Филми миллӣ
Филми миллӣ - филме ҳисоб меёбад, ки ҷавобгӯи яке аз талаботи зерин бошад:
- мундариҷаи филм, мавзӯи он муҳимтарин принсипҳои рушди фарҳанги тоҷик, хусусият, анъана ва ҷанбаҳои миллиро инъикос намояд;
- продюсери филм шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ, аз он ҷумла хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда бошад;
- на кам аз 50 фоизи ҳаҷми умумии корҳоро бо нархҳои смета ҳангоми истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиши филм ташкилотҳои кинематографии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;
- офарандагони асосии филм (муаллиф, таҳиягар, коргардон, оҳангсоз, рассом) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони дорои ду шаҳрвандӣ, шахсони воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматдошта, шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда бошанд.[1]