Фурқон Андич

ҳунарпешаи турк

Фурқон Андич (тур. Furkan Andıç); тав. 4 апрели 1990, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк.

Фурқон Андич
тур. Furkan Andıç
Ном ба ҳангоми таваллуд: Furkan Andıç
Таърихи таваллуд: 4 апрел 1990(1990-04-04) (34 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2007 — то ҳол
IMDb: ID 5230870
furkanandic.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Ӯ маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Аташеҳир гирифтааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2007 ба Украина барои идомаи таҳсил сафар намудааст. Ӯ соли аввал дар донишгоҳи техникии Киеви Украина омӯзиши омодагӣ ва забономӯзиро гирифтааст. Дар соли дуввуми дар шуъбаи иқтисод таҳсил кардааст. Аз сабаби шароити номуносиб дар системаи маориф, ӯ ба Истанбул баргашт. Пас аз муддате дар донишгоҳи Билгӣ дар бахши барномасозии радио ва телевизион ҳуҷҷатҳояшро супоридааст, аммо баъдтар дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2011-2012 ба шуъбаи визуалӣ ва тарроҳии Донишгоҳи Йедитепа гузаштааст.

Фаъолият вироиш

Ҳунарпешаи ҷавон фаъолияти ҳунарии худро аз таблиғотҳо сар кардааст. Баъдан дар силсилафилми Kolej Günlüğü ҳунарнамоӣ намудааст, ки дар шабакаи TNT пахш шудааст. Ӯ дар таблиғоти Eti Bi Dolu соли 2007, Vatan Computer соли 2008, Turkcell ва Marmara Forum AVM соли 2011 бозӣ кардааст. Дар силсилафилми Kolej Günlüğü, нақши Мертро тасвир кардааст.

Соли 2011 дар силсилафилми Umutsuz Ev Kadınları, ки ремейки силсилафилми амрикоии Desperate Housewives мебошад, бозидааст, ки дар Kanal D пахш шудааст. Ӯ дар силсилафилми Yağmurdan Kaçarken нақши Ҳорунро бозидааст. Соли 2012 дар силсилафилми машҳури Фериҳа (Adını Feriha Koydum: Emir'in Yolu), нақши хурдакаки Салимро дар миёни ҳунарпешаҳои маъруф Ҳазал Кая ва Чағатой Ӯлусой ҳунарнамоӣ намудааст. Соли 2017 дар нақши Гокҳан Туралӣ дар силсилафилми машҳури Ғунчаҳои захмӣ (тур. Kırgın Çiçekler), бо ҳунарпешаҳои машҳур Гокча Акйилдиз, Биран Далма Йилмаз, Озгур Чевик, Ипек Қарапинор, Ҳазар Мотан ва дигарон нақш офаридааст[1]. Ӯ нақши Салим Инан, яке аз нақшҳои асосиро дар сериали телевизионии Kaçak Gelinler бозидааст, ки моҳи июни соли 2014 ба пахш шурӯъ карда шуд ва бо ин нақш шуҳрат пайдо намуд. Соли 2016, ӯ дар силсилафилми телевизионии Tatlı İntikam нақши Синон Танкутро бозидааст[2][3]. Соли 2017 ӯ нақши асосиро ҳамчун Саваш ҳамҷуфти бо Айча Айшин Турон дар силсилафилми Марям (Meryem) бозидааст[4].

Соли 2009 дар силсилафилми 23 қисмаи «Her Yerde Sen», нақши Дамир Эрендирро бо ҳамҷуфтии Айбука Пусат бозидааст.

Соли 2020 ҳунарпеша дар силсилфилми ҳаҷвии "Ишқ дар зери бом" (тур. Çatı Katı Aşk) нақши Оташ, ҷавон аз оилаи сарватманд, ки хонаашонро тарк мекунад, тасвир мекунад, бо ҳунарпешаҳо Эзгӣ Шенлер, Селин Шакарҷӣ, Бодия Энер ва дигарон бозидааст.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Модараш боснӣ ва падараш трабзонӣ мебошанд. Фурқон дар оила писари ягона набуда, ду бародар дорад[5].

Моҳи январи соли 2018 Фурқон тасдиқ намуд, ки бо модел ва ҳунарпешаи турк Дилан Чичек Дениз робита дорад[6] вале моҳи ноябри худи ҳамон сол онҳо ҷудо шудаанд[7].

Филмнома вироиш

Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2011 Kolej Günlüğü Мерт Нақши асосӣ
2011 Umutsuz Ev Kadınları Левент Нақши дуввумдараҷа
2012 Yağmurdan Kaçarken Ҳорун Нақши дуввумдараҷа
2013 Aşk Ekmek Hayaller Алтан Нақши дуввумдараҷа
2014−2015 Kaçak Gelinler Салим Инон Нақши асосӣ
2015−2016 Ғунчаҳои захмӣ Гокҳан Турали Нақши дуввумдараҷа
2016 Tatlı İntikam Синон Йилмаз Нақши асосӣ
2017 Meryem (Марям) Саваш Саргун Нақши асосӣ
2019 Kardeş Çocukları Волкан Дамир Нақши асосӣ
2019 Her Yerde Sen Дамир Эрендил Нақши асосӣ
2020 Çatı Katı Aşk (Ишқ дар зери бом) Оташ Авҷӣ Нақши асосӣ
Филмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2017 Damat Takımı Умар Сарикая Нақши асосӣ
Филмҳои хурд
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2012 Bir Kurabiye Masalı Нақши асосӣ

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Andıç ‘Kırgın Çiçekler’de (26 August 2015). Проверено 28 августи 2015.
  2. [1]
  3. [2]
  4. "Hikaye ve Künye - Meryem". KanalD. Erişim tarihi: 21 Ağustos 2017.
  5. https://www.posta.com.tr/opusurken-geriliyorum-247508
  6. Dilan Çiçek Deniz ile Furkan Andıç ilk kez el ele (Turkish) (23 January 2018). Проверено 3 ноябри 2018.
  7. Dilan Çiçek Deniz-Furkan Andıç ayrıldı! (Turkish) (3 November 2018). Проверено 3 ноябри 2018.

Пайвандҳо вироиш