Бодия Энер

ҳунарпешаи турк

Бодия Энер (тур. Bedia Ener, тав. 15 июни 1954, Ушок, Туркия) — овозхон ва ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк.

Бодия Энер
тур. Bedia Ener
Ном ба ҳангоми таваллуд: Bedia Ener
Таърихи таваллуд: 15 июн 1954(1954-06-15) (70 сол)
Зодгоҳ: Ушок (шаҳр), Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
овозхон
Корнома: 1968 – то ҳол
Самт: театр, синамо, силсилафилм
IMDb: ID 1855926

Зиндагинома

вироиш

Бодия Энер як қисми таҳсилоти худро дар шаҳри бо таърихи бойи Ушок гирифтааст. Ин шаҳр дар ғарби Туркия ҷойгир буда, бахше аз музофоти Анатолия аст. Соли 1968 ба Истамбул омада, ба маркази ҷамъияти Бакиркой пайвастааст.

Фаъолият

вироиш

Аз соли 1970 инҷониб Бодия дар намоишномаҳои театрии шаҳри Истанбул фаъолона ширкат варзида, инчунин дар саҳнаи театри Ҳалдун Дормен ва дигар театрҳо нақш бозидааст. Соли 1972, Бодия Энер дар филми «Sabu Kahraman Korsan» дар экранҳои калон баромад кардааст. Ҳамчун ҳунарпешаи сабти овоз, ӯ дар бисёр филмҳои хориҷӣ овоз додааст. Соли 2002 Бодия Энер дар силсилафилми коргардонҳо Авнӣ Кунюкоғлу ва Назиф Туна «Дунёи асрор» (Sirlar Dunyasi) нақш бозидааст.

Соли 2005, ӯ дар силсилафилми «Beşinci Boyut» нақш бастааст. Соли 2014 дар якҷоягӣ бо Энгин Акурак, Тубо Бюйюкюстюн, Дамла Ҷолбай, Ҳазал Туресан, Набоҳат Чеҳра ва Озкан Текдамир дар силсилафилми машҳури Ишқи Сиёҳ (Kara Para Ask) нақш бастаанд. Соли 2016, ӯ дар нақши Гулсум дар мелодрамаи бисёрқисмаи Bana Sevmeyi Anlat нақш бастааст.

Соли 2019, Бодия Энер нақши модари Ҳоҷиро дар силсилафилми «Ошиёни дилам» (Canevim) иҷро кардааст. Дар саҳна Арас Айдин, Биран Дамла Йилмаз, Озгур Чевик, Ниҳон Букаач, Зуҳал Генгер Эркай, Бурҷу Туна ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд. Соли 2020 ҳунарпеша дар силсилфилми ҳаҷвии «Ишқ дар зери бом» (тур. Çatı Katı Aşk) нақши Саодат Йилмазро бозидааст, ки нақшҳои асосиро ҳунарпешаҳо Фурқон Андич ва Селин Шакарҷӣ бозидаанд. Нақшҳои Бодия Энер ҳам драмавӣ буданду ҳам ҳаҷвӣ, ки аз уҳдаи ҳамаи нақшҳо ба осони баромадааст.

Ҳангоми 66-солагияшро ҷашн гирифтан, ҳунарпеша тасмим гирифт, ки дар саҳнаи театр дар спектакли нави «Баҳори дуввум» баромад карда ҳамаро ҳайрон кунад. Нақши асосиро бо ӯ Ҷихат Тамер иҷро кард. Дар як мусоҳиба ҳунарпеша гуфт, ки вай хеле ҳаяҷонӣ аст, зеро пас аз чандин сол ба саҳнаи театр баргашт.

Филмнома

вироиш

Силсилафилмҳо

вироиш
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2024 Aşka Düşman
2022 Duy Beni
2021 Ada Masalı
Arcane
Alev Alev
2020 Menajerimi Ara Наримон
2020 Çatı Katı Aşk Ишқ зери бом Саодат Йилмаз
2019 Canevim Ошиёни дилам Ҳоҷӣ Анна
2018 İkizler Memo-Can
2017 Dostlar Mahallesi
2014 Kara Para Aşk Фотима[1]
2013 League of Legends
2012 Evlerden Biri
2012 Bir Zamanlar Osmanlı: Kıyam
2011 Devrimden Sonra
2008 Kendi Okulumuza Doğru Рӯ ба сӯи маърифат Ҳусния
2006 Yeşeren Düşler Хаёлҳои сабз Оиша Акбаш
2006 Yaprak Dökümü Хазон Неҳир
2005 Beşinci Boyut
2005 Kırık Kanatlar
2004 Büyük Buluşma
2003 Şarkılar Seni Söyler
2003 Mustafa Hakkında Her şey
2002 Lahmacun ve Pizza
2002 Derya & Deniz
2002 Gülbeyaz
2001 Karanlıkta Koşanlar
2000 Külyutmaz
1995 Mirasyediler Фирдавс
1995 Melek Apartmanı
1992 Mahallenin Muhtarları
1985 Kırık Hayatlar

Синамо

вироиш
Сол Номгӯй Нақш
2018 İyi Oyun Одила
2017 Cenaze İşleri Руқия
2015 Azazil 2: Büyü Воҳида
2015 Adana İşi Ҷамила
2014 Yolculuk
2014 Asla Vazgeçme
2013 Sürgün İnek Сария
2011 Güzel Günler Göreceğiz Модари фиген
2011 Eş Ruhumun Eş Zamanı
2010 Sinyora Enrica ile İtalyan Olmak
2009 Hırçın Kız Kadife Кадифа
2009 Модари Думрул
2003 Mustafa Hakkında Herşey Модари Фикрат
1982 İffet
1972 Sabu Kahraman Korsan Амора

Театр

вироиш
  • İkinci Bahar — 2018
  • Üç Dahi — 2017
  • Şark Dişçisi / Марта — 2016
  • Üç Nokta / Фотима — 2015
  • Kelebekler Özgürdür / Нонпаз — 2014
  • Tom, Dick ve Harry — 2012
  • Fare Kapanı
  • Mutfak Cadıları

Нигаред низ

вироиш

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Пайвандҳо

вироиш