Фатҳиддин Муҳаммадов

Фатҳиддин Абдулҳамидович Муҳаммадов (9.02.1941, Душанбе ) — муҳандис, ихтироъкори ҳавопаймо (авиаконструктор), олим. Номзади илмҳои техникӣ.

Фатҳиддин Муҳаммадов
Фатҳиддин Абдулҳамидович Муҳаммадов
Таърихи таваллуд 9 феврал 1941(1941-02-09)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Маҳалли даргузашт
Пеша олим

Зиндагинома

вироиш

Фатҳиддин Абдулҳамидович Муҳаммадов 9 феврали 1941 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи русии № 12 Душанбе таҳсил намудааст (1960). Аз соли 1950 дар маҳфили авиамоделсозии Хонаи пионерони шаҳри Сталинобод (ҳоло – Душанбе) иштирок карда, чун узви Аэроклуби ш. Сталинобод ба ҳайси лочин - варзишгар дар планеру тайёраҳои А-2, МАК-15, L-13, ЯК-12 ва ЯК-18 парвоз намудааст. Аввалин ҳавопаймои худро дар Хонаи пионерон соли 1958 дар 17-солагиаш ихтироъ кардааст, ки он “Душанбе-1” ном дошт. Баъди хатми факултети механикии Институти инженери авиатсияи граждании Рига (Латвия) аввал ассистент (1967-1970), сипас аспиранти кафедраи аэродинамика ва динамикаи парвоз (1970-1973) будааст. Соли 1973 дар мавзӯи “Хусусиятҳои аэродинамика ва динамикаи тайёраи мусофиркаши фавқуссадои ТУ-144” рисолаи номзади дифоъ кардааст. С. 1974-1981 корманди масъули кафедраи лоиҳакашии тайёраҳои Институти авиатсионии Москва. Бо ташаббуси ӯ дар Тоҷикистон сохтмони корхонаи азими авиатсионӣ, таълими инженерон ва мутахасисони ин корхона дар шаҳрҳои Комсомолски соҳили Амур, Иркутск, Новосибирск ва Москва ва дигар шаҳрҳои Русия шурӯъ гардид, ки директории сохтмони мазкур ба зиммаи ӯ буд (1980-1985). Сардори (сарихтироъкори) нахустин дар Осиёи Марказӣ Бюрои таҷрибавии конструктории тайёрасозии (БТК) филиали Корхонаи мошинсозии ба номи А.И.Микояни Москва (1987-1991).

Эҷодиёт

вироиш

Дар ин муддат дар БТК филиали Душанбе аввалин лоиҳаи тайёраи дуҷояи таълимию машқии “Душанбе-2” (Юлия) барои омӯзиши ибтидоӣ тарҳрезӣ шуд, ки мебоист соли 1990 дар корхонаи навбунёд истеҳсол мегардид, вале пошхӯрии СССР ва оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон ба ин халал расонид. Дуюмин лоиҳаи Бюрои таҷрибавии конструктории тайёрасозии (БТК) тарҳрезии тайёраи боркашу мусофирбари 50-ҷояи “Евразия-50” буд (1989-1991). Ин тайёра барои кишварҳои ҳарорати ҳавояшон то 50 дараҷа гарм ва фурудгоҳашон то 4000 м баланд аз сатҳи баҳр таъйин гардидааст. Лоиҳаи сеюми филиали (БТК) Тоҷикистон тайёраи маъмурии 8-12-ҷояи (варианти дуюмаш -50-ҷояи) “Авиамастер” (МИГ-119) буд, ки ба он Ин.-ути марказии аэродинамикии Россия (ЦАГИ) баҳои хеле баланд додааст (1991-93). Лоиҳаи чоруми БТК тайёраи таълимию машқии “Интеграл” – МИГ мебошад (1990). С. 1985-1990 бо Институти давлатии илмӣ-тадқиқотии системаҳои авиатсионӣ (ГОСНИАС) лоиҳаи тайёраи шикории (қиркунандаи) фавқулманёврро мустақилона тадқиқ намуд. Ҷанги шаҳрвандии дохилии кишвар (1992-1997) барои давом додани фаъолияти тадқиқотиаш имконият надод ва ихтироъкор ба Москва бозгашта (1992), ширкати хусусии “ТОО Бюрои таҷрибавию коструктории “ЕврАзия”-ро таъсис дод.

Муаллифи чандин асари илмӣ доир ба соҳаи авиатсия, аз ҷумла ҳаммуаллифи китоби машҳури “Тарҳрезии тайёраҳои сабуквазн”-и А.А.Бодягин, доктори илми техникӣ, профессори Институти авиатсионии Москва мебошад. Фатҳиддин Муҳаммадов соҳиби патенти №2052367 (тайёраи манёврӣ, 1992), патенти №5054622 (тайёра-аэробуси бисёрҷояи бору мусофирбар, 1993), патенти №2166462 (тайёраи шикорӣ - қиркунандаи сериал, 2000) аст. Ҷамъ 23 тайёраи гуногунтамғаро ихтироъ кардааст.[1]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С.88-89. ISBN 978-99947-958-2-6 (тоҷ.)