Шаҳрчаи Ҳалқаҷар
Ҳалқаҷар - шаҳраки кушонии мансуб ба асри II-III мелодӣ, дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон воқеъ гаштааст.[1]
Таърих
вироишИн шаҳрча дар аввали пайдоиши давлати Кушониён сохта шуда, тамоми биноҳояш ба он давра мансубанд. Аввалин сохтмони шаҳр аз давраи Кудҷула Кадфиз оғоз меёбад. Шаҳрча дар шафати деҳаи Сарбанд ҷойгир буда, он давраҳо онро аз тарафи шимолу шарқӣ дарёи Вахш, аз ҷануб сойи баланд ҷудо карда, қисми ғарбиашро девори баланди хиштин иҳота мекардааст. Масоҳати шаҳрча тахминан 3-4 гектар буда, гирду атрофи он аз 1000 гектар зиёд буда, 25 деҳаи хурдро дар бар мегирифтааст. Худи шаҳрча маркази иқтисодию сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Дар шаҳрча хумдони калон, ибодатхонаи ҳаҷман 30х40 метр, дӯконҳои бофандагӣ, заргарӣ ва пулсикказанӣ ҷойгир буданд. Сокинони шаҳрча бо роҳи хушкӣ ва обӣ ба дигар шаҳрҳо алоқа доштанд. Аз эҳтимол дур нест, ки маҷрои дарёи Вахш дар даврони гузаштааш ба маҷрои ҳозирааш не, балки ба назди шаҳрчаи имрӯзаи Хуросон (Уялӣ) мегузашт. Тахмин аст, ки ин маҷро тезобии обро нигоҳ дошта, барои заврақронӣ мусоидат мекард. Тангаҳои аз шаҳрча ёфтшуда давраи Кушонӣ буда, ба тангаҳои ёфтшудаи аҳли Кушонии Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Миёна монандӣ доранд. Ҳалқаҷар ёдгории машҳури тарихиест дар ноҳияи Хуросон, ки ба давраи кушониёни бузург, ба асрҳои II-III-и милодӣ тааллуқ дорад. Шаҳристони мазкур дар тарафи рости шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, дар назди фарози мавзеи Сарбанд, болои теппа воқеъ аст. Аслан ба мавзеи имрӯзаи Уялӣ (деҳаи Хуросон) бодиққат назар андозед, бараъло мебинед, ки он дар гузаштаи қадим ҷои об будааст. Рӯди Вахш таг-таги теппаҳои имрӯза ҷараён дошт ва аз ин ҷиҳат қасру кӯшк ва қалъаҳоро низ дар лаби дарё месохтанд. Бо мурури замон дарё маҷрои худро дигар карда, алҳол қариб ду фарсах дуртар аз он куҳандиз ҷорист. Дар Ҳалқаҷар бостоншиносон ковишҳои зиёде гузаронида, осори зиёди пурқимате дарёфт намудаанд. Дар бораи Ҳалқаҷар, аҳамияти он Бобоҷон Ғафуров дар асараш «Тоҷикон» низ маълумот додааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Хуросон. 17 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 апрели 2018.