Зариф Шарифов

(Тағйири масир аз Шарифов Зариф)

Зариф Раҳмонович Шарифов (зод. 15 декабри 1949, деҳаи Саръёзии Миёнаи ноҳияи Кӯлоб) — иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (2009), профессор (2010), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2009), аъзои вобастаи Академияи байналхалқии илмҳои ташкилӣ (2010).

Зариф Шарифов
Зариф Раҳмонович Шарифов
Таърихи таваллуд 15 декабр 1949(1949-12-15) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Институти иқтисодии Академияи илмҳои ҶТ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1966—1968 дар Техникуми хоҷагии қишлоқи ба номи В. И. Ленини ноҳияи Мастчоҳ, 1968—1972 дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1972—1974 ҳамчун лаборанти калон, 1974—1975 ходими хурди илмии сектори самаранокии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Институти иқтисодии Академияи илмҳои ҶТ фаъолият дошт. Солҳои 1975—1978 дар аспирантураи Институти иқтисодии АИ ҶШС Тоҷикистон таҳсил намудааст. Соли 1978 лаборанти калони илмии сектори самаранокии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Институти иқтисодии АИ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1978—1979 ходими хурд, 1979—1983 ходими калони сектори номбурдаи Институти иқтисодии Академияи илмҳои ҶТ, 1983—1985 муаллими калон ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, 1985—1993 мудири кафедраи мазкур, 1993—1996 декани факултети иқтисодӣ, 1996—1999 муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва робитаҳои хориҷӣ, 1999—2002 роҳбари Идораи барномарезӣ, иқтисоду молияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2002—2007 муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007—2008 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф буд. Аз соли 2008 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи 5 рисолаи илмӣ, беш аз 30 китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, зиёда аз 140 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқотҳояш сариштакорӣ ва тақсимоти даромад дар хоҷагиҳо, муносибатҳои бозоргонии комплекси агросаноатӣ, ташаккули механизмҳои хоҷагидорӣ дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ, иқтисодиёти давраи гузариш, ислоҳоти соҳаи маориф ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоиро дар бар мегирад. Дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои маъёриву ҳуқуқии ислоҳоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007—2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007—2009, Стандартҳои давлатии таҳсилоти мактабҳои олӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ бевосита иштирок намудааст. Айни ҳол раиси Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ оид ба илмҳои географияи донишгоҳи омӯзгорӣ, аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии Пажӯҳишгоҳи хоҷагии қишлоқи Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, аъзои раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барои хидматҳояш дар рушди илму маориф бо ордени «Шараф» (1999) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998) сарфароз карда шудааст.

Сарфаю сариштакорӣ дар колхозҳо, Д., 1983; Такмили тақсимоти даромад дар колхозҳо, Д., 1987; Ҳисоби хоҷагӣ ва пудрати иҷора дар хоҷагии қишлоқ, Д., 1993; Муносибатҳои бозоргонӣ дар комплекси агросаноатӣ (Дастури таълимӣ), Д., 1994; Ҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар корхонаҳо (Дастури таълимӣ), Д., 2000; Ислоҳоти маориф: пешравӣ, мушкилот ва пешниҳодҳо, Д., 2007; Дастур барои бурдани ҳисобдории бухгалтерӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2007; Асосҳои иқтисоди бозор ва ташаккули механизми хоҷагидорӣ дар КАС, Д., 2008; Моликият ва шаклҳои он дар шароити иқтисодиёти гузариш // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи иқтисодиёт, № 1(5), 2002; Риояи манфиатҳои субъектҳои бозори суғурта — омили асосии рушди суғурта дар хоҷагии қишлоқ // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи иқтисодиёт, № 1-2 (25- 26), 2007.

Пайвандҳо

вироиш