Факултаи санъаи театрӣ (ДДФСТ)
Факултаи санъати театрӣ — яке аз факултаҳои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" мебошад.
Соли таъсисёбӣ | 1967 |
---|---|
Донишҷӯён | зиёд. 250 |
Самти фаъолияти факулта
вироишФакултаи санъати театрии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” яке аз марказҳои асосии тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати театрии кишвар ба шумор меравад. Кафедраи маҳорати актёрӣ соли 1967 дар назди факултаи санъат таъсис ёфтааст. Факулта соли 1973 бо номи факултаи иҷрокунандагӣ фаъолиятро идома дода, соли 1980 дар заминаи кафедраи маҳорати актёрӣ, хореография, режиссура, овозхонию тайёрии операвӣ бо номи факултаи театрӣ – бадеӣ таъсис ёфт ва соли 2016 ба факултаи театр, кино ва телевизион ва моҳи январи соли 2020 ба факултаи санъати театрӣ табдили ном кард. Айни ҳол декани факултаи театр, кино ва телевизион, дотсент Рустамҷон Воҳидов мебошад.
Сохтор ва дастпарварони факулта
вироишДар факулта зиёда аз 250 нафар донишҷӯ таҳсил доранд. Ба донишҷӯёни факултаи санъати театрӣ докторон, профессорон, номзадҳои илм, дотсентон ва саромӯзгорон, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Ҳошим Гадо, номзади илмҳои фалсафа, профессори фахрӣ Гулчеҳра Нуъмонова, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Тағоймурод Розиқов, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи профессор Қурбони Собир, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунанддаи вазифаи профессор Муҳаммадҷон Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Раҷабгул Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Марям Исоева, Арбоби санъати Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодиров, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунанддаи вазифаи профессор Рустамҷон Воҳидов дарс мегӯянд, ки аксарият хатмкардагони ҳамин факулта мебошанд. Декани аввалини факултаи театрӣ – бадеӣ яке аз асосгузорони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аскар Абдураҳмонов таъйин гардид. Соли 1992 драматург Султон Сафаров, соли 1994 дотсент Умар Алиев, соли 1996 номзали илмҳои фалсафа, дотсент Гулчеҳра Нуъмонова, соли 1998 профессор Тағоймурод Розиқов, соли 2011 дотсент Санавбар Мирмуллоева, соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи профессор, Рустамҷон Воҳидов сарвари факулта таъйин гардида, барои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси театри касбии тоҷик хидмати шоиста кардаанд. Номи неки кормандони маъруфи саҳнаи тоҷик, ки барои пешрафти санъати театрӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа нақши арзанда гузоштаанд, дар лавҳи хотири дӯстдорони санъати театрӣ ҷойгузин гардидааст. Устодони ҳунари актёрӣ Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Борис Бибиков, Аслӣ Бурҳонов, Султон Сафаров, Маҳмудҷон Воҳидов, Салоҳиддин Солеҳов, Аҳмадҷон Қодиров, Маҳрам Файзов, Исо Абдурашидов (равонашон шод бод!) ва шахсиятҳои шинохта, аз қабили Аскар Абдураҳмонов, Назар Назаров, Дилбар Абдушукурова, Умар Алиев, Соро Музофиршоева, Ҳотам Нуров, Малика Ҷурабекова ва Шералӣ Абдулқайсов дар солҳои гуногун дар факулта ба шогирдон дарс гуфтаанд ва имрӯз анъанаҳои неки онҳоро устодон давом дода истодаанд. Хатмкардагони факултаи мазкур, аз ҷумла Савриниссо Сабзалиева, Нурулло Абдуллоев, Саодат Азизова, Ортиқ Қодиров, Фаррух Қосимов, Сабоҳат Қосимова, Баҳодур Миралибеков, Қурбони Собир, Давлатзода Лутфулло, Қиёмиддин Чақалов, Нурулло Абдуллоев, Толибҷон Бобоев, Шавкат Халилов, Мирзоватан Миров, Давлат Убайдуллоев, Асалбег Назриев, Абдумумин Шарипов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Асалбег Назриев имрӯзҳо дар театрҳои касбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти пурсамар доранд. Довталаби шуъбаи актёри драма ва кино бояд дорои қаду қомати баланд, ҳусни зебо ва қобилияти хуби наттоқӣ ва суханварӣ бошад, осори адибони классику муосир ва ҷаҳонро донад ва таъриху забони худро гиромӣ дорад. Довталаби шуъбаи актёри драма ва кино пеш аз супурдани имтиҳонҳои тестӣ имтиҳони эҷодиро дар донишкада месупорад. Дар ҷараёни таҳсил довталаб тахассусҳои омӯзиши маҳорати актёрӣ, ҷанги саҳна, ҳаракати саҳна, шиноварӣ, аспдавонӣ, ронандагӣ, рақс, сурудхонӣ, тағйири чеҳра ва тарзи суханвариро дар сатҳи касбӣ меомӯзад. Имтиҳони тахасусӣ дар атрофи талаботи зерин доир мегардад: 1. Иҷро намудани этюд дар мавзӯъи аз ҷониби устодон пешниҳод шуда, нақл кардани зарбулмасл, мақол, тезгӯяк 2. Қироати порчаи насрӣ, шеър ва нақл намудани латифа ва тақлидкорӣ. 3. Қироати шеър аз шоирони классикӣ ва муосир 4. Қироати порчаи насрӣ аз асарҳои бадеӣ 5. Масалҳо 6. Хондани суруд 7. Иҷро намудани рақс 8. Иҷро намудани этюде, ки довталаб омода кардааст 9. Санҷиши қувваи ҳофиза ва ритм 10. Мушоҳидакорӣ, шунидан, дидан ва баҳо додан. 11. Навохтан дар сози мусиқӣ (барои онҳое, ки навохта метавонанд) 12. Қобилияти расмкашӣ
Кафедраҳои тахассусӣ
вироишИмрӯзҳо факулта дар ҳайати худ ду кафедра:
- 1. кафедраи тахассусӣ – санъати актёрӣ, шуъбаи драматургия, шуъбаи режиссёри драма (магистр),
- 2. кафедраи заминасози ҳунарҳои актёрӣ бо номи “Нутқ ва ҳаракати саҳна” дорад.
Дар факултаи санъати театрӣ аз рӯи ихтисосҳои
- актёри драма ва кино,
- режиссёри драма (магиср)
- драматургия мутахассис тайёр карда мешавад.
Барои баланд бардоштани маърифати донишҷӯён омӯзгорони кафедраи маҳорати актёрӣ ва кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна дастурҳои таълимӣ ва методӣ ба чоп расондаанд. Аз ҷумла, китоби дуҷилдаи “Ситеғи ҳунар” – и Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Абдулқайсов, “Фаррухнома” – и Қурбони Собир, “Место и значения пластики в таджикской культуре” – и дотсент Г. Нуъмонова, китоби ҳаштҷилдаи “Рисолати касб” – и дотсент Рустамҷон Воҳидов ва зиёда 210 ҷилд китоби профессор Ҳошим Гадо, мавриди истифодаи донишҷӯён ва аҳли санъати кишвар қарор гирифтаанд.
Манбаъ
вироишСомонаи донишкада Бойгонӣ шудааст 11 октябри 2020 сол.