Open main menu

Тӯтӣ Ғаффорова ( 20.09.1916, ш. Хуҷанд – 25.11.1986, ш. Душанбе) — ҳунарпешаи театру кино Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1953), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1957).

Тӯти Ғафорова
Тӯти Ғафорова
Санаи таваллуд:

20 сентябр 1916(1916-09-20)

Зодгоҳ:

Хуҷанд

Санаи марг:

25 ноябр 1986(1986-11-25) (70 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Касб:

ҳунарпешаи театр ва кино

Мукофотҳо:

Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»

ЗиндагиномаВироиш

Тӯтӣ Ғаффорова cоли 1931 Техникуми педагогии занонаи ш. Самарқандро хатм карда, дар Театри драмаи мусиқии ҳамин шаҳр заҳмат кашидааст. Солҳои 1936-1941 ҳунарпешаи Театри мусиқии тоҷик (аз соли 1940 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ) ва 1942-1972 (нафақа) ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ -драмавии ба номи Лоҳутӣ буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) чун узви фаъоли бригадаи театри фронтии тоҷик дар майдонҳои набард ба ҷанговарони шӯравӣ хидмати маданӣ расондааст. Дар қариб сад намоишнома, аз қабили «Рӯдакӣ», «Тӯй», «Иродаи зан», «Шоҳ Лир», «Муфаттиш», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Духтари бебисот», «Ҷон модаракон», «Бозиҳои бераҳмона», «Любов Яровая», «Сароби хунин», «Дар фироқи ту», «Суханони соядор» нақшҳои марказӣ бозида, тавассути қаҳрамононаш занонро ба мубориза баҳри мустаҳкам кардани ҳаёти нав, зидди беадолатӣ ва маҳрумият даъват менамуд. Дар кинофилмҳои тоҷикии «Дӯсти ман Наврӯзов», «Минтақаи парвоз», «Ҷӯра- Саркор», «Хокистари сӯзон», «Чор тан аз Чорсанг» ва ғайраҳо симоҳои хотирмон офаридааст. Бо се ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз шудааст.[1]

АдабиётВироиш

  • Абдушукурова Т. Моя любимая актриса – Тути Гаффарова, Худжанд, 2001.

НигаредВироиш

МанбаъВироиш

  1. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012. — C.83