси дорулмуаллимини шаҳри Хуқанд ҳамроҳ карда шуда, ба техникуми таълиму тарбияи вилояти Фарғона табдил дода шуд ва Қорӣ-Ниёзӣ директори ин муассиса таъйин гардид. Комиссари Маорифи халқи Ӯзбекистон ва дар айни замон раиси президиуми кумитаи Илми назди Шӯрои комиссарони халқи Ӯзбекистон (1937—1938), мудири кафедраи математикаи Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи Тошкент (аз соли 1939) буд. Ҳамчунин дар вазифаҳои муовини раиси Шӯрои комиссарони халқи Ӯзбекистон (1939—11111943), раиси президиуми филиали Ӯзбекистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1940—1943), аъзои президиуми Академияи илмҳои Ӯзбекистон (1947—1962) ва раиси шуъбаи физика-математикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон (1954—1960), сармуҳаррири маҷаллаи «Фан ва турмуш» (1939—1970) кор кардааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ташмухаммед Ниязович Кары-Ниязов(тоҷ.). www.kary-niyazov.uz. 2 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2019.
Адабиёт
вироиш- Усмонов Р. Устоз ва шогирдлар. T., 1969.
- Sulton Akbariy, Us tod (QoriNiyoziy xayotidan lavhalar). T. 1970.
- Sodiqov O. Biograficheskiye ocherki o deyatelyax obshestvennix nauk Oʻzbekistana, t.1. T. 1976.
Пайвандҳо
вироиш- Тошмуҳаммад Ниёзович Қорӣ-Ниёзӣ. Сайти «Герои Страны».
- Советский Энциклопедический Словарь — Кары-Ниязов Т. Н. Бойгонӣ шудааст 2 феврали 2019 сол.
- Большая Биографическая Энциклопедия.
- Сайт Академии наук Узбекистана Бойгонӣ шудааст 11 июли 2022 сол.
- Ташмухаммед Ниязович Кары-Ниязов(пайванди дастнорас)
- Академик Т. Н. Кары-Ниязов: жизнь и деятельность. Научно-популярный очерк
- С. В. Постников. Научные и публицистические работы академика Т. Н. Кары-Ниязова как источники по истории Узбекистана в годы Великой Отечественной войны Бойгонӣ шудааст 22 Декабри 2018 сол.