Умеда Ғаффорова
Умеда Ғаффорова (19.04.1964, Душанбе) — шарқшинос-филолог, доктори илмҳои филологӣ (2005).
Умеда Ғаффорова | |
| |
Таърихи таваллуд | 19 апрел 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Институти илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | ҷоизаи адабии вилояти Суғд ба номи Маҳастӣ; Ҷоизаи байналмилалии қуръоншиносон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) |
Зиндагинома
вироишУмеда Ғаффорова факултаи забонҳои шарқи ДДТ ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст (1985). Аспиранти кафедраи филологияи араби ДДТ ба номи В.И. Ленин (1985-90), ходими хурди илмии шуъбаи тамаддуни Осиёи Марказии Пажуҳишгоҳи шаркшиносии Академияи илмҳои ҶТ (1990-1992), дотсенти кафедраи забоншиносии умуми ва таърихи забон (1992-1998), дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик (1998-1999), мудири кафедраи филологияи араб (1999-2002), нахустин декани факултаи забонҳои шарк (2002-2006), профессори кафедраи филологияи араб (аз с.2006), мудири кафедраи грамматикаи забони араби (2006-2007), ноибректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба робитаҳои байналхалқӣ (2007-2012); Солҳои 2015-2017 декани факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров; Аз солҳои 2012-2015 директори Институти илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2017 то ҳол).[1]
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи 2 монография, 1 маҷмуаи мақолот, 2 дастурҳои таълимӣ-методӣ ва беш аз 200 мақолаи илмӣ-тахқиқотӣ оид ба масоили шарқшиносӣ, робитаҳои адабиву фарҳангии арабу аҷам аст. Ӯ дар таҳияи матни «Таърихи Табарӣ» (Душанбе, 2000, ҷ.2), «Девони Махфӣ» (Хуҷанд, 1998), тарчумаи китоби «Фозилони Хуҷанд»-и Райҳона Хотун (Хуҷанд, 2000) ҳиссагузор аст. У "Ахлоқи Носирӣ"-и Насируддини Тӯсиро ба забони русӣ тарҷума кардааст (2015) ва бо ҳаммуаллифӣ бо академик Носирҷон Салимов "Ахлоқи Носирӣ"-ро ба забони тоҷикӣ(2009), ҳамчунин "Хатму-л-авлиё"(2016) ва "Наводиру-л-усул"-и Ҳаким Тирмизиро (2016) аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Иштироккунандаи як катор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Душанбе, 1996; Табрез, 1996; Техрон, 1999, 2001; 2011; Ироқ, 2002; Дехли, 2006, 2008, 2010, 2012, 2015; Лакҳнав, 2017; Хуҷанд, 2007, Милан, 2014, 2017; Москва, 2015; Берлин, 2010,2015; 2017; Вена, 2015, Прага, 2015; Сантйяго де Кампастелла, 2010, Фаро, 2014; Тарту, 2017; Алмаато, 2014, 2017; Астана, 2014;2017; Ашқобод, 2014, 2015 ва ғайра) мебошад. [2]
Осор
вироиш- Арабское красноречие (хутба) в ранние века ислама. - Худжанд: Гос. из-во им. Р.Джалила, 1995;
- Киссаҳои Куръон дар «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» (таҳқиқи муқоисавӣ-таърихӣ). - Хуҷанд: Ношир, 2004;
- Сказание Корана в персидском переводе «Тафсира Табарӣ» (историко-сравнительное исследование): Дисс...доктора филол. наук. – Д., 2004;
- Робитаҳои адабии арабу аҷам. Маҷмӯаи мақолаҳо. – Хуҷанд, 2015.
- Инкишофи нутқи шифоҳии араб. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2004 (бо ҳаммуаллиф А.Ҳамдан).[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Умеда Ғаффорова(тоҷ.). www.hgu.tj. 8 октябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 151-152.
Пайвандҳои беруна
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |