Чавгонбозӣ
Чавгонбозӣ, гӯйбозӣ — навъе аз варзиши қадимии тоҷикон, ки дар майдон савори асп баргузор мегардад. Бозигарон ба ду даста тақсим шуда, дар майдон кӯшиш мекунанд, ки бо чавгон гӯйро ба дарвозаи дастаи ҳариф ворид кунанд.
Чавгонбозӣ дар гузаштаи начандон дур дар ҷашнҳои арӯсӣ, хатнасур, иди Наврӯз ва Меҳргон ташкил мешуд. Мусобиқаҳо дар байни дастаҳо аз деҳаҳои ҳамсоя низ сурат мегирифт. Шакли чавгони пиёда ё чавгони рӯйи чаман низ маъмул аст. Дар Бадахшон, Хуҷанд, Кӯлоб фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Турсунов Н. Чавгонбозӣ. Д., 1982;
2. Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983.
3. Сафаров Ш. Бозиҳои миллӣ ҳамчун тамаддуни халқи тоҷик. Д., 2011.
4. Суяркулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. Д., 1968.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 201