Чамбули Мастон
Чамбули Мастон — номи кишвари афсонаиест, ки дар «Гӯрӯғлӣ» тасвир шудааст.
Мувофиқи ривоятҳои гӯруғлисароёни тоҷик Чамбули Мастонро Гӯруғлӣ дар мавзеи зебои Гулбурон бунёд кард. Рӯзҳои аввал Гӯруғлӣ танҳо ба сохтмони қаср шурўъ кард. Баъдтар овозаи шаҳрсозии Гӯруғлӣ ба атрофу акноф паҳн шуд ва ба он ҷо дуредгарон, косибон омада, ба Гӯрӯғлӣ ёварӣ карданд. Дар муддати кӯтоҳ Чамбули Мастон кишвари ободу зебо, парихона, паноҳгоҳи бечорагону ситамдидагон, такягоҳи адолат гардид. Ҳокими Чамбули Мастон Гӯруғлии халқпарвару одил буд. Чамбули Мастонро як гурӯҳ баҳодурон бо сарварии Аваз ва писаронаш Нуралию Шералӣ мудофиа мекарданд. Аз қадим халқи мазлум орзуи макони бахту саодат, пойдор намудани давлати мустақилу мутамаркизро доштанд. Чамбули Мастон таҷассуми ҳамин орзую умедҳои халқ мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Чамбули Мастон // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).