Тошхӯҷа Асирӣ

(Тағйири масир аз Тошхӯҷаи Асирӣ)

Тошхуҷа Асирӣ (1864, Хуҷанд3 март 1916, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон) — шоир ва рӯшанфикри тоҷик.

Тошхӯҷа Асирӣ
Таърихи таваллуд: 1864
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 3 март 1916(1916-03-03)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда

Зиндагинома

вироиш

Тошхӯҷа Асирӣ валади Эшонхӯҷа шоири маорифпарвари тоҷик соли 1864 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи сангтарош ба дунё омада, дар синни 16 солагӣ аз падар ятим мондааст. Асирӣ маълумоти ибтидоиро дар Хуҷанд гирифта, соли 1882 барои такмили дониш ба Хӯқанд меравад ва дар мадрасаи он ҷо таҳсили илмро давом медиҳад. Соли 1890 ба зодгоҳи худ баргашта, пешаи падарро идома медиҳад ва аз сангиосиётарошӣ таъмини маишат мекунад. Асирӣ ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Хуқанд забони русиро омӯхта, аз матбуоти даврии русию туркизабони Осиёи Миёна ва Қафқоз баҳравар шудааст. Ошноӣ бо матбуоти русӣ ҷаҳонбинии Асириро хеле васеъ намуд, ақидаҳои маорифпарварии ӯро устувортар кард. Акнун вай ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ривоҷи илмҳои дунявӣ, тарақкиёти техникӣ, таълиму маориф ҷиддитар диққат медодагӣ шуд.

Асирӣ яке аз тарғибкунандагони илмҳои дунявӣ буд. Вай дар ин масъала илму техникаи русро мисол оварда, барои аз худ намудани илмҳои дунявӣ омӯхтани забони русиро зарур шумурдааст. Бинобарон дар насиҳати фарзандаш гуфтааст:

Зи илму касби обо тӯша андӯз,
Дигар илму забони аср омӯз.
Ҳамон илме, ки дунё созад обод,
Туро созад зи банди ҷаҳл озод.

Асирӣ як силсила ашъори ҳаҷвӣ дорад, ки муллоҳои ҷоҳил ва боёни ситампешаро беҳарос масхараю расвои олам кардааст. Асирӣ бо шоирони тоҷику узбек Айнӣ, Таҷаллӣ, Ҷавҳарӣ, Муқимӣ, Фурқат, Завқӣ, Хислат ва ғайраҳо алоқаи дустию эҷодӣ дошт. Шоир баъзе шеърҳои худро бевосита ба забони узбекӣ навиштааст. Ашъои Асирӣ ба тазкираю баёзҳои замонаш дохил шуда бошад ҳам, то Инқилоби Октябр ба таври алоҳида ба табъ нарсида буд. Ду маҷмӯаи дастнависи шеърҳои Асирӣ дар китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон маҳфуз аст.

Даргузашт

вироиш

Асирӣ 3 марти соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд аз дунё даргузашт.

Адабиёт

вироиш
  • Хӯҷаев, Ҷ. Асирӣ ва эҷодиёти ӯ. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2005. — 140 с.