Хуан Доминго Перон

(Тағйири масир аз Хуан Перон)

Хуан Доминго Перон Соса ( исп. Juan Domingo Perón Sosa ; 8 октябри 1895, Лобос[en] , музофоти Буэнос-Айрес, Аргентина — 1 июли 1974, Оливос, музофоти Буэнос-Айрес, Аргентина ) — Ходими давлатй ва сиёсии Аргентина, ки се маротиба президенти Аргентина интихоб шуда, дар солҳои 1946—1955 ва 1973—1974 дар вазифа кор кардааст. Харбии касбӣ, рутба - генерал.

Хуан Доминго Перон
исп. Juan Domingo Perón
8 июл 1944 — 10 октябр 1945
4 июн 1946 — 21 сентябр 1955
Пешгузашта Edelmiro Julián Farrell[d]
Ҷонишин Eduardo Lonardi[d]
12 октябр 1973 — 1 июл 1974
Пешгузашта Раул Алберто Ластири
Ҷонишин Изабел Перон
Таваллуд 8 октябр 1895(1895-10-08)[1][2][3][…]
Даргузашт 1 июл 1974(1974-07-01)[4][1][2][…] (78 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд англ. Juan Domingo Perón
Падар Mario Tomás Perón[d][6]
Модар Juana Sosa Toledo[d][6]
Ҳамсар Aurelia Gabriela Tizón de Perón[d], Eva Perón[d] ва Изабел Перон[7]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод калисои католикӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Order of Boyacá Knight Grand Cross in the Order of the Netherlands Lion Order of the Southern Cross Grand Cross Special Class of the Order of Merit of the Federal Republic of Germany Order of Merit of the Federal Republic of Germany National Order of Merit Carlos Manuel de Cespedes Collar of the Order of Isabella the Catholic‎ Knight Grand Cross with Collar of the Order of Merit of the Italian Republic Ордени ситораи Ҷумҳурии Сотсиалистии Руминия Order of Merit Order of the Liberator General San Martín Order of May Order of the Liberator Order of Merit of Duarte, Sanchez and Mella Order of Umayyad Grand Cross of Naval Merit with white badge Grand Cross of the Aeronautical Merit (Spain) - White Decoration National Order of Merit National Order of Honour and Merit Ордени Кондори Анд National Order of Merit Order of the Aztec Eagle
Навъи артиш Argentine Army[d]
Рутба генерал-лейтенант
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1936-1937 дар Чили атташеи низомӣ буд.

Солҳои 1941—1943 яке аз роҳбарони ба ном «Гуруҳи афсарони муттаҳида» дар Аргентина буд, ки дар моҳи июни соли 1943 табаддулоти давлатӣ ба амал овард. Солҳои 1943—1944 вазифаи вазири мехнат, соли 1944 — вазири ҳарбй, аз июли соли 1944 — дар як вақт ноиби президент ва вазири мудофиа буд.

Хуан Доминго Перон ба сиёсати ба ҳам пайвастани миллатчигӣ ва сотсиализм шуруъ намуда, таҳти шиори «Барои Аргентинаи бузург» баромад мекард, ки баъдтар бо номи худ «Перонигароӣ» ном гирифт. Ин ҳаракат ҳамчун роҳи сеюми рушди кишвар, алтернативаи интихоби байни капитализм ва сотсиализм, ҳаракат барои адолати иҷтимоӣ, ки хусусиятҳои бисёр ҷараёнҳои сиёсиро муттаҳид кардааст, мавқеъ гирифтааст.

Хуан Доминго Перон солҳои 1946-1955 дар вазифаи президенти Аргентина буд. Дар соли 1947 ӯ Ҳизби Перонигароиро таъсис дод (аз соли 1958 онро Ҳизби Ҳустисиалистӣ меноманд). Дар шароити вазъияти қаноатбахши иқтисодие, ки дар Аргентина дар солҳои Ҷанги дуюми ҷахонӣ ва дар солҳои баъд аз ҷанг ба вуҷуд омад, иқтисодиёти Аргентина махсусан дар соҳаи савдои берунӣ хеле бомуваффақият рушд намуд, ки ин обруи Хуан Перонро баланд бардошт, ки вай ҳам. барои ба даст овардани «сулҳи синфҳо» ба омма як қатор гузаштҳо намуд (аз ҷумла, музди кории баъзе аз гурӯҳҳои касбии меҳнаткашон зиёд карда шуд).

Ҳукумати Перон як қатор корхонаҳои таъминоти давлатиро миллй кунонд. Вай дар соҳаи сиёсати хориҷӣ бо истифода аз зиддиятҳои байниимпериалистӣ сиёсати мустақил мегузаронд. Аммо вай ба монополияҳои Бритониё як қатор гузаштҳои ҷиддӣ дод, ки ин боиси нобоварии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гардид. Аз охири солҳои 40-ум Ҳукумати Перон мухолифони сиёсиро зери таъқиб гирифт. Дар моҳи сентябри соли 1955 Хуан Перон сарнагун карда шуд. Аз соли 1955 ӯ дар бадарға буд.

Моҳи июни соли 1973 Хуан Перон аз Испания ба ватанаш баргашт. Моҳи сентябри соли 1973 бори дигар президент интихоб шуд ва 12 октябр соли 1973 ба вазифаи худ шуруъ кард. Вай барои маҳдуд кардани таъсири капитали хориҷӣ ва ҳифзи сарватҳои табиии Аргентина як қатор тадбирҳо ба амал овард, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ роҳеро пеш гирифт, ки мақсад аз он бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, сарфи назар аз сохти давлатиашон муқаррар намудани муносибатҳои баробарҳуқуқу ба ҳамдигар фоиданок мебошад.

Перон ва зани дуюми ӯ Эвита (Эва Перон) дар байни қисми зиёди аҳолии Аргентина бениҳоят машҳур буданд ва то ҳол дар байни пайравони Перон шахсиятҳои намоён ҳисобида мешаванд. Пайравони Перон ба талошҳои ӯ барои аз байн бурдани камбизоатӣ ва беҳбуди вазъи синфи коргар баҳои мусбат медиҳанд, дар ҳоле ки мухолифонаш ӯро популист ва диктатор меҳисобанд ва дар байни перонигароӣ ва фашизм далелҳои муқоисабандӣ меоранд.

Адабиёт

вироиш
  • Д. В. Головченко . Перон Хуан Доминго // Энсиклопедияи дипломатии Украина : Дар 2 ҷилд/Мухаррир: Л. Д. Губерский (сармуҳарир) ва дигарон. - К.: Дониши Украина, 2004 — Т.2 — 812 с. ISBN 966-316-045-4
  • В. Матвиенко . Перон Хуан Доминго // Энсиклопедияи сиёсӣ. Хайати редакция: Ю Левенец (сармуҳарир), Ю. Шаповал (ҷонишини муҳарир) ва дигарон. — К.: Нашриёти парламент, 2011. - саҳ.551 ISBN 978-966-611-818-2

Пайвандҳо

вироиш