Фаттоҳ Ҳалимович Азизов (тав. 1 майи соли 1949, деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1996), профессор (1997). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005).

Фаттоҳ Азизов
Фаттоҳ Ҳалимович Азизов
Таърихи таваллуд 1 май 1949(1949-05-01) (75 сол)
Зодгоҳ деҳаи Шайхбурҳон ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Корхонаи илмӣ-истеҳсолии ҷумҳуриявии «Шамъ»-и Вазорати кишоварзӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1971). Солҳои 1971 – 1973 таҷрибаомӯзи Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1973 – 1977 муҳаққиқи коромӯз ва аспиранти Институти марказии иқтисодиёту математикаи АИ СССР, 1977 – 1978 ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1978 – 1997 муаллими калон, дотсент, профессор кафедраи «Назарияи иқтисодиёт»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Аз. соли 1980 ҳамзамон директори Корхонаи илмӣ-истеҳсолии ҷумҳуриявии «Шамъ»-и Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оид ба таҳлили бонизоми идораи истеҳсолоти саноатӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, консепсияи таҳия ва такмили идораи истеҳсолоти кишоварзӣ, ҷанбаҳои минтақавии сиёсати хазинадорӣ ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ беш аз 100 таълифот, аз он ҷумла 38 китоб, 8 рисола ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ба табъ расондааст. Асарҳояш дар Россия, Хитой, Чехия, Словакия нашр шудаанд. Профессор фахрии Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Чехия (1994), профессор фахрии Донишкадаи забонҳои хориҷии Нинсяи ҶХХ (1998) мебошад. Иштирокдори конференсияҳои байналмилалист.

  • Проблемы комплексной автоматизации управления агропромышленным производством региона, Прага, 1990;
  • Словарь-справочник терминов рыночной экономики, М., 1992;
  • Поддержка управленческих решений, М., 1994;
  • Словарь-справочник финансово-экономических терминов рыночной экономики, ҶХХ, 1997;
  • Методология принятия управленческих решений в условиях рыночной экономики, Х., 2000;
  • Региональные аспекты фискальной политики, М., 2004;
  • Бюджетноналоговый терминологический словарь (с англ. эквивалентами), Екатеринбург, 2006;
  • Курси назарияи иқтисод, иборат аз 3 қисм, Х., 2009; Танзими муносибатҳои иқтисодии гумрукӣ, Х. 2009.

Сарчашма

вироиш