Хулафои рошидин

(Тағйири масир аз Хулафои Рошидин)

Хулафои рошидин (ар. الخليفة الراشد‎‎ — халифаҳои росткор) — дар суннат унвони чаҳор халифаи аввал: Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ, инчунин мақоми раиси Хилофати Рошидин ва ҳама мусулмонони дунё.

Хулафои рошидин

Баъди марги Муҳаммад (соли 632) ва ба сари хилофат омадани Абӯбакр бисёр аз қабилаҳои араб, ки исломро қабул карда буданд, аз ӯ рӯй гардонданд[1]. Дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ ба Абӯбакр муяссар гардид, ки ҳамаи қабилаҳои арабро дар нимҷазираи Арабистон аз нав ба тасарруфи худ дароварад. Баъди марги Абӯбакр қабилаҳои арабро Умар ба забти Сурия, Фаластин, Миср, Ироқ ва Эрон равона кард. Дар аҳди Умар девони маоши аскарҳо, девони маоши шахсони давлатӣ таъсис ёфта, солшумории ҳиҷрӣ (аз рӯзи ҳиҷрати Муҳаммад аз Макка ба Мадина — соли 622) ҷорӣ карда шуд. Баъди кушта шудани Умар хилофат ба Усмон расид. Азбаскӣ Усмон аз мансаби худ сӯйистифода мекард (гирифтани маблағҳои калон аз хазинаи хилофат барои худ аз хешовандонш, ба мансабҳои баланд пешбарӣ нашудани хешу ақрабояш ва ғ.), мардум ошӯб бардошта, ӯро ба қатл расониданд. Алӣ ба хилофат расида, хост Сурияро, ки дар он ҷо Муовия ҳукмрон буд, ба даст дарорад, вале ин ба ӯ муяссар нагардид. Ҳайдар ба Куфа кӯчида, хост бо мадади арабҳои Ироқ Муовияро шикаст диҳад, аммо ӯ дар ҷанг бартарӣ пайдо карда натавонист. Ҳасан (писари Алӣ) баъди марги падар кӯшиш кард ҷои ӯро бигирад вале Муовия ӯро ба василаи пулу мол аз ин иқдом боздошт. Дар аҳди хулафои рошидин арабҳо забткориҳои зиёде карданд[1].

Адабиёт

вироиш

Феҳристи халифаҳои Рошидин

вироиш
Каллиграфия имени Халиф Начало срока Конец срока Продолжительность

в днях

Прим.
1   Абубакри Сиддиқ

(573—634)

ар. أبو بكر الصديق

8 июля 632 23 августа 634 0 [2][3][4]
2   Умар ибни Хаттоб

(590—644)

ар. عمر بن الخطاب

23 августа 634 3 ноября 644 0 [5]
3   Усмон ибни Аффон

(573/576—656)

ар. عثمان بن عفان

6 ноября 644 17 июня 656 0
4   Али ибн Абу Талиб

(600—661)

ар. علي بن أبي طالب

18 июня 656 28 января 661 0 [6][7]
5   Ҳасан ибни Алӣ

(625—670)

ар. الحسن بن علي

29 января 661 август 661 0 [8]

Дар дигар соҳаҳои ислом

вироиш

Дар исломи Ибодӣ танҳо халифаҳои якум ва дуюм – Абӯбакр ва Умар ибни Хаттоб солиҳ дониста мешаванд.

Дар исломи шиъа одатан танҳо халифаи чаҳорум Алӣ ибни Абутолиб халифа ҳисобида мешавад. Аммо дар шохаи зайдии шиа ба се халифаи аввал низ бо эҳтироми зиёд муносибат мекунанд.

Хилофати Рошидин (ар. الخلافة الراشدية‎) — давлатест, ки пас аз даргузашти ҳазрати Муҳаммад (с) дар соли 632 таъсис ёфтааст. Ба хилофат чаҳор халифаи Рошидин: Абубакр, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абутолиб раҳбарӣ мекарданд. Ҳудуди хилофат нимҷазираи Араб, Шом, Қафқоз, як қисми Африқои Шимолӣ аз Миср то Тунис, баландкӯҳи Эрон ва Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт.

  1. 1.0 1.1 Хулафои рошидин / Ғ. Ғоиб // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  2. Al-Jubouri, I. M. N. Islamic Thought: Chapter II, Mohammed's Caliphs., Abu Bakr Al-Siddic. — Berlin, 2001. — ISBN 9781453595855.
  3. Saritoprak, Zeki. "Abu Bakr Al-Siddiq". — Oxford University.
  4. "Abu Bakr". Encyclopedia of Islam (2nd ed.). 15 апреля 2009. ISBN 9781438126968. "His father was Abu Quhafa ..., and he is therefore sometimes known as Ibn Abi Quhafa. ... The names ‘Abd Allah and ‘Atiq ('freed slave') are attributed to him as well as Abu Bakr, but the relation of these names to one another and their original significance is not clear. ... He was later known by Sunni Muslims as al-Siddiq, meaning 'the Truthful', 'the Upright', or 'the One who counts true'.". 
  5. Али Мухаммад ас-Салляби. Умар ибн аль-Хаттаб. Второй праведный халиф / Пер. с араб., прим., комм. Е. Сорокоумовой. — М.: Умма, 2011. — 496 с. — (История Халифата). — ISBN 978-5-94824-150-0.
  6. Alī(англ.). Encyclopædia Britannica.
  7. Illustrated Dictionary of the Muslim World. — Marshall Cavendish Reference, 2011. — P. 86. — ISBN 978-0-7614-7929-1.
  8. Большаков О. Г. История Халифата. — М.: Восточная литература, 1998. — Т. 3. Между двух гражданских войн (656—696). — С. 90—109.

Адабиёт

вироиш
  • Халиф / Рощин М. Ю. // Уланд — Хватцев. — М. : Большая российская энциклопедия, 2017. — С. 729. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 33). — ISBN 978-5-85270-370-5.