Чоршанбе Аловатов
Чоршанбе Аловатов (зод. 7 феврали 1998, ноҳияи Шуғнон, ВМКБ, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, барандаи ҷоизаи асосии озмуни Истеъдодёбии Осиёи Марказӣ (2019)[1].
| |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 7 феврал 1998 (26 сол) |
Зодгоҳ | Шуғнон, ВМКБ, Тоҷикистон |
Солҳои фаъолият | 2011 — то ҳол |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Гурӯҳ | Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Барандаи ҷоизаи асосии озмуни Central Asia’s Got Talent |
Зиндагинома
вироишЧоршанбе Аловатов 7 феврали соли 1998 дар хонадони мусиқидон ва овозхон Ақназар Аловатов[2] дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 2005 ба мактаби миёнаи № 9-и шаҳри Хоруғ ба номи Алиназар Ақризобеков рафт ва то соли 2008 таҳсилро дар ин мактаб идома дода, ҳамзамон дар Мактаби мусиқии ба номи Қурбон Ноёбшоеви шаҳри Хоруғ таҳсил кард. Аз моҳи сентябри соли 2009 таҳсилро дар мактаби миёнаи № 2-и шаҳри Хоруғ идома дод. Чоршанбе Аловатов моҳи ноябри соли 2010 ба Душанбе омада, аз соли 2010 то соли 2014 дар мактаби рақами 72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳсил кардаст[3].
Азбаски Чоршанбе Аловатов ба мусиқӣ шавқи зиёд дошт, пас за хатми синфи 9 дар соли 2014 ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 2018 онҷоро дар бахши овозхонӣ хатм кард.
Пас аз хатми коллеҷ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуда[3], дар соли 2021 факултаи сайёҳӣ ва меҳмондории ин донишгоҳро хатм кардааст.
Корнома
вироишАз соли 2018 дар Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон ба ҳайси овозхон кор мекунад[4]. Дар аксари чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ сафарҳои ҳунарии берун аз Тоҷикистон, аз ҷумла дар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбакистон, Туркманистон, Белорус ва Русия ширкат карда, фарҳанги миллии Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст[4].
Таронашиносӣ
вироиш- 2019 — Табиби моҳир (бозхонии суруди Орун Афшор)
- 2020 — Масти ту ҳастам (тарона ва оҳанги Самандар Пулодов)
- 2020 — Гул дона-дона (таронаи мардумӣ)
- 2020 — Танҳо дар ёд — (бо Мадина Акназарова, тарона ва ҳанги гурӯҳи Парем)
- 2021 — Дилбар (тарона ва оҳанги Чоршанбе Аловатов)
- 2021 — Попурӣ (шеъри Саъдӣ ва оҳанги мардумӣ)
- 2021 — Медонӣ ё не (тарона ва оҳанги Толибшоҳ Саодатқадамов)
- 2021 — Меёбӣ маро (тарона ва оҳанги Чоршанбе Аловатов)
- 2023 — То само (тарона ва оҳанги Чоршанбе Аловатов)
- 2023 — Аз куҷоӣ (тарона ва оҳанги Чоршанбе Аловатов)
- 2023 — Афсона шав (шеъри Мавлоно ва оҳанги Самандар Пулодов)
Ҷоизаҳо
вироиш- 2011 — дипломи ҷои аввали озмуни «Овози тиллоӣ», дар жанри «Фалак»;
- 2014 — дипломи озмуни Фестивали истеъдодҳои ҷавон дар шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт»;
- 2017 — дипломи ҷои аввали озмуни «Парвин» дар бахши овозхонӣ[3];
- 2019 — дипломи ҷои аввали озмуни «Bob Music Awаrds 2019» барои «Беҳтарин овоз»[3];
- 2019 — дипломи озмуни «Тоҷикистон, Ватани азизи ман»;
- 2019 — барандаи ҷоизаи асосии озмуни «Central Asia’s Got Talent» ва 10 миллион тангаи қазоқӣ, дар байни 4 кишвари Осиёи Марказӣ[5][6][7];
- 2021 — барандаи ҷоизаи TОП-50.
Эзоҳ
вироиш- ↑ СУРАТ-ДАЛЕЛ. Чоршанбе Аловатов – ғолиби мутлақи шоу-озмуни Central Asia’s Got Talent(тоҷ.). АМИТ "Ховар" (23 Декабри 2019). 23 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 Декабри 2019.
- ↑ Чоршанбе Аловатов. Детство, начало карьеры, путь к успеху. Конкурс Central Asia's Got Talent. Информационное агенство Авеста.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Аловатов гуфт, дар даври ниҳоии озмуни Central Asia Got Talent ба кадом забон месарояд(тоҷ.). Sputnik Tajik (21 Декабри 2019). 23 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ 4.0 4.1 Чоршанбе Аловатов.Чӣ гуна як ҷавони тоҷик сарояндаи шинохтаи озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид?. Садои Душанбе (2 ноябри 2023). 20 ноябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Чоршанбе бо шоҳҷоизаи Central Asia's Got Talent ба Душанбе баргашт. САДО, АКС(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 23 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Чоршанбе Аловатов аз Тоҷикистон ғолиби Central Asia's Got Talent | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). asiaplustj.info. 23 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Чоршанбе Аловатов завоевал Гран-при Central Asia's Got Talent. vfarhang.tj. 13 ноябри 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 ноябри 2023.