Файзулло Наҷмиддиниён
Файзулло Наҷмиддиниён (Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб, то соли 2021 Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович; 5 феврали 1964, деҳаи Дубеда, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2013). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2017). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 2012). Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2020).
Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб | |
Ном ҳангоми таваллуд | Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович |
Таърихи таваллуд | 5 феврал 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишФайзулло Наҷмиддиниён 5 феврали соли 1964 дар деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1986 Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти руси Тоҷикистонро бо ихтисоси «муаллими забон ва адабиёти рус» хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
вироишФайзулло Наҷмиддинов солҳои солҳои 1981—1994 дар мактабҳои миёнаи № 20, № 22 ва № 47, ноҳияи Файзобод ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти рус кор кардааст. Баъдан солҳои 1994—2001 мушовири шуъбаи маорифи ноҳия, солҳои 2001—2007 мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2007—2008 мудири шуъбаи иҷтимоиёт, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2008—2011 мудири бахши иҷтимоиёт, фарҳанг ва робита бо чомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва дар солҳои 2011—2015 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Файзобод[1] кор ва фаъолият кардаву аз апрели соли 2015 то соли 2020 дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод кор кардааст[2].
Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[3].
Фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ
вироишФайзулло Наҷмиддиниён муаллифи 4 китоб ва беш аз 250 мақолаҳои илмию оммавии дар рӯзномаву маҷаллаҳо банашррасида мебошад.
Ҷоизаву медалҳо
вироишОсор
вироиш- Хотира. Д. : Шарқи Озод, 2010.
- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д. : Эр-граф, 2011. СИЭМТ, — 392 с. — ISBN 978-99947-33-48-4
- Файзобод (Вашгирд) — ёдгори Ориё. Д. : Кондор, 2014.
- Мафтуни қалам. Д. : Эр-граф, 2016.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Асоси пойдории ҷомеа. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". www.jumhuriyat.tj. 5 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ Комёбиҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест(тоҷ.). Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. sadoimardum.tj. 5 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб. parlament.tj. МНМО ҶТ. 16 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Январ 2021.
- ↑ Фармони Президеити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.03.2010. № 848.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.08.2014. № 245.
- ↑ Қарори коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.1995, № 2.
- ↑ Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.08.2013, № 30-У.
- ↑ Фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.08.2017, № 83-У.