Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ (ДДФСТ)

Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ — яке аз факултаҳои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" мебошад.

Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ
Соли таъсисёбӣ 1973
Донишҷӯён зиёд. 450

Таърихи факулта

вироиш

Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ моҳи сентябри соли 1973 таъсис ёфта, алҳол дар сохтори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода мақоми хоса дорад. Ҳоло декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Бозорбой Холов мебошад. Аксарияти омӯзгорони факулта дорои унвонҳои илмӣ буда, хатмкардаи Донишгоҳҳои фарҳангии шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург ба ҳисоб мераванд. Факулта дар ҳайати худ 1 (як) кафедраи тахассусӣ дорад:

  1. Китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва бойгоншиносӣ

Дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факулта зиёда аз 450 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Алҳол тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ду ихтисос ба роҳ монда шудааст:

1-23 01 11-03- китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ
1-23 01 13 01 – бойгоншиносӣ

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун марҳилаи сифатан нави ҷомеа барои васеъ гардонидани доираи фаъолияти факулта мусоидат намуд. Бо шарофати ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ имконияти моддӣ ва ақлонию зеҳнии факулта бозҳам фарохтар гардида, дастовардҳои он дар самти омодасозии мутахассисон бештар гардиданд. Бо ширкати омӯзгорони факулта як силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию-оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» таҳия гардидааст. Таълим дар лабораторияҳои махсус, ки бо техникаи замонавии компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, гузаронида мешаванд. Устодон дар корҳои худ аз технологияи муосири интернетӣ истифода мебаранд. Дар факулта тайёр намудани мутахассисон аз рӯи низоми бакалавриат, магистратура ва аспирантура ба роҳ монда шудааст. [1].

Сарчашма

вироиш

Сомонаи донишкада Бойгонӣ шудааст 25 сентябри 2019  сол.

  1. Сомонаи ДДФСТ. www.ddst.tj (2019-02-3). 3 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)