Тухмбозӣ, тухмҷанг

Яке аз бозиҳои машҳури анъанавии бачагон, ки дар идҳои Наврӯз, Қурбон ва Фитр бо тухми пухтаи мурғ бозида мешавад. Бачаҳо тухмҳоро нўг ба нўг мезананд, тухми кадоме, ки тухми дигареро шикаст, он тухми шикастаро моли худ мекунад. Дар охир тухми яке аз бачаҳо пирўз шуда, ҳамаи тухмҳои дигаронро ба шикаст мерасонад. Шахси ғолиб тухмҳои бурдаашро боз бо дўстону рафиқонаш тақсим карда, бо ҳам мехўранд. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 196