Шарифбек Азизӣ
Шарифбек Азизӣ — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2007)
Шарифбек Азизӣ | |
Таърихи таваллуд: | 24 апрел 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Дарвоз |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишШарифбек Азизӣ 24 апрели соли 1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд ёфтааст. Соли 1981 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, барои кор ба Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст. Аз январи соли 1982 то июни 2010 дар мақомоти милитсияи кишвар ифои вазифа намудааст. Майори мустаъфии милитсия мебошад. Ба саҳнаи адабиёт аз охири солҳои навадуми асри мозӣ ворид омадааст ва дар муддати кӯтоҳе худро чун қаламкаши касбӣ муаррифӣ намудааст.
Эҷодиёт
вироишАввалин қиссаи ӯ «Ҷосус» дар давоми моҳҳои ноябри соли 2001 — июни 2002 дар сию чор шумораи ҳафтаномаи «Озодӣ ва инкишоф» дастраси хонандагон гардидааст. Маҷмӯаи аввалини навиштаҳояш «Дурахши алмос», ки қиссаҳои моҷароии «Ҷосус» ва «Дурахши алмос»-ро дар бар мегирад, соли 2004 интишор ёфтааст. Соли 2005 маҷмӯаи дувуми осораш «Порикоб» — қиссаҳои моҷароии «Оҳ, Тамара!», «Пораи қанд» ва «Порикоб»-ро дастраси ҳаводорони муаллиф гардонидааст. Маҷмӯаи савуми нависанда «Парвоз» соли 2007 аз чоп баромадааст. Соли 2012 порае аз қиссаи детективии ӯ «Кунҷи нигоҳ» дар маҷмӯаи дастҷамъии «Наврӯзи мо», соли 2013 порае аз романи «То реша дар об аст..» дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№ 9) ба табъ расидаанд. Соли 2013 романи «Сангчарх»-ашро (дар ҳамқаламӣ бо бародараш Ҳокими Азиз) пешкаши хонандагон намудааст. Дар навиштаҳояш асосмандона собит намудааст, ки нафси баду мансабхоҳию вазифаталошӣ, булҳавасию фориғболӣ оқибати шуме дошта, одамонро то курсии ҷиноят мебаранд.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 29 ISBN 978-99947-2-379-9