Шаҳёда Шарипова (тав. 3 октябри 1998, деҳоти Сарикиштӣ, ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон) — шоири ҷавони тоҷик.

Шаҳёда Шарипова
Тахаллусҳо: Шаҳёд
Таърихи таваллуд: 3 октябр 1998(1998-10-03) (26 сол)
Зодгоҳ: деҳоти Сарикиштӣ, ноҳияи Рӯдакӣ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Шаҳёда Шарипова 3 октябри соли 1998 амоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи ашхоси бофарҳанг ба дунё омадааст[1]. Падараш ронандаи одӣ буд, вале ба мутолиаи китоб шавқи зиёд дошт. Соли 2016 пас аз хатми МТМУ № 74-и ноҳияи Рӯдакӣ[2], дар аввал ҳуҷҷатҳояшро дар бахши тарҷумонии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода месупорад, аммо сар карда аз курси 2, бинобар сабаби аз хурдӣ доштани орзуи рӯзноманигор будан, ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мегузарад ва дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил мекунад[3].

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Аҳли хонаводаи онҳо ҳама шеърдону шеърхон буданд, маҳз ҳамин муҳит ӯро боис ба шеър гуфтани ӯ гардид. Аввалин шеърашро дар сини 14 солагӣ дар бораи модараш навишта буд, аммо дар ҷойе чоп нашуд.

Солҳои 2014 ба маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Хайрандеш рафта[2], онҷо қалами ӯро шоир Хайрандеш хеле рост кард. Баъдан дар машварати Гулрухсор буд, ки ӯ низ барояш ҳарфҳои хуб гуфта ва барои давоми роҳ орзуи мувафақият карданд[3].

Дар шумораи моҳи июни маҷаллаи «Паёми Суғд» ашъори Шаҳёда интишор шуд. Ба назари мухлисони шеър ва коршиносони соҳаи адабиёт, бо вуҷуди ҷавонӣ ӯ шеъри бенуқсону комил мегӯяд. Тавре шоира Адибаи Хуҷандӣ навиштааст: «Ашъори Шаҳёда пур аз гулҳои садбаргу савсан, лолаву настарани бадеъият ва эҳсосоти дилошӯби ҷавонист»[1].

Намунае аз ашъор

вироиш

То кунун шеърҳояш асосан дар матбуот, аз ҷумла дар «Адабиёт ва санъат» ва «Паёми Суғд» нашр шудаанд.

Эй он ки мисли руҳ ба ҷонам дамидаӣ,
Умри манӣ, аз они манӣ, нури дидаӣ!
Дар фасли баргрезу заволи дарахтҳо,
Ҳамчун гули умед баногаҳ расидаӣ.
Бе ту тамоми сония дар инҷимод буд,
Яъне набуд ҳеч навиде, падидае!
Эй беҳтарин баҳона барои намурданам,
Дар чашми ман муҳаббати дилро ту дидаӣ.
Шукри Худои ишқ, ки ҳамқисмати манӣ,
Хушҳолам ин ки ишқи маро баргузидаӣ.

Пайвандҳо

вироиш