Ференс (Франс) Лист (1811-1886) — композитори бузурги олмонӣ, пианинонавоз, дирижёр, омӯзгор, нависандаи соҳаи мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ.

Ференс Лист
Ференс (Франс) Лист
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд олмонӣ: Franz Liszt
Таърихи таваллуд 1811(1811)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1886(1886)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1830
Кишвар
Пеша(ҳо) композитор
Соз фортепиано ва арғунун
Сабк симфонӣ, мусиқии килоссик[d] ва Hungarian folk music[d][4]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Лист мусиқиро аз К. Черни (фортепиано), А. Салери, Ф. Поэр ва А. Рейх (композитсия) омӯхтааст. Солҳои 1823-1835 дар Порис иқомат дошт ва дар он ҷо қобилияти худро чун пианинонавоз (аз сини 9-солагӣ баромад кардааст) муаррифи намуд ва фаъолияташро ҳамчун омӯзгор ва композитор оғоз кард. Робитааш бо ходимони адабиёту санъат – Г. Берлиоз, Н. Паганини, Ф. Шокен, В. Гюго, Ж. Санд, О. Балзак, Г. Гейне ва диг. ба ақидаи ӯ таъсири мусбат расонид.

Эҷодиёт

вироиш

Лист дар ҳаёти тӯлонии эҷодиёташ қариб 700 асар эҷод кардааст. Ба қуллаҳои баланди фаъолияташ симфонияи «Фауст» (аз достони Ҳёте), Данте – симфония, 13 достони симфонӣ («Прелюдаҳо», «Тассо», «Орфей» ва ғайра). 2 консерт барои фортепиано бо оркестр, Рапсодияҳои машҳури венгерӣ ва ғ. тааллуқ доранд. Ӯ муаллифи транскрипсияҳои фортепианӣ аз суруди Шуберт то симфонияи Бетховен; фантазияҳои барҷастаи консертӣ дар оҳангҳои операҳои Мотсарт, Белини, Мейрбер, Верди, Глинка ва диг. мебошад. Лист шакли нави (якқисма) достони симфонӣ, консерту сонатаҳоро ба вуҷуд овард; ӯ намояндаи калонтарин жанри барномавии мусиқии симфонӣ буд, ки сюжетҳоро аз асарҳои адабӣ гирифтааст. Ҳамчунин бисёри пиесаҳои фортепании ӯ барномавианд. Эҷодиёти Лист равшан миллист, мусиқии ӯ бо мағзи наво ва ритмҳои суруд ва рақсҳои халқӣ саршоранд. Лист – пианист дар таърихи санъати иҷрокунандагии фортепианӣ давраи навро кушод. Ӯ худро низ ҳамчун дирижёри опера ва симфонӣ дар сатҳи аъло нишон дод, ташвиқгари мусиқии классикӣ (аслан композиторони дӯстдоштааш – Мотсарт, Бетҳовен, Вагнер). Пианинавозони барҷаста: Г. Бюлов, К. Таузич, Э. д` Албер, Э. Зауэр, А. Зилоти, В. Тимаева ва диг. шогирдони Л. буданд. Ӯ дар Россия консертҳо додааст (1842, 1843, 1847), бо Глинка шинос буд, ба эҷодиёти композиторони «Дастаи мутақдир» ва Чайковский бо диққат назора мебурд.[5]

  1. 1.0 1.1 Риман Г. Лист (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 2. — С. 768—771.
  2. 2.0 2.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  3. Н. С. Лист, Франц (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XVIIа. — С. 759—760.
  4. Sullivan R. E., John B. Harrison / Richard E. Sullivan / Dennis Sherman A Short History of Western Civilization (ингл.) — 6 — Alfred A. Knopf, 1985. — P. 561. — 768 p. — ISBN 0-394-33966-5
  5. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 214-215 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)