«Фарҳанги Онандроҷ» (форсӣ: فرهنگ آنندراج‎) — фарҳанги тафсири форсии Муҳаммади Подшоҳ, ки дар соли 1880 таълиф шудааст.

Фарҳанги Онандроҷ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
Document file on Wikimedia Commons
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар «Фарҳанги Онандроҷ» калимаҳо ба тартиби алифбон форсӣ ҷой гирифтаанд. Мансубияти калимаҳо ба ин ё он забон ба воситаи аломатҳои шартӣ (а. — арабӣ, ф. — форсӣ, т. — туркӣ, ҳ. — ҳиндӣ ва ғайра) ишора шудааст. Маъхазҳои истифодашуда низ аломатҳои шартӣ доранд. Б. — «Баҳори Аҷам», Р. — «Бурҳони қотеъ», Ҳ. — «Ҳафт қулзум» ва ғайра. Соли 1956 дар Теҳрон (9 ҷилд) нашр шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги Онандроҷ / В. Капранов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).