Хайрулло Сафарзода
Хайрулло Амиралӣ Сафарзода – муҳандис–бинокор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафарзода Хайрулло Амиралӣ | |
Таърихи таваллуд: | 28 март 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Данғара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишХайрулло Амиралӣ Сафарзода 28 марти соли 1962 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва соли 2010 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: муҳандис–бинокор;
- Солҳои 1985-1986-муҳандис-диспетчери Трести «Данғараводстрой»;
- Солҳои 1986-1988-устои ПМК-26-и Трести «Данғараводстрой»;
- Солҳои 1988-1994-муҳандиси калони Корхонаи сохтмони иншоотҳои мелиоративии назди Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷамҳурии
- Тоҷикистон;
- Солҳои 1994-1999-директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ориёно», шаҳри Душанбе;
- Солҳои 1999-2005-директори генералии корхонаи муштараки «ВТ Силк»-и ноҳияи Данғара;
- Солҳои 2005-2006-сармуҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «39-Паралел»;
- Солҳои 2007-2010-сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 2010-2012-раиси шаҳри Норак;
- Аз соли 2012- то инҷониб Директори генералии ҶСК НБО «Роғун» мебошад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Ҷоизаҳо
вироишСоли 2009 бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст. «Аълочии Барқи Тоҷик».
Сарчашма
вироиш- ↑ Сафарзода Хайрулло Амиралӣ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.