Шералӣ Хайруллоев
Шералӣ Хайруллоев (Хайруллоев Шералӣ Хайруллоевич; тав. 8 ноябри 1949, ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон) — ходими низомӣ ва давлатии тоҷик, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2013)[1], генерал-полковник (1999).
соли 1995 — 19 ноябри 2013 | |
Ҷонишин | Шералӣ Мирзо |
1988 — 1995 | |
Таваллуд |
8 ноябр 1949 (75 сол) |
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо | |
Рутба | Сипаҳсолор |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишШералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ
вироишАз соли 1970 то 1977 дар вазифаҳои Ёвари сардори шуъбаи молияи қ/ҳ 6604-и шаҳраки Паймаи поёни кишвари Красноярск, Сардори шуъбаи молияи қ/ҳ 6694 шаҳри Қизили РАСС Тува, Сардори хадамоти хӯроквории қ/ҳ 6700 кишвари Красноярск, Муовини командири қ/ҳ 6694 шаҳри Қизили РАСС Тува фаъолият намудааст[2].
Солҳои 1977-1988 дар вазифаҳои Муовини сардори профилакторияи муолиҷавию кории Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, Сардори муассисаи ислоҳотию кории №3/5-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, Сардори муассисаи №3/7-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, Муовини сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1988—1995 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1995—2013 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
25 январи 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъйин гардид[3].
Унвону ҷоизаҳо
вироишРутбаи ҳарбии генерал-полковник дошта, бо ордени Ситораи Президент дараҷаи II, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оила
вироишОиладор, падари се фарзанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ. Радиои Озодӣ. 7 ноябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www.president.tj. 7 ноябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъйин намудани Хайруллоев Ш.(тоҷ.). www.president.tj. 7 ноябри 2017 санҷида шуд.