«Гӯрғулӣ», гӯрӯғлӣ, гуруғлӣ (озарбойҷонӣ: Koroğlu dastanı, тур. Köroğlu destanı, туркманӣ: Görogly dessany, ӯзбекӣ: Ko‘ro‘g‘li dostoni) — силсилаи достонҳои қаҳрамонӣ ва паҳлавонии мардуми тоҷик, ки дар қолаби назм сароида шудааст. Ин достон дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Қафқоз, Туркия низ маъмул аст.

Ҳамосаи «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ

вироиш

Ҳамосаи «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хеле машҳур аст. Баъзе намунаҳои он дар шакли наср дар шимоли Тоҷикистон низ дида мешавад. То ба имрӯз дар ҷануби Тоҷикистон — дар минтақаҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Обигарм, Рашт, Ҳисор ва ҷойҳои дигар силсилаи достонҳои «Гӯрғулӣ»-ро дар ёд доранд. Гӯяндагони ин достонро маъмулан гӯрғулихон, гӯрӯғлисаро, гӯрӯғлигу, соқӣ, ҳофиз мегӯянд. «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ фақат ба воситаи думбура ба таври сароидан нақл карда мешавад. Соли 1987 нашри илмии ин достон бо номи «Гӯрғулӣ» (ба русӣ «Гуругли») чоп шуд, ки тибқи иттилои ин китоб то он замон беш аз 360950 мисраъ матни «Гӯрғулӣ» (албатта бо вариантҳо) аз гӯрғулисароён сабт шуда буд. Аз баъзе гӯяндагон беш аз 30 достон сабт гардидааст. Масалан, аз Ҳикмат Ризо 35 достон сабт шудааст, ки беш аз 105 ҳазор мисраъро дар бар мегирад.

Сабти достонҳои «Гӯрғулӣ»

вироиш

Муҳаққиқон аз гӯяндагони машҳур Мулло Азим, Шукурмаст, Холи Мусофир, Шарифи Шек, Сангин Мурод, Бобоюнус Худойдодзода, Одина Шакар, Қурбон Ҷалил, Ҳикмат Ризо, Қурбоналӣ Раҷаб, Ҳақназар Кабуд, Талбӣ Замир, Саидалӣ Вализода, Саидалӣ Саққо, Наврӯз, Саттор, Идӣ, Иброҳим Ғафур, Камол, Бобосаид, Акобир, Санги Сурх, Мир Худойдод, Ҳодис, Даврон ва дигарон матнҳои «Гӯрғулӣ»-ро дар навори магнитофон сабт намудаанд. Теъдоди достонҳое, ки аз гӯрғулисароён сабт шудааст, чунин аст: Ҳикмат Ризо — 35 достон, Талбӣ Замир — 28 достон, Ҳақназар Кабуд — 30 достон, Одина Шакар — 10 достон, Қурбоналӣ Раҷаб — 18 достон, Мирзошоҳи Санг — пораи 1 достон, Саидалӣ Саққо — 3 достон, Сафар — пораи 1 достон, Қурбон Ҷалил — 9 достон, Бобоюнус Худойдодзода — 2 достон, Рауф — пораи 1 достон ва ғайра. Баъзе аз ин достонҳо дар бойгонии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар Ганҷинаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ аз 20 гӯянда беш аз 140 достони «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ сабт шуда, дар шаклҳои хаттӣ, сабти овозӣ ва видеогӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин намунаҳои достонҳо дар бойгониҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар дасти фолкоршиносон низ маҳфуз аст.

Дар шаклгирии достонҳои қаҳрамонии «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ, бешубҳа, таъсир ва нақши ҳамосаҳои адабиёти хаттии форсӣ-тоҷикӣ, дар навбати аввал «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, романи халқии «Самаки айёр», қиссаҳо аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Ҳазору якшаб», «Абӯмуслимнома», афсонаҳои маъмули халқӣ ва дигар асарҳои адабиёти оммиёна мушоҳида мешаванд.

Гӯяндагон ё иҷрокунандагони достонҳои «Гӯрғулӣ»-ро худи мардум гӯрғулихон, гӯрғулигӯй, гӯрғулисаро ва баъзан гӯянда меноманд. Гӯяндаҳо, одатан, дар маъракаҳои мардум дар ҳузури беш аз 100—150 нафар шунаванда ҳунарнамоӣ мекарданд. Гӯрғулихонҳои боистеъдод тақрибан 40000-60000 мисраъ достонро аз ёд карда, дар байни халқ соатҳои дароз барнома иҷро мекарданд. Онҳо дар маъракаҳо як достонро ду бор такрор намехонданд.[1]

Таърих

вироиш

Тибқи пажӯҳиши И. Брагинский сабти матни достони «Гӯрғулӣ» дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ аз садаи XX шурӯъ шудааст, вале номи Гӯрӯғлӣ аз замонҳои пештар маълум будааст. Мувофиқи ишорати муҳаққиқон, дар минтақаи Файзобод шахсе бо номи Гулмуҳаммад ба муносибати ҷавонмардии Гӯрғулӣ, ки ба паланге пирӯз мешавад, арке месозад. Ҳамчунин дар «Рӯзномаи Искандаркӯл» низ порае аз матни «Гӯрғулӣ» оварда шудааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз нимаи дуюми садаи XVIII афсонаҳое мавҷуд будаанд, ки дар бораи Гӯрғулӣ ва паҳлавонони Чамбул ҳикоят мекардаанд. Шарқшинос А. Л. Кун (1840—1888) низ дар рӯзномаи сафари худ дар қатори баъзе санадҳои забоншиносию намунаҳои фолклорӣ инчунин намунаи матни эпоси «Гӯрғулӣ»-ро сабт кардааст. Соли 1968 С. Аминова дар мақолаи худ «Бозёфт» ҳамосаи «Гӯрғулӣ»-ро бо ҳикояти «Ғайбзод» муқоиса мекунад, ки дар манобеи адабии асрҳои 15-16 мавҷуд будааст. Ба ин васила пажӯҳанда чанд назари тозае пешниҳод менамояд. С. Фатҳуллоев дар асоси нусхаи Одина Шакар (соли 1949 сабт шудааст) изҳори назар менамояд, ки Гӯрғулӣ писари арӯси яке аз шахсиятҳои маъруфи миллати тоҷик Хоҷа Аҳрори Валӣ (1404—1490) будааст. Ба ақидаи муҳаққиқ Ф. Муродов, «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ як ҳамо­саи мустақил буда, аз ҳамосаи халқҳои дигар тафовут дорад. Дар бойгонии муаллифи ин сатрҳо ҳикоятҳои асотирие мавҷуд аст, ки симои асосии онҳо ғӯл аст, ки ба одамон муқобилат нишон медиҳад ва бо онҳо куштӣ мегирад. Баъзе аз гӯяндаҳо гуфтаанд, ки ин ғӯл дар гӯр таваллуд шудааст, пасон ба одами ёбоӣ табдил ёфтааст. Ин гуна матнҳо ҳоло ҳам дар байни мардум нақл карда мешаванд. Баъзеҳо Гӯрғулиро ҳамон ғӯл медонанд.

Сисилаи ҳамосаи «Гӯрғулӣ» асосан аз солҳои 20-30 садаи XX шурӯъ гардидааст. Дар солҳои 30-юм А. Н. Болдырев яке аз аввалинҳо буд, ки ҳамосаи «Гӯрғулӣ»-ро сабт кардааст. Пас аз замоне Ҷ. Суҳайлӣ ва Ҳ. Ҳамдӣ чанд достони ҳамосаро дар ҳаҷми 10 ҳазор мисраъ аз Қурбон Ҷалил сабт кардаанд. Ин сабтҳо со­ли 1941 зери назари М. Миршакар ва Л. Бузургзода чоп шудааст. Гирдоварӣ ва нашри достонҳои «Гӯрғулӣ» аз ҷониби адибон ва муҳаққиқони солҳои баъдӣ низ сурат гирифт. Дар аввали солҳои 40 аз гуфтори Бобоюнус Худойдодзода муҳаққиқон Лутфулло Бузургзода ва Суҳайли Ҷавҳаризода 2 достонро сабт карда, онро соли 1941 ба нашр расонданд. Соли 1948 аз Ҳикмат Ризо, соли 1949 аз Одина Шакар чандин достон сабт шуд, ки гӯяндагон онро дар ҳамон сабки суннатӣ гуфтаанд. Дар ин матнҳо сохтор ва унсурҳое нигоҳ дошта шудааст, ки дар достонҳои дигар низ ба назар мерасанд. Ду достони Одина Шакарро, ки соли 1949 сабт шуда буд, Ф. Муродов ва С. Фатҳуллоев соли 2007 ба нашр расонданд. Соли 1954 аз ноҳияҳои Шаҳристон, Мастчоҳ ва Айнӣ достони «Гӯрғулӣ» дар шакли наср сабт гардид. Соли 1958 чанд намуна афсонаҳо дар бораи Гӯрғулӣ сабт шуд. Дар солҳои 50-60 садаи XX аз гӯяндагон Қурбоналӣ Раҷаб, Ҳақназар Кабуд, Таблӣ Замир чанд достони «Гӯрғулӣ» сабт шуд, ки чанде аз он пасонтар нашр гардиданд. Дар охири солҳои 50 садаи XX ҳашт достони «Гӯрғулӣ» аз Шарифов Маҷид (таваллудаш 1910, аз Мастчоҳ) сабт ва бо виросторӣ дар маҷмӯаи «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (1960) чоп гардидааст, ки достонҳо дар қолаби афсона баён шудаанд. Соли 1963 Раҷаб Амонов дар китоби худ «Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб» ба таври муфассал дар бораи гӯяндагони достонҳои «Гӯрғулӣ», ки дар ноҳияи Сари Хосор буданд, иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи эшон, дар солҳои 50 садаи XX дар ин ноҳия гӯяндагони бисёре будаанд, ки мактаби хосси худро дош­таанд ва устодон ба шогирдон тарзи гӯрғулисароиро ёд медодаанд, Дар ин асар ҳамчунин дар бораи он, ки мардум ба ҷашни арӯсии худ гӯрғулисароро даъват мекарданд, изҳори назар гардида, роҷеъ ба мазмун ва мундариҷаи достонҳои «Гӯрғулӣ» ишоратҳо шудааст. Соли 1983 дар тарҷумаи Т. Стрешнева ва В. Виноградов 9 достони «Гӯрғулӣ» ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардид. И. С. Брагинский яке аз аввалинҳо буд, ки дар тӯли умри худ ба таври мунтазам достонҳои «Гӯрғулӣ»-ро мавриди пажӯҳиш қарор дод. Пас аз Болдирев ӯ яке аз аввалинҳост, ки аз ноҳияи Данғара аз гуфтори Сафар Қурбо­нов дар солҳои 1933-34 мазмуни чанд достонро навишта гирифта буд. Ӯ солҳои баъдӣ дар бораи ҳамосаи «Гӯрғулӣ» чандин мақолаи илмӣ навишт, ки дар ҳар кадоме суханҳои тоза ба назар мерасад. Соли 1987 бо ташаббуси И. С. Брагинский ҳамосаи «Гӯрғулӣ»-и тоҷикон дар силсилаи «Эпоси халқҳои ИҶШС» чоп шуд, ки интихоб ва тарҷумаи он ба қалами эшон тааллуқ дорад. Дар ин китоб ӯ пешгуфтори муфассале навишта, ба таври нисбатан дақиқ роҷеъ ба ҳамосаи «Гӯрғулӣ» дар чанд бахш иттилоъ медиҳад. Дар бахши сеюми пешгуфтор — «Хусусияти бадоҳатан сароидани гӯрғулихонҳо» гуфтааст, ки воқеан гӯрғулихонҳо ҳангоми сароидани «Гӯрғулӣ» ҳамеша бадоҳатан чизе илова мекунанд. Дар ин бахш И. С. Брагинский ду нусха (вариант)-и як матнро, ки дар солҳои 1949 ва 1958 аз ҷониби Раҷаб Амонов аз Ҳикмат Ризо сабт шудааст, муқоиса мекунад. Фосилаи сабтҳо 10 сол аст. Бо ин таҳқиқи худ муҳаққиқ ҳангоми бадоҳатан иҷро шудан, то чи ҳадде дигар шудани матнро нишон медиҳад. Дар бахши чоруми пешгуфтори мазкур муаллиф оид ба мавқеи ҳамосаи мардумии тоҷик дар силисилаи осори ҳамосии «Кёроглу», «Гӯрӯғлӣ», «Гороғли», ки дар байни миллатҳои дигар ҳастанд, баҳс намуда, хусусиятҳои фарқкунандаи онҳоро ёдовар мешавад. Дар бахши панҷум ҷиҳатҳои асосии ҳамосаи мардуми тоҷик дар бораи Чамбули Мастон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

«Гӯрғулӣ» дар замони истиқлол

вироиш

Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон низ сабти «Гӯрғулӣ» идома пайдо кард. Дар ин замон сабтҳои бисёре аз ҷониби радио ва бахусус телевизиони тоҷик сурат гирифта, ҳоло дар бойгонии ин муассиса нигаҳдорӣ мешавад. Фоклоршиносон Равшан Раҳмонӣ, Дилшод Раҳимов низ намунаҳои ҳамосаи мазкурро аз тариқи видео сабт намуданд. Дар аввали садаи XXI ин ҳамоса таваҷҷуҳи муҳаққиқон Ҷ. Асрориён, Ф. Муродов, С. Фатҳуллоев, Р. Раҳмонӣ, Д. Раҳимов ва дигаронро ба худ кашид. Онҳо роҷеъ ба «Гӯрғулӣ» китобу мақолаҳое дар дохил ва хори­ҷи кишвар ба нашр расонданд, ки ҳар кадоми онҳо дар фарҳанги маънавии тоҷикон чӣ нақше доштани ин ҳамосаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Бахусус дар китоби Ҷонибеки Асрориён бо номи «Гӯрӯғлӣ» (2010) ба таври муфассал дар бораи ин асар бо диди хосса изҳори назар шудааст ва мазмуни достонҳои «Гӯрғулӣ» ба наср баён гардидааст, ки ин барои хонандагон аҳаммияти бузург дорад.

Силсилаи достонҳои «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ бидуни ҳеч шакку шубҳа дар асоси афсона, қиссаҳои ҳамосии мардуми тоҷик шакл гирифтааст ва зимнан дар он таъсири адабиёти навиштории форс-тоҷик низ ба мушоҳида мерасад, ки инро метавон ҳатто аз нашри русии он (Маскав, 1987) бо суҳулат дарёфт.

Сюжет

вироиш
Мақолаи асосӣ: Гӯрғулӣ

Ба монанди асарҳои дигари ҳамосии мардуми эронитабор дар ин ҳамоса низ ду неруи ба якдигар зид, яъне некӣ ва бадӣ ё хайру шар ба таври шадид мубориза мебаранд. Дар ҳамоса қаҳрамони асосӣ Гӯрғулӣ бошад ҳам, дар он ҷойгоҳи Аваз бештар намоён аст. Бо гузашти айём Гӯрғулӣ ба корҳои давлатдорӣ машғул мешавад. Ба неруи некӣ Гӯрғулӣ, Аваз, писарони ӯ Нуралию Шералӣ, ҳамчунин писари Нуралӣ — Шерафган, Ширмоҳ, Соқӣ, Ҳасан, Қаракӯз дохил ҳастанд. Ба неруи бадӣ душманони кишвари афсонавии Чамбул — Аҳмадхон, Юсуфхон, Шодмон, Қарахон ва хешовандони онҳо аз хориҷ Райҳонараб, Боғлоншоҳ, Қатлоншоҳ, Ландаҳур дохил мебошанд, ки онҳо ба таври мунтазам ба Чамбули Мастон таҳдид менамоянд.

Дар достонҳои «Гӯрғулӣ» душманон ба Чамбул ҳуҷум меоранд, паҳлавони онро ба асорат мегиранд ва боз дар натиҷаи мубориза ва талошҳои қаҳрамони асосии достон ва паҳлавонони Чамбулкишвар аз асорати душманон озод мешавад. Пас аз озодӣ мардуми Чамбул, марду зан, ҳама якҷо хушҳолӣ мекунанд. Дар раванди сароидани достон гӯянда бо шодӣ ишорат бар он менамояд, ки дар базми озодии Чанбул Соқӣ, ин овозхони хушовоз ба даст дутор (думбура, танбӯр) гирифта, ин кишвари афсонавиро ситоиш мекунад. Чамбул обод мешавад. Дар канори паҳлавонони мардони майдони Чамбул духтарону занон низ барои озодии Чамбул кӯшиш менамоянд, ки чунин рафтори онҳо достонҳои айёрон ва ё ҷавонмардон, аз ҷумла қаҳрамонони «Самаки айёр»-ро ба ёд меорад. Тасвири лавҳаҳои достонҳои «Гӯрғулӣ» далели онанд, ки асли сужет бар асоси сужетҳои мардуми эронитабор сохта шудааст. Дар аввал, мобайн ва охири достон гӯянда бадоҳатан бар он ишорат менамояд, ки бо супориши султон месарояд. Масалан, дар «Достони мастонкампир ва ба болои Чамбул хурӯҷ кардани Туробшоҳподшоҳ» ҷойгоҳи сароянда ба назар хуб ҷилвагар мегардад:

Дар вақти пагоҳ
Шиштагӣ буд Гӯрғулӣ қатӣ чил шоҳ.
Чоштгоҳ шуд вақти саҳар,
Салом хамид сипоҳу навкар.
Дуо карданд «Аллоҳу акбар»,
Гӯрғулӣ кард нигоҳ,
Дар гирдуш шиштагӣ дид як лаг сипоҳ.
Хамид Авази раъно,
Ҳасанхону Шодмон
Карданд бари дар бар дастурхон.
Фармон дод шоҳи султон:
«Танбӯри тилора биҷунбон,
Нақл бикун, бачам бихон,
Сифати Чамбул кун баён,
Гӯш бидорад хурду калон».
«Хуб шудаст — гуфт — ота-султон»,
Танбӯр гирифт часпон.

Қаҳрамони асосии достон Гӯрғулӣ дар ҳамосаи тоҷикӣ подшоҳи адолатпарвар аст, ки ин гуна тасвирро мо дар тамоми достонҳои мансуру манзуми адабиёти классикии форс-тоҷик, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдав­сӣ мебинем. Нуктаи дигар ин аст, ки дар достонҳои мардуми турктабор қаҳрамони асосӣ худи Гӯрғулӣ аст, вале дар ҳамосаи тоҷикӣ қаҳрамони асосӣ Аваз аст, ки писархонди ӯст. Аваз бо рафтор ва фаъолияти худ Рустамро ба ёд меорад, ки бо қаҳрамониҳои худ ҳамеша дар дифои Ватан будааст. Асоси ҳамосаи «Гӯрғулӣ» орзую умеди мардумро фаро гирифтааст. Дар он кишвари Чамбул, ки як мамлакати обод, осуда бо мардумони мутаффиқ аст, ситоиш шудааст.

Тарзи сароиши достонҳои «Гӯрғулӣ»

вироиш

Тарзи сароиши достонҳои «Гӯрғулӣ» чунин аст, ки гӯянда матнро комилан дар ёд дорад ва ҳангоми сароидан бадоҳатан ба онҳо чизҳое илова менамояд. Дар матн баъзе порчаҳо тибқи суннати гӯрғулисароӣ айнан мисли қолабҳои омодаи матнҳои фолклорӣ сароида мешавад. Дар ин гуна лавҳаҳо тасвири мардону занон, либоси онон, муҳорибаҳо, бахусус тасвири асп хеле зебо ва таъсирбахш ҷилвагар мешаванд. Яке аз лаҳзаҳои бисёр ҷолиби ҳамосаи «Гӯрғулӣ» дуо ва ё фотиҳа гирифтани қаҳрамони асосии достон аз шахсони муътабару калонсолон аст. Гӯянда ба тасвири ин лаҳза аҳаммияти вижае медиҳад. Ӯ дар раванди сароидан ба шунавандагони ҷавон диққат дода, ҳатто баъзе аз байтҳои сурудаҳояшро ба тарбияи онҳо равона менамояд. Дар чунин лавҳаҳо накукор будан ва ҳурмати калонсолон таблиғ мешавад, ки ин таъсири достонро бештар мегардонад.

Ҳангоми сароиш ба ҳар достон бадоҳатан чизе илова мешавад ва он то ҳадде тағйир меёбад. Маъмулан бадоҳатан ҳамон муҳити маҳфилро тасвир намудан, ба достон порчаҳои нав илова кардан аз ҷониби гӯяндагони касбӣ сурат мегирад, ки ин шунидани достонро боз ҳам шавқовар менамояд ва ҳозиринро ба ваҷд меорад. Агар дар маҳфилу маъракаҳо шунавандагон ба шунидани достон тамоюли зиёд дошта бошанд ва гӯянда низ завқманд бошад, он гоҳ сароиши достон соатҳо тӯл мекашад.

Тарзи иҷрои ҳамосаи «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ аз тамоми асарҳои мардуми туркзабон тафовут дорад. Масалан «Гороғлӣ»-и туркманӣ ба таври наср нақл карда мешавад ва баъдан дар дохили матни мансур порчаҳои манзум сароида мешаванд. «Гӯрӯғлӣ»-и ӯзбекӣ аввал андаке бо наср нақл карда, баъдан бо сози мусиқии тор ё дутор сароида мешаванд. «Кёроғлӣ»-и озарӣ низ бо назму наср аст.

Дар силсилаи достонҳои «Гӯрғулӣ» лавҳаҳои ғайритоҷикӣ низ мушоҳида мешаванд, ки ин табиист, чунки тоҷикон дар тӯли асрҳо бо мардумони турктабор дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Ва ин ҷиҳат табиист, ки тасвире, лавҳае, матне аз як қавм ба қавми дигар мегузарад. Масалан, номҳои шахсӣ, духтардуздӣ, ақидаҳои бутпарастӣ, қасам бо номи бутҳо, ки хосси қабилаҳои кӯчӣ мебошанд; мусобиқаи бузкашӣ ва амсоли ин. Яке аз шахсиятҳои достон Аҳмадхон аст. Ӯ сарвари қабилаи туркманон мебошад. Дар достон роҷеъ ба қавми туркман ва рафтори намояндагони ин қавм сухан меравад. Лавҳаҳое ҳастанд, ки дар онҳо муносибати қавми турктабор бо тоҷикон тасвир шудааст.

Достонҳои «Гӯрғулӣ» аз банду шохҳои махсус иборат ҳастанд, ки ҳар кадоме ба таври худ як достони комил буда, дар айни замон чандин воқеаро дар бар мегиранд. Ҳар воқеа барои такмили воқеаи дигар ёрӣ мерасонад. Замоне, ки гӯянда аз як бахш ба бахши дигар мегузарад, лаҳни сароиши худро дигар менамояд, ки ин ба вазни достон низ таъсир мерасонад. Бештар аз 30 навъ оҳанги сароиши «Гӯрғулӣ» мавҷуд аст. Сароидани баъзе достонҳо бо андаке тафреҳ бештар аз 10 соатро дар бар мегирифт.

Тафовути ҷиддии ҳамосаи тоҷикӣ аз дигар ҳамосаҳои миллии халқҳои туркзабон дар он аст, ки дар достонҳои тоҷикӣ Аваз ба монанди Рустами Достон мавқеи хос дорад. Ҳатто худи гӯрғулсароён низ ишорат бар он мекунанд, ки Аваз мисли Рустам аст.

Ба ҳамин тариқ силсилаи достонҳои «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ як ҳамосаи мустақилест, ки дар тӯли асрҳо дар ҷануби Тоҷикистон шакл гирифта, бар асоси афсона ва достонҳои ҳамосии мардуми тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ба силсилаи достонҳои «Гӯрғулӣ» таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар афсона, достон ва ҳамосаҳои насри ривоятиро дидан мумкин аст: ободгарӣ, шаҳрсозии Гӯрғулӣ мисли Сиёвуш аст; гӯяндагон Авазро ба Рустам монанд мекунанд, ӯ мисли Рустам Ватанро дифоъ менамояд; сарояндаи достон, ки Соқӣ аст, бо думбураи (дутори) худ достонро месарояд; духтарон ва занони ҳамосаи «Гӯрғулӣ» ба монанди Гурдофрид ва мисли занони «Самаки айёр» далеру нотарс ҳастанд; худро ба қаландар монанд кардани Гӯрғулӣ ба тарзҳои тағйири чеҳра кардани шахсиятҳои романи «Самаки айёр» монанд аст ва ғайра.

Нигаред низ

вироиш
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 24-25. — 280 с.

Адабиёт

вироиш
  • Болдырев А. Н. Новые страницы о таджикских поэмах «Гуругли» // Инқилоби маданӣ, 1933, № 10-11-12;
  • Болдырев А. Н. Eposi dahanakiji Toçikiston. // Барои адабиёти сотсиалистӣ, 1934, № 11-12;
  • Болдырев А. Н. К фольклору Таджикистана. Предварительные данные об эпической традиции ӯ таджиков. Эпизод из похождений Авазхана, приёмного сына Гуруглы // Труды таджикской базы АН СССР. Т. 3. М.- Л., 1936;
  • Болдырев А. Н. Устный эпос Таджикистана // Дружба народов, 1939, № 9;
  • Мирзоев А. Дар бораи эпоси «Гӯрӯғлӣ» // Шарқи Сурх, 1940. № 1;
  • Гӯрӯғлӣ. Эпоси халқи тоҷик. Ҷ. 1. Гӯянда Қурбон Ҷалил. Сталинобод, Ҷ. 1. 1941;
  • Брагинский И. С. Заметки о таджикской эпосе «Гуруглы» // Краткие сообщения Института востоковедения АН СССР, 1953. Вып. 9;
  • Гӯрӯғлӣ. Достони баҳодури Чамбули Мастон. Гӯянда Қурбоналӣ Раҷаб. Навиштагирандагон: М. Холов ва Қ. Ҳисомов.. Ҷ. 2. Д., 1963;
  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб (Дар асоси материали фолклори Сари Хосор). Д., 1963;
  • Нальский Я. Гомер наших дней. (Хикмат Ризо). // Комсомолец Таджикистана, 1966, 6 март;
  • Аминова С. Бозёфт. // Садои Шарқ, 1968. № 3;
  • Фатҳуллоев С. Гуруғлигӯйҳои тоҷик ва адабиёти китобӣ. // Фолклори тоҷик (Материал ва маколаҳо). Ҷ. 1. Д., 1973;
  • Достони қаҳрамонони Чамбули Мастон. Гӯянда Ҳақназар Кабуд. Д., 1976;
  • Брагинский И. С. Таджикский народный эпос «Гуругли». // Исследования по таджикской культуре. М., 1977;
  • Аъзамова М. Эпитет в таджикской эпической поэзии. Автореферат диссертации на соискание ученой степени канд. филол. наук. Д., 1996;
  • Афсонаҳои халқи тоҷик. / Бозгӯи: Р. Амонов. Д., 2001;
  • Аъзамова М. Таджикская традиционная культура в контексте мировой цивилизации. // Духовная культура таджиков в истории мировой цивилизвции. Д., 2002;
  • Муродов Ф. Воситаҳои тасвири бадеӣ дар ҳамосаи «Гӯрӯғлӣ». Д., 2006;
  • Куллиёти фолклори тоҷик (Ҳамосаи Гӯрғулӣ). Гӯянда: Одина Шакар). Ҷ. 7. Д., 2007;
  • Муродов Ф. Ғайбзод, Пури гӯр, Гӯрзо, Гўрӯғулӣ // Адабиёт ва санъат. 2009, 19 ноябр;
  • Раҳмонов Р. (Равшан Раҳмонӣ). О таджикском народном героическом эпосе. // Central Asia and Heroic Epics. Korea: Kangnam University, 2009;
  • Асрориён Ҷ. Гӯрғулӣ (Гузориш ва нигориш). Д., 2010.

Сарчашма

вироиш