Убайдулло Қурбон

(Тағйири масир аз Убайдулло Қурбанов)

Убайдулло Абдулло Қурбон (Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич; зод. 20 декабри 1961, деҳаи Кӯрқудуқ, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — микроҷарроҳ, ҷарроҳи тармиму пластик, ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ (2000), доктори илмҳои тиб (2004), профессор (2007), узви вобастаи АИТТ (аз соли 2014). Раиси Кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни бонувону ҷавонон (аз 2010).

Қурбон Убайдулло Абдулло
Убайдулло Қурбонов
Таърихи таваллуд 20 декабр 1961(1961-12-20) (63 сол)
Зодгоҳ деҳаи Кӯрқудуқи ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1984)

Зиндагинома

вироиш

Убайдулло Қурбон хатмкардаи факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1984). Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1984—1986), ҷарроҳ (1987—1997) ва мудири шуъбаи ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ (1997—2003), муовини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина (2003—2005), ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (аз августи 2005 то 2016) буд. Аз соли 2016 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаҳри Данғараи вилояти Хатлон мебошад. Дар марказҳои бузурги тиббии Россия (Москва, Санкт-Петербург), Олмон (Франкфурти лаби Майн, Гиссен) ва Австрия (Залсбург) такмили ихтисос кардааст. Убайдулло Қурбон ҳар сол беш аз 200 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом медиҳад. Дар тӯли фаъолияти кориаш беш аз 5600 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидааст (аксари онҳо ҷарроҳиҳои нодир ва мураккаб мебошанд).

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи беш аз 300 асару мақолаҳои илмист.

Убайдулло Қурбонов ҷарроҳи чирадаст буда, амалиёти ҷарроҳиро бо маҳорати хос ва дараҷаи олии тахассусӣ иҷро мекунад. Яке аз пешоҳангони микроҷарроҳии барқарорсозанда дар Тоҷикистон аст. Тадқиқоти Убайдулло Қурбонов ба реплантатсияи ангуштон, панҷа ва бандҳои калони андомҳои поёну боло, истифодаи техникаи микроҷарроҳӣ дар амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ оиданд. Нозукиҳои реплантатсияро муфассал омӯхта, вобаста ба тарзи осеб ва аҳамияти вазоифии банди қатъшаванда гузарондани реплантатсияро таъкид кардааст. Усулҳои гуногуни ҷарроҳии реконструктивию тармимиро таҳия ва дар амал ҷорӣ намуд, ки ба ҳифзи қобилияти ҳаётӣ ва беҳтар сохтани фаъолияти ангушти калони даст нигаронда шудаанд. Як силсила пажӯҳишҳои Убайдулло Қурбонов ба истифодаи микроҷарроҳии барқарорсозанда дар мавриди табобати чурраи шикам ва дермотензияи экспандерии қисми мӯйдори сар ҳангоми алопетсия бахшида шудаанд.

Дар анҷуману конфронс ва кунгураҳои дохилу хориҷи мамлакат (Тошкент, Саратов, Москва,Германия, Теҳрон, Исфаҳон, Австрия, Англия, Париж) бо маърӯзаву гузориш баромад кардааст. Муаллифи 56 пешниҳоди навоварӣ ва 8 ихтироъ мебошад. Сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Сино». Узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони пластикӣ, тармимӣ ва эстетикии Россия ва Аврупо (аз соли 1994), аъзо, яке аз муассисон ва вакили миллӣ (аз соли 1998) ва президенти (аз с.2002) Академияи Тиббии Ҷаҳонӣ (дафтараш дар шаҳри Залсбурги Австрия).

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Убайдулло Қурбонов дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ низ фаъолона ширкат меварзад. Дар 5 маҷлиси Кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки раисии онро Убайдулло Қурбонов ба уҳда дорад, 19 қонун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст (2011). Бо ташаббуси Убайдулло Қурбонов дар ДДТТ маҷаллаи илмию оммавии тиббӣ «Авҷи зуҳал» ба табъ расид (2010).

  • Экспандерная дермотензия в хирургическом лечении рубцовых алопеций и травматических дефектов волосистой части головы. «Анналы пластической, реконструктивной и эстетической хирургии», № 2, 2006;
  • Значение абдоминопластики в хирургии передней брюшной стенки. «Анналы пластической, реконструктивной и эстетической хирургии», № 3, 2006;
  • Новые подходы в хирургическом лечении послеожоговых рубцовых контрактур крупных суставов конечностей. «Анналы пластической, реконструктивной и эстетической хирургии», № 2, 2007;
  • Развитие и достижения реконструктивно-пластической хирургии в Таджикистане за 20 лет. «Актуальные вопросы реконструктивной и пластической хирургии», 2007;
  • Дефекты ушной раковины травматического характера и их хирургическое лечение. «Паёми Сино», № 4, 2008;
  • Ринопластика при посттравматических деформациях носа. «Паёми Сино», № 2, 2008;
  • Основы микрохирургии, Д., 2009;
  • Истилоҳот ва масоили пизишкӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. «Авҷи зуҳал», 2011, № 1.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барандаи ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1988), Мукофоти байналхалқии ба номи Суқрот («Socrates International Award»; Оксфорди Британияи Кабир, 2007). Профессори фахрии Донишгоҳи байналхалқии Вена (2009). Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2013)[1].

  1. Фарҳанги тибби ниёгон / тартибдиҳандагон У. Қурбон ва А. Раҷабзод.‒ Д.: СИ ЭМТ, 2016. ‒ С. 775. ‒ 776 с. ‒ ISBN 978-99947-33-73-6.

Сарчашма

вироиш