Хуттал
Хуттал, Хуталон, Хутталон — минтақаи таърихӣ дар каронаи шимолии рӯди Омударё, ки миёни шохаҳои Вахшу Панҷи ин рӯд қарор дошт. Ин минтақа тақрибан дар марзҳои вилояти Хатлони Тоҷикистони имрӯзӣ қарор дорад.
Кишвар |
---|
Сарчашмаҳои хаттӣ
вироиш«Хуталон» бори аввал дар сарчашмаҳои хитоии асрҳои 5—6 м ёдовар шудааст. Мақдисӣ Хатлонро мамлакати Ҳаётолиён донистааст. Xатлон дар асрҳо 7— 11 яке аз вилоятҳои калонтарини Мовароуннаҳр буд.
Бино ба маълумоти географҳои асрҳои 10—12 мавзеъҳои Мунк, Бик, Тамлиот, Парғар, Андичароғ, Ҳулбук, Ковбанҷ, Барсариғ, Сикандара ва Ҷазон ба Xатлон мутааллиқ буданд. Вахш (бо шаҳрҳои Ливканду Халовард) ва рустои Қубодиён низ ба Xатлон дохил будаанд.
Xатлон таърихи кӯҳан дорад. Олатҳои сангин аз ноҳияи Ховалинг ёфташуда гувоҳӣ медиҳанд, ки одамон қариб 800 ҳаз. сол муқаддам дар ин сарзамин маскун будаанд. Дар асри биринҷӣ дар бисёр ноҳияҳои Xатлон деҳаҳо ба вуҷуд омадаанд.
Дар аҳди қадим (а. 6 то м.) Xатлон дар ҳайати Бохтар ва давлати Ҳахоманишиён буд. Дар а. 4 то м. дучори ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ шуд.
Xатлон дар тасарруфи Подшоҳии юнонии Бохтар (асрҳои 3—2 то м.), давлати Ҳайтолиён (асрҳои 5—6) буд. Xатлон як муддат ба давлати Сосониён низ итоат мекардааст. Дар вақти ҳуҷуми арабҳо ҳлао ба Xатлон ҳуҷум кард, вале онро гирифта натавониста сулҳ баст. Дар аҳди Шоҳбол Xатлон мустақилияти худро нигоҳ дошт. Баъди ӯ ба тахти Xатлон Сойҷӣ нишаст. Волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ с. 725 ба Xатлон лашкар кашиц. Дар муҳориба хуталониён ғолиб омаданд ва Асад талафоти калон дода ба Балх рафт. Табарӣ хабар медиҳад, ки вақти аз ҷанги Xатлон шармандавор шикаст хурда ба Балх баргаштани Асад ибни Абдуллоҳ аҳли Балх дар ҳаққи ӯ суруди тамасхуромез офаридаанд, ки он бино ба маълумоти баъзе сарчашмаҳо аввалин шеъри тоҷикӣ ба шумор меравад:
«Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Обор боз омадия,
Хушку низор омадия…»
Асад бори дуюм соли 737 ба Xатлон ҳуҷум карда, онро ишғол намуд.
Бино ба маълумоти муаррихи арабизабон Диноварӣ Xатлон яке аз аввалин вилоятҳоест, ки ба ҳаракати Абумуслим ҳамроҳ шудааст. Хуталониён шуриши Рофеъ ибни Лайсро низ тарафдорӣ кардаанд. Дар ин давра шоҳи Xатлон Ҳошим ибни Баниҷури Хуталонӣ буд. ӯ дар аҳди халифа Муътасим барои пахш кардани исёни Бобак сарлашкари арабҳо таъин шудааст. Дар асрҳои 9—10 намояндагони ин хонадон ҳокими вилҳои Андероб, Бомиён, Балх ва Тирмиз буда, ба номи худ тангаҳо сикка задаанд. Дар аҳди Сомониён Xатлон истиқлолият ба даст овард, вале дар аҳди Ғазнавиён онро боз аз даст дод.
Дар Xатлон пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, токдорӣ ва чорводорӣ равнақ доштааст. Xатлон аз давраҳои қадим яке аз вилоятҳои обод ҳисоб меёфт. Бозёфтҳои археологӣ гувоҳи онанд, ки дар Xатлон ҳунармандӣ хеле тараққӣ карда будааст. Кулолони хуталонӣ зарфҳои гуногуни рӯзгор (хул, хурма, кӯза, коса ва табақ,) месохтаанд. Дар асрҳои 9—12 дар шаҳрҳои Xатлон зарфҳои мунаққашу сирдор фаровон истеҳсол мешудаанд. Дар ин давра хуталониён аз шишаҳои рангин низ зарфҳо месохтанд. Дар Xатлон устоҳо аз санги нарм табақ ва лаълӣ метарошиданд. Аз Xатлон роҳи тиҷоратӣ мегузашт ва ин ба инкишофи савдои дохилию хориҷӣ мусоидат мекард. Дар бозорҳои хориҷӣ талабот ба аспҳои хушзоти Xатлон калон буд. Аз истеҳсоли намаки Мағатон (Хоҷа Мӯъмини ҳозира) ва дорувор низ Xатлон даромади калон мегирифт. Дар тиҷорати хориҷию дохилӣ пулҳои тилло, нуқра ва мис истифода мешуданд.
Шаҳрҳои Xатлон аз кудандиз. шаҳристон ва работу қабристон иборат буданд. Маркази Хатлон дар асрҳои миёна ш. Ҳулбук будааст. Он биноҳои боҳашамати аз хишти пухта сохташуда ва кучаҳои сангфарш доштааст, ки он ҳо аз дараҷаи баланди санъати меъморӣ гувоҳӣ медиҳанд. Бозёфтҳои гаҷии рангин бо расми ҳайвоноту паррандаҳо аз қасрҳои Ҳулбук ва Сайёд пайдо шудаанд.
Дар муносибатҳои оилавии аҳолии Xатлон унсурҳои полиандрия ҷой доштанд. Дини мардуми Xатлон дар қадим зардуштӣ буда, баъдтар ба буддоия, монавия ва дини насронӣ майл кардаанд. Дар асрҳои 8—9 дар Xатлон дини ислом ҷорӣ гардид. Асрҳои 13—14 Xатлон дар ҳайати давлатҳои Чағатоиён ва Темуриён буд. Авв. а. 16 Хатлонро Шайбонихон истило намуд. Аз а. 17 дар манбаъҳои хаттӣ Хатлонро Кӯлоб ном бурдаанд. Мас., дар «Убайдуллоҳнома» ба ҷои Xатлон Кӯлоб истифода шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Хуталон / Ю. Ёқубов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- Ғафуров Б. Ғ., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, Ҷ. 1, Д.. 1983;
- Беленицкий А. М.. историко-географический очерк Хутталя с древнейших времён до X в. н. э.. МИА № 15 Л—М., 1950;
- Бартольд В., Хутталь, Соч., т. 3, М.. 1985.