Шозлӣ Бинҷадид

(Тағйири масир аз Шадли бин Ҷадид)

Шадли бин Ҷадид ( ар. شاذلي بن جديد‎ тав. 14 апрели соли 1929, Бутелҷа, дар наздикии Аннаба - 6 октябри 2012) - Президенти Алҷазоир аз соли 1979 то 1992 . Ӯ дар натиҷаи табаддулоти низомӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандии Алҷазоир барканор карда шуд .

Шозлӣ Бинҷадид
ар. شاذلي بن جديد
9 феврал 1979 — 11 январ 1992
Пешгузашта Рибоҳ Битот
Ҷонишин Абдулмалик бин Ҳабилес
Таваллуд 14 апрел 1929(1929-04-14)[1][2][3][…]
Даргузашт 6 октябр 2012(2012-10-06)[4][1][3][…] (83 сол)
Ҳизб
Эътиқод ислом ва суннӣ
Ҷоизаҳо
ордени Шери сафед Ордени «Хосе Мартӣ» National Order of Merit
Навъи артиш French Army[d]
Рутба полковник
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Президентӣ (1979-1992)

вироиш

Шадли бин Ҷадид аз 9 феврали соли 1979 президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, котиби генералии Ҷабҳаи озодии миллй (ҶОМ) , сарфармондеди олии қувваҳои мусаллаҳ ва вазири мудофиаи миллй буд. Ӯ дар солҳои 1984 ва 1988 дубора президент интихоб шуд. Аз ноябри соли 1988 вай инчунин сарвари Ҷабҳаи озодии миллӣ буд. Бин Ҷадид ҳамчун президент дахолати давлатро ба иқтисодиёт кам карда, назорати давлатиро аз болои аҳолӣ, ки дар шароити диктатураи якҳизбии ҶОМ тамоми соҳахои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифтааст, суст кард. Аммо дар охири солҳои 80-ум аз сабаби паст шудани нархи нафт, ки маҳсулоти асосии экспорти Алҷазоир аст, вазъияти иктисодй бад шуд. Ин боиси эътирози зидди сиёсати иҷтисодии президент гардид; Соли 1988 ошубҳо дар Оран, Аннаба ва дигар шаҳрҳои бузург аз ҷониби полис бераҳмона пахш карда шуда, садҳо нафар кушта шуданд. Бин Ҷадид даъват кард, ки ба демократияи бисёрҳизбӣ гузарад. Ин раванд дар авохири соли 1991, замоне мутаваққиф шуд, ки Ҷабҳаи Наҷоти Исломӣ дар даври аввали интихоботи чандҳизбӣ пирӯз шуд ва низомиён даври дуввумро лағв карданд. Пас аз ин Бин Ҷадид аз вазифааш дур карда шуд ва дар Алҷазоир ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Кӣ кист дар сиёсати ҷаҳонӣ / Кравченко Л.П - М.: Политиздат, 1990. - С. 54
  • Африқо. Маълумотномаи энциклопедӣ. Т.1 А-К / Гол. ред. Громыко - Москва: Энсиклопедияи советӣ, 1986 - С.323
  • Бинҷадид Шадли. Мардум ва сиёсат // Замони нав. - 1979
  • Бинҷадид Шадли. Маълумоти биографӣ // Известия. — 22 январи соли 1984