Иттифоқи композиторони Тоҷикистон
Итттифоқи композиторони Тоҷикистон — ташкилоти ихтиёрии ҷамъияти эҷодии композиторон ва мусиқишиносони ҷумҳурӣ, ки бо мақсади инкишоф додани беҳтарин анъанаҳои мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик, аз бар намудани бойгарии қимматбаҳои мусиқии классикии Ғарбу рус ва беҳтарин осори мусиқии ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.
Таърих
вироишИК Тоҷикистон соли 1940 таъсис ёфт ва раиси Кумитаи ташкилии он С. А. Баласанян интихоб гардид. Анҷумани якуми ИК Тоҷикистон соли 1948 барпо шуд, ки он Раёсати (Правленияи) ИК Тоҷикистонро интихоб кард. То солҳои 90-уми а. XX 8 анҷуман шуда гузашт: 1948, 1956, 1962, 1966, 1970, 1976, 1981, 1987, органи иҷрояи он Раёсат мебошад. Композиторон С. А. Баласанян, А. Ленский, С. А. Баласанян, Фазлиддин Шаҳобов, С. А. Баласанян, Зиёдулло Шаҳидӣ, С. А. Баласанян,Ш. Сайфиддинов, С. А. Баласанян, Дамир Дӯстмуҳаммадов, дар солҳои гуногун раиси Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
Дар 25 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 анҷумани Иттифоқи композиторони Тоҷикистон шуда гузашт, ки композиторон
- Дамир Дӯстмуҳаммадов (1992—1998),
- Талабхӯҷа Сатторов(1998—2001),
- Аслиддин Низомов (2001—2007),
- Қудратулло Ҳикматов (2007—2016),
- Шуҳрат Ашуров (2016) раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб шуданд.
29 апрели с. 2017 Анҷумани XIV ғайринавбатӣ баргузор гардид, ки Хуршед Низомов раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.[1]
Дар замони Шӯравӣ дар назди Шуъбаи тоҷикистонии Иттифоқ фонди ҷумҳуриявии мусиқии ИҶШС мавҷуд буд, ки ба кори эҷодӣ ва ташвиқи асарҳои композиторон ёрии моддӣ мерасонд. Дар таърихи 1 январи соли 1988 41 нафар композитор узви ИК Тоҷикистон буд. То соли 1990 аз композиторон 3 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон мушарраф гаштанд. Аз ҳисоби композиторон 1 нафар лауреати Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва 3 нафар лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон ҳастанд.
Вале бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) кори ИКТ ранги дигар гирифт. Чунон ки дар пешгуфтори китоби «Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон» (2011) омадааст:
«Бо пош хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттифоқи Советӣ, иттифоқи ягонаи композиторон низ аз байн рафт. Бо мурури замон баъзе композиторон фавтидаанд ва иддаи дигаре ҷумҳуриро тарк намудаанд. Дар чунин вазъ Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ки дар ибтидои давраи Истиқлол нисбатан хеле камшумор ва заиф шуда буд, аз сари нав қомат афрохт. Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватан, ҳисси ватанпарварию ҳувияти миллии композиторон ва мусиқишиносони эҷодкор боло рафта, тадриҷан сафи узви Иттифоқ пурратар гардида, потенсиали эҷодии ин ташкилот барқарор шуда истодааст».— Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. Душанбе,2011
Дар 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ИКТ тавонист маълумотномаи ИК Тоҷикистонро бо забони русӣ («Композиторы Таджикистана», 2010) дар ҳаҷми 312 саҳ. ва ҳамин маълумотномаро соли 2011 бо забони тоҷикӣ дар ҳаҷми 187 с. чоп кунад, ки дар ин китобҳо дар бораи 86 нафар композиторону мусиқишиносони гузаштаву муосир маълумот дода шудааст. Асарҳои эҷодкардаи онҳо бо солҳои эҷодашон номбар шудаанд. Мураттибон дар бораи ҳаёту фаъолияти эҷодии ҳар як композитор ё мусиқишинос маълумоти муфассал додаанд. Яъне композиторону мусиқишиносони тоҷик дар 27-соли истиқлоли давлатӣ асарҳои зиёде дар жанрҳои гуногун эҷод намудаанд: асарҳои симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хорӣ, эстрадӣ-симфонӣ, камеравӣ-созӣ, консерту контата, увертюраву сюита, достону оратория, суруду романс, ҳамчунин китобҳои илмию дарсӣ ва ғ. Дар ин давра операҳои «Умари Хаём»-и Фирӯз Баҳор, «Амир Исмоил»-и Толиб Шаҳидӣ, «Шайхурраис Сино»-и М. Бафоев ва балети бачагонаи Амирбеки Мусо «Афсонаи ҷангалӣ» эҷод шуданд.
Аз аъзои ИКТ 7 нафар бо Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (Хайрулло Абдуллоев, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Фаттоҳ Одина, Талабхӯҷа Сатторов, Қудратуллоҳ Яҳёев, Саидқул Билолов, Файзалӣ Ҳасанов) ва 3 композитор (Шарофиддин Сайфиддинов, Абдураҳмон Тошматов, В. Абдураҳмонов) бо Мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ қадрдонӣ шудаанд. 3 композитор бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқӣ ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон (А. Абдурашидов, С. Билолов, Ф. Ҳасанов) ва 11 нафар узви ИКТ бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон (собиқ Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон) — А. Солиев, А. Раҷабов, Т. Сатторов, Қ. Яҳёев, Ҷ. Обидпур, Ф. Азизӣ, З. Миршакар сарфароз гаштаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Итттифоқи композиторони Тоҷикистон (ИКТ) дар тарбияи ходимони ҷавони фарҳанги мусиқӣ, сайқал додану ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии касбии онҳо кумаки амалӣ мерасонад. Бо муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва ташкилотҳои фароғатӣ, театриву консертӣ ва дигар коллективҳо алоқаи мустаҳкам дошт, дар назди онҳо бо барномаҳои консертӣ аз асарҳои композиторони тоҷик мунтазам баромад мекарданд. Дар соли 2018 47 нафар композиторон ва мусиқишиносон узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд ва онҳо бо ҳисси ватандӯстӣ ва зебоипарварӣ мусиқии касбии композитории тоҷикро содиқона ва сарбаландона рушду такомул медиҳанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.160-162. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)