Уктам Муртазаев
Уктам Муртазаев – олим, ҷуғрофидони тоҷик, доктори илмҳои ҷуғрофия, профессор. Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2010). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007).
Уктам Исматович Муртазаев | |
Таърихи таваллуд | 10 феврал 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Фазои илмӣ | ҷуғрофия |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2007) |
Зиндагинома
вироишУктам Муртазаев 10 феврали соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
- 1976 – факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст, ихтисос: муҳандис-гидротехник;
- 1976-1993 – асситент, муаллими калони кафедра дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 1993-1994 – сардори хидматрасонии топографӣ Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ВМ ҶТ;
- 1994-1996 – муаллими калони кафедра дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 1996-2003 – муаллими мактаби миёнаи № 14, Қӯшунҳои сарҳадии Русия дар Душанбе;
- 2003-2007 – дотсент, профессори кафедра дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
- 2007-2015 – профессор, мудири кафедраи ҷуғрофияи табиӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
- Аз соли 2015 то ҳоло – профессори кафедра дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе.
Фаъолияти илмӣ
вироишУктам Муртазаев муаллифи 178 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Рисолаи номзади илмро соли 1987 дар шаҳри Минск ва рисолаи докториро доир ба мавзӯи “Эволюция природных комплексов водохранилищ Таджкистана и их влияние на прилегающие ландшафты” соли 2005 дар шаҳри Бишкек, дифоъ намудааст. Мавзӯи илмии ӯ таҳқиқи истифодабарии комплекси обанборҳои Тоҷикистон дар хоҷагидорӣ, бехатарии экологӣ ва ҷуғрофияи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Осор
вироиш- Природная среда и водохозяйственное строитедьство. Уч. Пособие. Душанбе, 1991, - 56 с.,
- Экономическая и социальная география мира. Учебник для ВУЗов. - Душанбе:Ирфон, 2003, - 392 с. (ҳаммуаллиф Саидов Х.),
- Водохранилища Таджикистана и их влияние на прилегающие ландшафты. – Душанбе:Ирфон, 2005, - 304с.,
- Экология и безопасность жизнедеятельности. Учебник для ВУЗов. - Душанбе:Ирфон, 2006, - 286 с. (ҳаммуаллиф Саидов Х.),
- Экономическая и социальная география зарубежных стран. Учебник для ВУЗов. - Душанбе:Ирфон, 2010, - 688 с.,
- Управление водными ресурсами Центрально-азиатского региона: проблемы и пути их решения (минимизации). - Душанбе:Ирфон, 2016, - 212 с., (ҳаммуаллиф Мавлони М.С.) ва диг.