Хорхе Као

ҳунарпешаи кубӣ

Хорхе Као (исп. Jorge Cao, тав. 2 январи соли 1944, Кайбариен, Виля Клара, Куба) — ҳунарпешаи кубӣ, ки аз соли 1994 инҷониб дар Колумбия зандагӣ мекунад[1][2].

Хорхе Као
исп. Jorge Cao
Jorge Cao Premios India Catalina 2019.jpg
Таърихи таваллуд: 2 январ 1944(1944-01-02) (78 сол)
Зодгоҳ: Кайбариен, Виля Клара, Куба
Шаҳрвандӣ:  Куба,  Колумбия
Касб: ҳунарпеша
IMDb: ID 0134870
jorgecao.com

ЗиндагиномаВироиш

Вай соли 1964 дар Ҳавана санъати драмавиро омӯхт, аспирантураи Донишкадаи олии санъати ба номи Луначарскийи Маскавро хатм кард ва дотсенти факултаи синамо ва телевизиони донишкадаи Суперориор де Артеи Куба мебошад[3].

ФаъолиятВироиш

Вай ба театр чунин намоишҳоро ворид кардааст: Melodía Marsoviana de Leonid Zorin, Cyrano de Bergerac de Rostand, El burgués gentilhombre de Molière, El Chino de Carlos Felipe, Fulgor y muerte de Joaquín Murrieta de Pablo Neruda, El día que me quieras de José Ignacio Cabrujas ва ғайраҳо.

Вай дар синамо дар филмҳои зерин нақш офаридааст: Plaf de Juan Carlos Tabio, Adorables mentiras de Gerardo Chijona, Sueño Tango de Guillermo Centeno, Amores de Lidia Mosquera, Puertas cerradas de Emilio Alcalde ва дигар лоиҳаҳо.

Ӯ аз соли 2003 то 2004 ӯ дар силсилафилми "Pasión de gavilanes" нақши бобои Норма (Данна Гарсия), Химена (Паола Рей), Сарита (Наташа Клаусс) ва падари Габриела (Кристина Лиллӣ)-ро бозидааст, ки ба ӯ маъруфияти бузург овардааст. Ин лоиҳа аз тарафи Ҳуго Леон Феррер таҳия шуда дар шабакаҳои Telemundo ва Caracol Television ба намоиш гузошта шудааст ва дигар ҳунарпешаҳои маъруф ба монанди Марио Симарро, Хуан Алфонсо Баптиста, Мишел Браун ва Хуан Пабло Шук низ ҳунарнамоӣ намудаанд.

Пас аз ин лоиҳа ӯро барои нақши манфии асосӣ Милкиадес дар теленовелаи "Te voy a enseñar a querer" даъват намуданд, ки бо Данна Гарсия, Мигел Варонӣ, Катерина Сиачоке, Мартин Карпан дар як саҳнаи банаворгирӣ кор кардааст.

Вай ҳамчун актёри филм ва телевизион мукофотҳои зиёдеро дар соҳаҳои зерин ба даст овардааст: Vanguardia Nacional de la Cultura Cubana (1985 - 1987), Ҷоиза барои беҳтарин бозигари нақш дар фестивали Латино дар Ню Йорк барои Plaff (1987), Ҷоизаи India Catalina барои беҳтарин бозигари хориҷӣ, Картагена де Индиас (Колумбия) (1996), ба ҷоизаи INTE пешбарӣ шудааст, ҳамчун беҳтарин бозигари нақши дар La venganza, ҷоиза барои El último matrimonio feliz (2009).

Ҳаёти шахсӣВироиш

Вай моҳи феврали соли 2011 ба сактаи қалб гирифтор шуд ва аз он ба таври қаноатбахш сиҳат шуд.

ФилмномаВироиш

ТелевизионВироиш

Сол Номгӯй Қаҳрамон Нақш Шабака Кишвар
1995 Pecado santo Греко Мусбат TeVecine   Колумбия
1995-1996 La sombra del deseo Игнасиё Ногуера Ситора Caracol Televisión   Колумбия
1997 La mujer del presidente Франсиско де Пола Атсеро Манфӣ   Колумбия
1998-1999 Corazón prohibido Мануел Торрадо Манфӣ Canal A   Колумбия
2000-2001 Amantes de luna llena Леон Ригорез Манфӣ Venevisión   Колумбия
2002-2003 La venganza Фернандо Валеруго Манфӣ Caracol Televisión / Telemundo   ИМА  Колумбия
2003-2004 Pasión de gavilanes Дон Мартин Асеведо   ИМА  Колумбия
2004-2005 Te voy a enseñar a querer Милкиадес Контрерас Манфӣ   ИМА  Колумбия
2006-2007 Amores de Mercado Нестор Саватер Telemundo   ИМА
2007 El Zorro: la espada y la rosa Падар Томас Вилйарт Caracol Televisión / Telemundo   Колумбия
Tiempo final Коргардон Fox Premium   Колумбия
2008-2009 El último matrimonio feliz Мануэл Гомез Манфӣ Canal RCN   Колумбия
2010-2011 A corazón abierto Доктор Рикардо Сепеда Мусбат   Колумбия
2012 El laberinto Франсиско де Пола Атсеро Манфӣ Caracol Televisión   Колумбия
2012-2013 ¿Quién eres tú? Дон Антонио Эскуивел Univisión   ИМА
2014-2015 Secretos del paraíso Гилйермо Солер Canal RCN   Колумбия
2016 Sinú, río de pasiones Карлос Пуэлло, ҷодугар Caracol Televisión   Колумбия
2016-2019 La ley del corazón 2 Алонсо Оларте Canal RCN   Колумбия

СинамоВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. ¡Amor a primera vista! Jorge Cao habla de su historia de amor en Colombia Caracol Televisión. Consultado el 18 de febrero de 2019.
  2. Jorge Cao, un cubano con corazón de colombiano Caracol Televisión. Consultado el 18 de febrero de 2019.
  3. Jorge Cao, todo un señor actor Canal RCN. Consultado el 18 de febrero de 2019.

ПайвандҳоВироиш