Фармондорӣ
Фармондорӣ (форсӣ: فرمانداری) — ба мансаб ё сохтмони маҳалли истиқрори як фармондор гуфта мешавад. Дар Эрон ҳар устон ба чандин шаҳристон тақсим шуда ва шахси масъули ҳар шаҳристонро фармондор мегӯянд.
Дар маънии қадимитар ва пеш аз истиқрори тақсимоти кишварии имрӯзӣ, ба волиёни воҳидҳои мухталифи сиёсӣ, ки аз сӯи шоҳ ё халифа дорои фармони волигарӣ буданд фармондор гуфта мешуд. Дар Амрико ба масъули як иёлат фармондор (Governor, Gubernatorial) гуфта мешавад.
Воҳиди тақсимоти кишварии Эрон | Масъул | Ниҳоди муртабит | Марказ |
---|---|---|---|
Кишвар | Вазири кишвар | Вазорати кишвар | Пойтахт |
Устон | Устондор | Устондорӣ | Маркази устон |
Шаҳристон | Фармондор (вижа) | Фармондорӣ (вижа) | Маркази шаҳристон |
Бахш | Бахшдор | Бахшдорӣ | Маркази бахш |
Деҳистон | Деҳдор | Деҳдорӣ | Маркази деҳистон |
Шаҳр | Шаҳрдор | Шаҳрдорӣ | надорад |
Русто | Деҳёр | Деҳёрӣ | надорад |
Ҷусторҳои вобаста
вироишЭзоҳ
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи Эрон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |