Хонии Хева
Хонии Хева (ӯзбекӣ: Xiva Xonligi) — давлати феодалӣ дар Осиёи Миёна, ки соли 1512 Элбарсхон (ҳукмр. 1511—1538), писари Беркасултон аз авлоди Ҷӯҷӣ ташкил карда буд.
Хонии Хева | |||||||
Хоразм | |||||||
кишвари мустақил (аз 1512 то 1740) протекторат (аз 1740 то 1747)[1] | |||||||
| |||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||
Парчам то 1917 | |||||||
Пойтахт | Хева | ||||||
Забон(ҳо) | ӯзбекӣ, порсӣ | ||||||
Дин | ислом (сунниҳо, тасаввуф) | ||||||
Воҳиди пул | Khwarazmi tenga[d] | ||||||
Аҳолӣ |
| ||||||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳии мутлақ (аз 1740 тоо 1747 под протекторатом Персии[1]; с 1873 по 1917 под протекторатом России) | ||||||
Ҷуғрофиё
вироишБа ин хонӣ воҳаи қадимии зироаткории Хоразм, заминҳои туркманнишини Манқишлоқ дар маҳалли кӯҳҳои Балхаш, Деҳистон ва қисми шимоли Хуросон дохил мешуданд. Аҳолии Xонии Xева асосан авлодони сокинони қадимаи Хоразм, қабилаҳои гуногуни туркман ва узбекҳои бодиянишин буданд, ки бо зироат ва чорводорӣ машғул мешуданд.
Таърих
вироишСоли 1740 Нодиршоҳ (1736—1747) Xонии Хеваро ишғол кард, вале соли 1747 вай истиқлоли худро боз ба даст овард. Соли 1763 ба сари давлати Xонии Xева намояндаи феодалони ӯзбек Муҳаммад Амин (1763—1790) омад, ки дар аҳди ӯ ҷангҳои байниқабилавии феодалӣ сусттар шуд ва ин боиси таракқӣ кардани косибӣ ва тиҷорат гардид. Ин процесс то охири садаи XVIII ва нимаи якуми садаи XIX давом кард.
Соли 1804 дар Xонии Xева сулолаи қунғуротҳо қатъиян пойдор гардид, ки он то 1920 давом кард. Намояндаи ин сулола Муҳаммадраҳими I (1806—1825) сохти давлатдории мамлакатро ба тартиб дароварда, Шӯрои олиро таъсис дод, дар соҳаи молия ислоҳот гузаронд, боҷхона ва сикказании тангаи тиллоро ба роҳ монд, ҳамаи мулкҳои хурди мустақил, аз ҷумла қароқалпоқҳои озодӣ дӯст ро низ ба худ тобеъ намуд. Соли 1873 дар Xонии Xева протекторати Россия барқарор гардид. Агарчанде ҳукумати подшоҳӣ ва буржуазияи рус дар Xонигарии Xева сиёсати мустамликадориро гузаронда бошад ҳам, дар давраи протекторат дар Xонии Xева қувваҳои истеҳсолкунанда тараққӣ кард. Зироат, косибӣ инкишоф ёфт, корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, таҳвили ашёи хом қ. ва ғ. сохта шуд. Дар солҳои 1912, 1915—1916 муборизаи байни гурӯҳҳои феодалии ӯзбек ва туркман барои ҳокимият, замину об ва ғорат кардани меҳнаткашон тезу тунд шуд. Дар ин давра дар мамлакат зулми феодалӣ бар омма пурзур гардида, боиси авҷгирии муборизаи синфӣ гардид. Ба қувват гирифтани ҳаракати зиддифеодалии меҳнаткашони Xонии Xева революцияҳои буржуазию демократӣ дар Россия ва Туркистон (солҳои 1905—1907 ва феврали 1917) таъсири калон расонданд. Ба инкишофи минбаъдаи ҳаракати инқилобии меҳнаткашони Xонии Xева Инқилоби Кабири Согсиалистии Октябр такони бузург дод. Баромадҳои зиддифеодалии меҳнаткашон хусусияти оммавӣ пайдо карданд. Бо ташаббуси большевикони рус (ки дар Xонигарии Xева зиндагӣ ва дар корхонаҳои саноатӣ кор мекарданд) ва болшевикони Хоразм ва қисми пешқадами ҷавонхевагиён дар Xонигарии Xева нахустин ячейкаҳои коммунистӣ пайдо шуданд. Маҳз болшевикони Хоразм бо ёрии беғаразонаи болшевикони рус ва Туркистон Революцияи Халқии Хоразмро бо муваффақият ба амал бароварданд. Феврпли 1920 хони сарнагун карда шуда, апр. худи ҳамон сол — Ҷумҳурии Xaлқии Шӯравии Хоразм (ҶХШХ) ташкил карда шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Хивинское ханство // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- Михайлов. Голос хивинских пленных Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол. («Нива», 1873, номер 30, страницы: 465—470)
- Карта Хивинского ханства и низовьев Амударьи 1873 года
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.