Фатҳиддин Тешаев
Фатҳиддин Тешаев (3 апрел 1961, Доробӣ, ноҳияи Ховалинг — 12 октябр 1992, ноҳияи Кушониён, Вилояти Қурғонтеппа) — овозхони тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1993).
Таърихи таваллуд | 3 апрел 1961 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 12 октябр 1992 (31 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Зиндагинома
вироишФатҳиддин Тешаев 3 апрели 1961 дар деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро ба поён оварда, дар н. Бохтар ба ҳайси мудири хонаи маданият, роҳбари бадеии ансамбл, директори Мактаби бачагонаи мусиқӣ фаъолият намудааст. Тӯли ҳунарнамоии кӯтоҳмуддат зиёда аз ҳафтод суруд ба савғо овардааст, ки аз миёни онҳо «Орзу», «Дил рафт зи тан берун», «Таолаллоҳ», «Даврони ту», «Коммунист», «Ба ноз ба ноз», «Афсӯс», «Туро хоҳам», «Фарёди ишқ», «Лайливу Маҷнун», «То боди сабо», «Булбули шӯрида», «Дуру наздик», «Мемонад ба дил», «Бо ёр», «Нури ду дида», «Дарди ишқ», «Оҳи оташин» дар хазинаи Радиои тоҷик маҳфузанд.
Дар борааш филм бо номи «Интизории модар» ба навор бардошта шудааст.
Даргузашт
вироишФатҳиддин Тешаев 12 октябри соли 1992 бар асари як садамаи нақлиётӣ даргузашт[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Умари Шерхон. Силии модар. www.bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон (19 августи 2023). 22 Декабри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.